30 январи соли 2025 мулоқоти муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ораз бо намояндагони Маркази тадқиқоти шарқии ба номи Марк Карп (Лаҳистон) таҳти сарварии Кшиштов Страхота, ки роҳбарии гурӯҳи Туркия, Қафқоз ва Осиёи Марказиро ба зимма дорад, баргузор гардид.

Нахуст, муовини якуми директори Марказ Муртазозода Ораз меҳмонро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ ба ҳамтои лаҳистонӣ маълумоти муфассал ироа намуд.

Дар навбати худ, Кшиштов Страхота барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, дар бораи сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лаҳистон ибрози назар намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмию пажуҳишии марказҳои зеҳнии ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои вазъи минтақавию байналмилалӣ, авлавиятҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед