Санаи 6 феврали соли 2025 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо директори бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии “Синхуа” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Юй баргузор гардид.
Хайридин Усмонзода директори Марказ ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ миёни Марказ ва ниҳодҳои тадқиқотии Чин дар сатҳи назаррас ба роҳ монда шудааст.
Дар навбати худ, Ҷао Юй аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи фаъолияти бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии “Синхуа” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин маълумоти муфассал ироа намуд. Номбурда ҳавсмандии ҷониби Агентиро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти нашр ва паҳни маводҳои таҳлилӣ бо Марказ таъкид намуд.
Баъдан ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистону Чин мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва бахши Осиёи Марказии Агентии давлатии иттилоотии “Синхуа” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба густариши минбаъдаи равобити Тоҷикистон ва Чин мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот директори Агентии “Синхуа” қайд намуд, ки соли равон Саммити Чин+Осиёи Марказӣ (5+1) дар ш. Остонаи Ҷуммҳурии Қазоқистон Саммити Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Чин таҳти раисии Чин баргузор мегардад. Вобаста ба ин, изҳори хоҳиш шуд, ки бо Марказ дар бозтоби иттилотии чорабиниҳои мазкур ҳамкории қавӣ сурат бигирад.
Дар мавриди худ, директори Марказ қайд кард, ки 10 октябри соли 2025 таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ш. Душанбе баргузор мегардад. Ҳамзамон, 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба “Ҳифзи пиряхҳо” бо ҷалби коршиносону таҳлилгарон доир мешавад. Дар ин маврид, мусоидати иттилоотии Агентии “Синхуа” дар муарифии раванди нишастҳои мазкур муҳим арзёбӣ мегардад.
Мулоқот дар руҳияи самимӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон