Имрӯз 08.09.2022, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ барои тақдими мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чаласа бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари корӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ, Одинаев Амин ва сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳоирушди соҳавӣ, Имомназари Каримиён бо медали «Хизмати шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одинаев Амин ва Имомназар Каримиёнро ба муносибати сарфароз гардидан бо медали “Хизмати шоиста” табрику муборакбод намуда, барояшон дар ҷодаи хизмати содиқона ба халқу Ватан комёбиҳои нав ба навро таманно намуданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед