Солҳои охир доираҳои мухолифин батадриҷ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ин шабакаҳоро ба минбари асосии худ табдил додаанд. Ва гуфтан метавон, ки шабакаҳи иҷтимоӣ ягона минбару майдони фаъолияти онҳо боқӣ мондааст, зеро онҳо на дар Тоҷикистон – миёни сокинони кишвар ва на берун аз давлат – миёни муҳоҷирини тоҷик ҳамчун ҷамъияти созанда ва давлатмеҳвар мавриди эҳтиром қарор нагирифтанд.

Ин аст, ки “Гуруҳи 24” рӯзи 14 марти соли 2022 бо нашри як изҳорот хабар дод, ки фаъолияташро дар Русия қатъ мекунад. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар яке аз кишварҳои аз лиҳози фарогирии шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик асосӣ, яъне Русия, гурӯҳҳои мухолиф натавонистанд ба ҳадафҳои худ бирасанд. Зеро дигар нафаре ба доми фиребу ангезаҳои онҳо фирефта шуданӣ нест. Ва ин ҳанӯз оғози кор аст, зеро ба эҳтимоли зиёд онҳо дар кишварҳои Аврупо низ яке паси дигар ба истилоҳ “курпаву болини худро ҷамъ хоҳанд кард” ва дунболи кофтани хоҷагони нав хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, ки мухолифин дар ҳар як давру замон дар ҳар кишвари дунё дилхоҳ вазъиятро мехоҳанд сад дар сад ба фоидаи худ истифода бубаранд. Вале ин шеваи фаъолияти мухолифин чандон нав нест. Дар давраҳои ҳасоси паҳншавии каронавирус низ чунин усулҳои муборизаи иттилоотии онҳ баръало мушоҳида мешуд.

Он замон дар матлабҳои омоданамудаи онҳо роҷеъ ба вазъи кишвар, ки ба шакли навишторӣ ва ё паёмҳои савтию тасвирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе сомонаҳои ғаразнок нашр мешуд, ягон эҳсоси ғамшарикӣ ва ҳамдардӣ ҳатто нисбати наздикони худ дар Тоҷикистон дида намешуд. Тамоми навиштаҳояшон аз рӯи як хатти сюжет пеш мерафт (албатта, ҷои тааҷҷуб ҳам нест, чунки аз як манбаъ идора мешаванд ва ба як ҳадаф нигаронида шудаанд). Чунин ба назар мерасид, ки ҳар рӯз бесаброна мунтазир буданд, то хабарҳои нав дар бораи мубталошавӣ ва ҷон бохтани теъдоди бештари ҳамватанонро шунаванду сипас иддаоҳои бепояи худро боз такрор намоянд: “ҳукумат вазъиятро дуруст дарк намекунад”, “ҳукумат фалон оморро пинҳон мекунад”, “ҳукумат хизматрасонии тиббиро хуб ба роҳ намондааст”, “коронавирус дар Тоҷикистон фоҷеа меорад”, “тибқи пешбинии фалон созмон, фалон миқдор одамон мемиран” ва ғайра.

Он гунае, ки тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо низ дида мешавад, мухолифин гӯё “мавриди таҳлил қарор дода”, бо ин мардумро бо ҳар гуна афкори тахаюлӣ дар тарсу ҳарос қарор дода истодаанд. Ва ё ин ки то ҳол ба таври ҳадафмандона вазъи Бадахшонро ҳассос арзёбӣ мекунанд, ки хеле боиси таассуф аст.

Дар муноқишаҳои марзие, ки дар Ворух чандин бор рух доданд, бо тоҷикистониён будани мухолифин умуман дида нашуд. Баръакс, боз ба танқиди Ҳукумат пардохтанд. Имрӯзҳо низ дар расонаҳои гуногун маълумот пахш карда истодаанд, ки ба мардуми Ворух мақомот зулму ситам мекунанд. Яъне шеваи амалкардаи мухолифин дар дилхоҳ масъала як хел аст, бояд ба ҳама чизи мусбат чашм пӯшанд ва асосеро барои танқиди Ҳукумат пайдо кунанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳони имрӯза бе мухолиф нест. Аммо мухолифат ҳам фарҳанге ва одобе дорад. Имрӯзҳо вақте сомонаҳои интернетии мухолифони кишварҳои гуногунро баррасӣ мекунем, мебинем, ки тақрибан садои мухолифат боқӣ намондааст. Ҳатто сарсахттарин мухолифин дар тундравтарин сомона ва расонаҳои худ манфиатҷӯии сиёсиро як тараф монда, оид ба ягонагӣ ва мубориза ҳарф мезананд. Мухолифин ин ҳукумат аз саросари дунё бо ирсоли паёмҳо ба ҳамватанони худ ҳамдардӣ баён мекунанду аз Ҳукумат пуштибонӣ менамоянд. Радиову телевизионҳо ва расонаҳои мухолиф гӯё ба расонаҳои давлатии он кишварҳо табдил ёфтаанд. Ин расонаҳо, ки дар гузашта доим ҳукуматҳои кишварҳои худро танқид мекарданд, имрӯзҳо баръакс, бо Ҳукумат ҳамкорӣ менамоянд. Аз ҳама муҳиммаш онҳо барои дилсард кардани мардум аз ҳукумат ва паҳн кардани нобоварӣ дар дили мардум нисбат ба амалкарди ҳукумат талош намекунанд, зеро медонанд, ки ин, на танҳо бар зарари ҳукумат, балки бар зарари худи мардум низ ҳаст.

Аммо чанд фард ва гурӯҳи пурғараз аз ҳамватанони мо, ки худро дар кишварҳои аврупоӣ ба хотири ёфтани сарпаноҳ худро “мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон” муаррифӣ кардаанд, бе доштани камтарин огоҳӣ аз “маданияти мухолифат” ва дур аз ойину одобу фарҳанги мухолифати сиёсӣ, дар дилхоҳ рӯзҳои хушиву душвори кишварамон, ки иттиҳоди миллӣ ва ваҳдат миёни мардум ва ҳукумат хеле ва хеле зарур аст, шабу рӯз ба ихтилофангезӣ, дурӯғпароканӣ ва дилсард кардани мардум машғул меашаванд.

Бояд бигуем, мардуми мо зиракии сиёсии баланд дорад, ин кирдорҳои онҳоро бахубӣ дарк намудааст ва медонанд, ки ҳадаф ва мароми онҳо бар зидди сиёсати давлату ҳукумат равона гардидааст, инчунин афкору ақидаҳояшон беш аз тундравӣ ва ғараз доштан дигар чизе нест.

Тағоймуродзода Некрӯз,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабини сиёсати дохилӣ

Чоп кунед