Рӯзи 4 марти соли 2022 мулоқоти кории директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ Ронни Ҳайне баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот намояндаи ваколатдорро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин, иброз дошт, ки пешбурд ва густариши робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва бунёдҳои шарик яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ ба ҳисоб меравад.
Ҷаноби Ронни Ҳайне барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ дар бораи барномаи омӯзишиву таҳқиқотии намояндагии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ иттилоъ ироа намуда, таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунӣ мақсади асосии Бунёд пешбурди робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Бунёд мақсад дорад, ки бо марказҳои бонуфузи зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои судманди илмию таҳқиқотиро ба роҳ монад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами минтақа, махсусан дурнамои вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Дар охир ҷонибҳо дар вазъияти тантанавӣ ҷиҳати ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотӣ меморандум имзо карданд.
Дар мулоқот намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Икромов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов, сардорони раёсатҳо, мутахассисон ва коршиноси Марказ ва роҳбари барномаҳои Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов иштирок доштанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои байналмилалӣ анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон