Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон дар раванди муқовимат бо вабои аср ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовар, кишвари пешсаф мебошад. Зимни  суханронии худ Пешвои миллат дар Конфронси  байналмилалӣ  дар мавзуи «Мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он» моҳи майи соли 2018 зарурати муборизаи  дастаҷамъона бо ин  падидаи  номатлубро бори дигар таъкид намуданд.

Пешвои  муаззами  миллат вазъи мураккаби ҷаҳонро ёдовар шуда, зикр намуданд, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои  нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Ҳамзамон, Пешвои миллат доир  ба фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён, оқибатҳои  ногувори  сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ пайдо намудани чунин амалҳои таҳрибкорона  ва  дарёфти  решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки  чунин таҳдиду хатарҳо дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб тамоми давлатҳои  ҷаҳонро дар бар мегирад. Қайд кардан  ба маврид аст, ки террорист ватан, миллат, мазҳаб  надорад ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб  фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст. Бо ҳадафҳои пасипардагии ифротгароён аз наздик шинос аст, хисороти  моливу ҷониеро, ки дар заминаи ба сари мардум бор намудани андешаву равияҳои ифротгарову бегона, ки аз берун идора карда мешуданд, аз сар гузаронидааст ва ҳамаи инро Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намудаанд.

Чуноне ки маълум аст, солҳои охир интиқоли шумораи муайяни аъзои шабакаи байналмилалии террористӣ, аз ҷумла, созмони бо ном «Давлати Исломӣ» ба қаламрави Афғонистон барои ноором кардани минтақа равона шудааст. Инчунин, зикр  кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин хотир ва бо дарназардошти аҳамияти истиқрори  сулҳу  суботи  пойдор дар Афғонистон барои амнияти тамоми минтақа, аз иқдому талошҳои созандаи Ҳукумати ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода комилан пуштибонӣ менамояд. Ҳамзамон, қазияи Афғонистон на танҳо хоси ин кишвар  ё  минтақа, балки дорои хусусияти глобалӣ мебошад, ки мардуми дӯсту ҳамсояи моро  ҳамчун ҷабрдидаи ин бозиҳои сиёсӣ ва қурбони кашмакашиҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯи террористиву экстремистӣ арзёбӣ менамоянд.

Масъалаи  дигари  ташвишовар ин аст, ки  маблағгузории  терроризм ва экстремизм  аз  гардиши  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар   сурат мегирад. Хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  низ яке аз омилҳои асосии мусоидаткунандаи терроризм арзёбӣ гардидаанд.

Вобаста ба дарки  хатарҳои  глобалии  гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар  дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ  иқдому талошҳои  Ҳукумати Тоҷикистон хеле зиёданд. Зикр кардан  ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин самт низ корҳои мушаххасро анҷом дода, ҳанӯз соли 1999 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми  ваколатдори  соҳа  таъсис дода  шуда, дар соли 2013 «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020» таҳия ва қабул гардидааст.

Албатта, таъсис ва қабули чунин ниҳод ва стратегияҳо, намунаи дар сафи пеши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор  доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Далели гуфтаҳои мазкур тайи 28 соли сипаришуда аз муомилоти ғайриқонунӣ баровардани зиёда аз 125 ҳазор тонна маводи нашъаовар, коҳиш ёфтани қоҷоқи маводи мухаддир тавассути Тоҷикистон, зиёда аз ду баробар кам шудани шумораи шаҳрвандони  кишвар, ки бо ин амал дар хориҷ ва дохили ҷумҳурӣ дастгир  шудаанд, то  шаш баробар кам шудани миқдори мухаддироти аз онҳо мусодирашуда мебошад.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат, тақвияти раванди мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор, таҳкими сарҳади давлатӣ, расонидани мусоидат ба кишварҳое, ки дар саргаҳи мубориза бо чунин зуҳуротҳои номатлуб, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор доранд, амри зарурӣ номида, дар ин замина чанд пешниҳоди  мушаххасро низ баён  намуданд. Аз ҷумла, зарурати таъсисёбии гурӯҳи  хоссаи  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  кишварҳои “Масири шимолӣ” бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷалби коршиносони марбута  ҷиҳати  гузаронидани  тадқиқоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъсиси  Маркази зидди  мухаддиротии Созмони Ҳамкории  Шанхай  дар  шаҳри  Душанбе ва ғайра.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зикр намудаанд, ки «Маҳз бо ҳамин мақсад ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид мекунам, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар ҳамеша омода бошанд. Зеро тибқи маълумоту далелҳои аниқе, ки мо дар даст дорем, боқимондагони нерӯҳои радикаливу террористӣ, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бо кумаку дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки онҳоро амалӣ созанд». Ба ибораи дигар, ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, бо чунин падида ва унсурҳои номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ бояд ҳамаи мо  дастаҷамъона  мубориза барем.

Саодат Содиқова,

мутахассиси пешбари

Раёсати омӯзиши масъалаҳои

 амнияти минтақавии

Маркази тадқиқоти  стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед