Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов солиёни зиёд дар мақомоти қудратии Тоҷикистон содиқона хизмат кардааст ва бо як қатор мукофотҳои давлатӣ сазовор гардидааст. Бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода аз 11 ноябри соли 2021, №706 полковники мустаъфӣ Зубайдулло Давлатов бо нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.

Имрӯз, 20 декабри соли 2021  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар ҷаласаи ҳайати кормандони Марказ нишони сарисинагии номбурдаро ба таври тантанавӣ ба афсари содиқи Ватан Зубайдулло Давлатов супорид.

Ҳайати кормандони Маркази Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори муҳтарами худ Зубайдулло Давлатовро ба муносибати сазовор гардидан ба нишони  сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ифтихори “30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрику муборакбод намуда, барояшон дар ҷодаи хизмати содиқона ба халқу Ватан комёбиҳои нав ба нав хоҳонанд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед