Муборизаҳои иттилоотӣ, ки дар ҷаҳони муосир ҳамчун ҷангҳои иттилоотӣ ҳам ном бурда мешаванд, имрӯз ба як амали муқаррарие дар пиёда сохтани сиёсати дохилию хориҷии тамоми давлатҳо табдил ёфтаанд. Ин падида ба он вобастааст, ки ҷаҳони имрӯза воқеан ҳам ба як ҷомеаи бузурги итттилоотӣ мубаддал гардида, ҳақиқати ба ҳама маълумро дар бораи он, ки «Ҳар кӣ иттилоотро соҳибӣ мекунад, ӯ оламро соҳибӣ мекунад», як амри воқеӣ гардонидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб сиёсати иттилоотии ҳар як кишвар ҳатто зиёдтар аз татбиқи иқтисодиёти рақамӣ метавонад рушди сиёсӣ, моддӣ ва иҷтимоии онро таъмин созад. Дар баробари ин, танҳо таъмини амнияти иттилоотӣ кафолати онро медиҳад, ки амният дар тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат устувор карда шавад.
Ҳангоме ки дар бораи мубориза ё ҷанги иттилоотӣ сухан меравад, қабл аз ҳама бо моҳияти ин мафҳумҳо дар фаҳмиши анъанавии онҳо, ки тавассути манбаъ ва маъхазҳои кушода дастрас мебошанд, ошноӣ пайдо кардан зарур аст. Ҷанги анъанавӣ, чунонки аз сиёсатшиносӣ ва илмҳои дигари иҷтимоӣ маълум аст, ин низоъ байни сохторҳои сиёсию иҷтимоӣ, аз қабили давлат, қавмҳо, гуруҳҳои сиёсӣ ва амсоли он тавассути истифода аз қувваҳои мусаллаҳ аст. Тибқи таърифи машҳури назариётчӣ ва муаррихи ҳарбии пруссиягӣ Карл Филипп Готтлиб фон Клаузевитс (1780–1831) «ҷанг ин идомаи сиёсат бо воситаҳои дигар» буда, ба ҳайси восита дар он муборизаи муташаккилу мусаллаҳона, инчунин василаҳои иқтисодӣ, дипломатӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ нақши муҳим мебозанд, ки ҳама дар якҷоягӣ барои дастрасӣ ба ҳадаф ва натиҷаҳои сиёсӣ нигаронида шудаанд. Аз ин таъриф дар баробари шарҳи моҳияти ҷанг ҳамчунин бармеояд, ки дар ҳама гуна ҷангҳо, ҳатто дар даврони қадимтарин дар тамоми гӯшаву канори олам, муборизаи иттилоотӣ қисми ногусастании онҳо будааст, ки аз нақши беандоза муҳимми иттилоот дар чунин муборизаҳо дар ҳар давру замон ва дар ҳар фазову макон шаҳодат медиҳад.
Муборизаи иттилоотӣ ё ҷанги иттилоотӣ низ тамоми хусусиятҳои ҷанги анъанавиро фаро мегирад, вале он баъзе махсусиятҳои худро низ дорад. Аз ин рӯ, ҷанги иттилоотӣ дар илм асосан дар ду тафсир маълум аст, ки тахминан ҳаммаъноянд: 1) раванди муқовимати байниҳамдигарии умумиятҳои (ё ҷамъияту гуруҳҳои) инсонӣ, ки барои бадастории ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва мақсадҳои дигари стратегӣ тавассути таъсиррасонӣ ба аҳолии осоишта, ҳокимият ва қувваҳои мусаллаҳ нигаронида шуда, аз василаҳое чун интишори иттилооти махсусан интихобшуда ё омодакарда ва муҳофизати худ аз чунин иттилооти аз ҷониби тарафи даргир тайёршуда истифода мебарад; 2) фаъолияти мақсаднок барои бадастории бартарияти иттилоотӣ тавассути расонидани хисорот ба иттилоот, равандҳои иттилоотӣ ва низомҳои иттилоотии тарафи муқобил ва ҳамзамон, муҳофизат кардани иттилоот, равандҳои иттилоотӣ ва низомҳои иттилоотии худӣ. Муборизаи иттилоотӣ ё ҷанги иттилоотиро баъзан ҷанги психологӣ низ меноманд, зеро он ҳамеша таъсиррасонии равониро ба аҳолии осоишта, ҳокимият ва қувваҳои мусаллаҳ дар назар дорад.
Дар баробари ин, баъзан ҷанги иттилоотиро ҳамчун навъи амалиёти ҷангӣ медонанд, ки дар он объекти асосии таъсиррасонӣ ин иттилооте мебошад, ки аз ҷониби низомҳои идоракунӣ, иктишофӣ, ҳарбӣ ва сохторҳои дигари тарафи даргир ҳифз карда мешавад ё дар онҳо гардиш мекунад.
Қобили зикр аст, ки вобаста ба рушди бесобиқаи технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ ва интишори хеле ҳам васеи шабакаҳои интернетӣ дар даҳсолаҳои охир ду мафҳуми дигаре дар илм интишори зиёд пайдо намуданд: ҷанги шабакавӣ ва ҷанги иттилоотии шабакавӣ. Ҷанги шабакавӣ (сетевая война; Netwar) ин низои ғоявию маънавиест, ки дар сатҳи фарогири тамоми ҷомеа сурат гирифта, тавассути василаҳои иртиботии интернетӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ҷанги иттилоотии шабакавӣ низ ҳамин маъниро дошта, бо сабаби он, ки таъсиррасониҳо ба тамоми сохторҳои асосии ҷомеа тавассути технология ва методҳои шабакавӣ сурат мегиранд, чунин номгузорӣ шудааст.
Дар бораи назарияи ҷангҳои иттилоотӣ сухан гуфта, дар маҷмуъ зикр мегардад, ки беш аз ҳама мутахассисони ИМА, Россия ва Чин, аз қабили Ричард Шафрански, Расторгуев С.П., Ван Пуфэн ва дигарон онро коркард намудаанд. Дар асоси коркардҳои онҳо ва маълумоти дигари дастрас дар поён дар бораи моҳияти муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ ва таърихи онҳо чанд андешае оварда шудааст.
Оид ба моҳияти муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ дар ҷаҳони муосир сухан ронда, бояд ба эътибор гирифт, ки онҳо ҷузвҳои таркибии ҷангҳои анъанавии иттилоотиро бо як қатор тағйиру дигаргуниҳо ба мерос гирифтаанд. Ҷангҳои анъанавии иттилоотӣ бошад, аз чунин ҷузвҳо иборат буданд: 1) амалиёти психологӣ – истифодаи иттилоот барои таъсиррасонӣ ба душман: 2) ҷанги электронӣ барои мамониати душман аз қабули иттилооти дақиқ; 3) интишори иттилооти бардурӯғ дар бораи қувваҳо ва мақсадҳои худ; 4) харобсозии ҷисмонии низомҳои иттилоотии рақиб; 5) андешидани тадбирҳои амниятӣ барои дасстрасӣ пайдо накардани душман оид ба имконот ва мақсадҳои худ; 6) ҳуҷумҳои иттилоотӣ тавассути таҳриф намудани иттилоот ва ғайра. Бояд таъкид намуд, ки навъи чоруми ин воситаҳои анъанавиро дар муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ на дар худи объекти мавриди назар дар шакли ҷисмонияш, балки тавассути истифодаи барномаҳои хакерию харобсозии маҷозӣ анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин, ба муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ баъзе хусусиятҳои дигари ҷангҳои анъанавии иттилоотӣ низ таъсири худро расонидаанд. Аз ҷумла, дар чунин муборизаҳо интиқоли ҳуҷумҳои ғасбгарона аз миқёси ҳарбӣ-ҷуғрофӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ сурат гирифта, вале зарари он заррае ҳам кам нагардидааст. Ҳамзамон, нақши шабакаҳои мухталифи иттилоотӣ дар барангехтани низоъҳо боло бурда шуда, бо истифода аз онҳо таъсири идеологияи ҷомеаҳои муосири индустриалию постиндустриалӣ ба ҷомеаҳои анъанавӣ пурзӯр гардидааст. Ҳамаи ин ба он мусоидат намуд, ки аломатҳои ҳуҷумҳои ғасбкорона ҳангоми муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ номаълум боқӣ монда, натиҷаи чунин муборизаҳо бебозгашт гардонида шаванд (яъне, ҷомеаҳое, ки дар таҳти таъсири меъёрҳои бегона қарор мегиранд, дигар имконияти бозгашт ба вазъи пешини худро аз даст дода, ихтиёран ба сохтори аз тарафи ғасбкорон муқарраршуда ворид мегарданд).
Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки дар назарияи ҳарбӣ муборизаҳои иттилоотии шабакавиро насли ҳафтуми ҷангҳо медонанд, ки на танҳо рушди бесобиқаи технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ ва интишори хеле ҳам васеи шабакаҳои интернетиро бо сабаби афзалият доштанашон аз болои воситаҳою захираҳои моддӣ истифода мекунанд, балки ба омилҳои зерин ҳам такя менамоянд:
– дастовардҳои илми психология дар соҳаи омӯзиши рафтори одамон ва тарзи идоракунии ҳавасмандсозии онҳо, ки имконияти таъсиррасонӣ ба гуруҳи бузурги одамонро тавсеа бахшиданд:
– коркарди воситаҳои ғайриқатлӣ, ки навъҳои анъанавии силоҳро иваз намуданд ва ғайра.
Дар умум, муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ хусусияти муқобилияти стратегии иттилоотӣ дошта, ҳадафи асосии худ чунин объектҳоро бо тартиби муҳиммияташон қарор медиҳанд: роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбӣ; низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин; инфрасохтор; аҳолӣ; қувваҳои мусаллаҳ. Зимни муборизаҳои иттилоотӣ таъсиррасонӣ ба вазъи ахлоқию равонии ин объектҳо тарзе ба роҳ монда мешавад, ки на танҳо мардуми муқаррарӣ, балки мақомоти махсус ҳам наметавонанд дар ибтидо ҷой доштани чунин ҳуҷумҳои иттилоотиро ошкор созанд.
Муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ дар ҷаҳони муосир тавассути роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо ва истифода аз усулу воситаҳои гуногун сурат мегиранд. Яке аз тадбирҳои асосии чунин муборизаҳо ин ташкили муҳит ва фазои холӣ аз маънавиёт ва ахлоқ мебошад, ки ба таври автоматӣ ба ташаккули муҳиту фазои мусоид барои барангехтани низоъҳои мухталиф оварда, нуфузи ҳокимияти давлатиро коҳиш медиҳад. Дар чунин муҳит идоракунии манипулятивии афкори ҷамъиятӣ ва самтгириҳои сиёсии гуруҳҳои иҷтимоӣ бо мақсади бунёди вазъи муташанниҷи сиёсӣ ва бенизомӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, муносибатҳои сиёсӣ байни ҳизбҳо, иттиҳодия ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ тезутунд гардонида мешаванд, ки ҳадаф аз он низ барангехтани низоъҳо, ба вуҷуд овардани вазъи ногувори нобоварӣ ба ҳамдигар ва бадгумониҳо нисбат ба якдигар мебошад.
Тадбирҳои дигаре, ки ба муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ хоссанд, инҳо аз тезутунд намудани муборизаҳои сиёсӣ ва ба бор овардани амалҳои репрессионӣ дар нисбати мухолифин ба шумор мераванд. Дар идеал чунин муборизаҳо ба ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеа нигаронида мешаванд. Барои сар задани низоъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, задухӯрдҳои байни миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун низ ташкилкунандагони муборизаҳои иттилоотӣ хеле манфиатдоранд.
Дар раванди муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳар чӣ коҳиш дода шуда, ба ин васила қабули қарорҳои муҳим аз ҷониби онҳо душвор гардад. Ба замми ин, ба аҳолӣ итилооти бардурӯғ дар нисбати мақомоти давлатӣ пешкаш гардида, нуфузи онҳо дар назди шаҳрвандон паст ва обрӯи онҳо доғдор карда мешавад.
Барои расидан ба ҳадафҳои худ ташкилкунандагони муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ барои баргузор намудани ҳар гуна аксияҳои мухолифат, корпартоӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва тадбирҳои дигари амсоли он иқдом менамоянд. Дар баробари ин, тамоми қувва ба он равона карда мешавад, ки ба манфиатҳои давлат дар муҳимтарин соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, иҷтимоӣ ва ғайра ҳар чӣ бештар хисорот ворид карда шуда, ҳатто нуфузи байналмилалии давлат халалдор гардад.
Дар маҷмуъ, муборизаҳои иттилоотӣ ба вайрон сохтани арзишҳои дар ҷомеаи мушаххас қабулшуда, идоракунии манипулятивии шуури ҷамъиятӣ, фардӣ, таҳмил намудани ҳадафҳои бегона нигаронида шуда, ҳам дар шароити ҷангӣ ва ҳам дар замони осоишта корбаст мегарданд. Инчунин, дар муборизаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла дар шакли шабакавияшон аз тамоми воситаҳо истифода бурда шуда, ба ягон меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад.
Методҳои ҷузъии муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ низ дар рафти ташкил ва роҳандозии онҳо хеле зиёд мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ҷумлаи чунин методҳо муҳимтаринашон инҳоянд: тамаркуз додани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ҳодисаҳои камаҳаммият; ҳар чӣ бештар додани иттилооти манфӣ, зеро одамон ба он нисбат ба иттилооти мусбат бештар таваҷҷуҳ доранд; иқтибос аз таҳқиқоти сотсиологию маркетингие, ки нодуруст ё ба таври ғаразнок гузаронида шудаанд; манъ кардани расонидани баъзе иттилооте, ки барои мардум муфид аст; истифода аз чунин иттилооте, ки ҳамчун «бомба» (ба таври фаврӣ самара медиҳад) ё «мина» (тадриҷан ба ҳадаф мерасад) дар ҳолатҳои зарурӣ хидмат менамояд ва ғайра.
Тамоми усулҳои дар боло зикршуда гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки интишори иттилооти бардурӯғ яке аз рукнҳои асосии муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ дар замони муосир маҳсуб аст. Бо ҳамин сабаб имрӯз дар баробари ҳифзи иттилооти худ ва интишор намудани иттилооти барои худ зарурӣ миёни дигарон, инчунин муҳофизат аз иттилооти нодаркор низ ба як унсури муҳимми таъмини амнияти ҳар як давлат мубаддал гаштааст. Дар шароити муосир ба эътибор бояд гирифт, ки технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ, махсусан шабакаи интернетӣ, ҳудудҳои давлатиро дар олами маҷозӣ аз миён бурда, имконияти хеле васеи ҳуҷуми маргборро ба рақибон бе истифода аз воситаҳои анънавии қатл фароҳам сохтаанд. Иттилоот бошад, имрӯз василаи марговартарин барои барбод додани амнияти миллию давлатии халқҳои олам ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳангоми муқобилият ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳатман он принсипе, ки ҳанӯз муаррихи ҳарбии пруссиягӣ Фон Клаузевитс барои тарзи бурдани ҷанг муайян карда буд – «вақтро аз даст надодан» – дар замон ва макони худ ба таври хеле пурсамар истифода карда шавад.
Ба ҳамин тариқ, муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ зодаи замони наванд, вале решаҳои онҳо аз давраҳои хеле қадим об мехӯранд. Аз ин рӯ, доштани маълумот дар бораи таърихи чунин муборизаҳо омодагии ҳар як шахсро барои муҳофизат аз онҳо қавитар месозад.
Таърихи ҷангҳои иттилоотӣ дар даврони атиқа реша дошта, муҳаққиқон мисолҳои гуногунро дар бораи корҳои тарғиботӣ дар самти болобарии рӯҳияи аскарони худ ва ё баръакс, паст кардани рӯҳия ва ахлоқи душман дар ин даврон зикр кардаанд. Дар Чини қадим бошад, дар рисолаи «Саншилю тсзи мибэн тситсзе» («Китоби махфии сию шаш стратагема бо тафсири онҳо») ба таври маҷозию ташбеҳӣ ва ба таври схематикӣ дар гексаграммаҳо чунин ҳадафҳои стратегие тафсир шудаанд, ки моҳияти ҳарбӣ дошта, иттилооти онҳо барои ба иштибоҳ андохтани рақиб нигаронида шудааст: «Дар шарқ ғавғо бардошта, дар ғарб ҳуҷум кардан», «Аз ҳеч чиз ягон чизе баровардан», «Худро аблаҳ нишон додан, вале ақлро гум накардан» ва ғайра. Аммо нишонаи якуми сабтшудаи ҷанги иттилоотӣ ахбори бардурӯғеро дар матбуоти англисӣ медонанд, ки тибқи он ҳангоми ҷанги Қрим байни Россия ва Туркия (1853-1856) гӯё артиши русӣ аскарони захмишудаи туркро, ки дар баҳр афтода, роҳи наҷот меҷустанд, парронда бошад. Худи истилоҳ – ҷанги иттилоотӣ бошад, нахустин бор аз ҷониби муҳаққиқи канадагӣ М. Маклюэн соли 1970 мавриди истифода қарор гирифтааст.
Новобаста аз он, ки истилоҳ дертар пайдо шудааст, вале ҳанӯз дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз соли 1914 Британияи Кабир паҳн намудани варақаҳои таблиғотиро тавассути тайёраҳо миёни артиши олмонӣ истифода карда, баъд аз маълум шудани самаранокии чунин фаъолият, мақомоти махсус барои таҳияи иттилоот ташкил намуд. Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муборизаҳои иттилоотиро ба воситаи шабакаҳои радиоӣ ва матбуот пурзӯр сохт. Вале бештар аз ҳама дар ташкили ҷангҳои иттилоотӣ ИМА муваффақ гардид. Аз соли 1956 дар ҷанги Корея ва баъдтар дар ҷанги Ветнам ин давлат ҷангҳои психологиро роҳандозӣ намуда, дар соли 1992 бори аввал истилоҳи «ҷанги иттилоотӣ»-ро ба таври расмӣ ба доктринаҳои ҳарбии худ ворид сохт. Ҷанги иттилоотии электронӣ низ дар соли 1999 аз ҷониби ИМА дар Югославия корбаст гардида, минбаъд ба муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ асос гузошт. Ҳоло ба ҳайси воситаҳои фаъолтарин дар чунин муборизаҳо матбуот, телевизион ва радио, инчунин тамоми сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода карда мешаванд.
Бо моҳият ва таърихи муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ мухтасаран ошноӣ пайдо карда, бояд ба эътибор гирифт, ки донишҳо дар бораи чунин муборизаҳо танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонанд муфид бошанд: аввалан, бояд шахс ҷаҳонбинии комилан ташаккулёфтаи илмӣ дошта бошад. Дуюм, бояд мавқеи шаҳрвандии шахс устувор бошад, калаванда набуда, танҳо дар мавридҳои зарурӣ баъд аз санҷиши воқеият ба мавқеи дурусттар гузарад. Сеюм, дар муқобили ҳар гуна иттилооти нодуруст ё иғвоангез шахс истодгарӣ карда тавонад ва чунин маълумотро ба дигарон низ тавонад бифаҳмонад. Аз ҳама муҳим он аст, ки шахс ватану кишвари худро дӯст дорад, манфиатҳои миллат ва давлати худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад. Танҳо чунин шахс метавонад, ки дар муқобили ҳар гуна муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ, ки имрӯз ҳар дақиқаву ҳар соат роҳандозӣ карда мешаванд, иммунитети мустаҳками иҷтимоӣ дошта бошад.
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор, директори
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон