Аз санаи 11 октябри соли 2021 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кишварҳои Аврупо сурат гирифт. Бояд таъкид намуд, ки ин сафар бо ташаббуси Президенти Фаронса ва сарварони Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, дар рафти он Пешвои миллат якчанд мулоқоту вохӯриҳоро бо сарварони сиёсии Аврупо анҷом доданд. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки сабаби даъвати кишварҳои Аврупо барои ин мулоқоту вохӯриҳо мавқеи ҳамаҷониба санҷидашуда ва устувори давлати мо ва Сарвари он дар робита ба мушкилоти минтақа, хусусан вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.
Пешвои миллат дар ин ташрифи худ барномаи хеле ғаниву гуногунсоҳаро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла, зимни сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия санаи 11 ва 12 октябри соли 2021 мулоқоташон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё ва Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл сурат гирифт. Инчунин мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала баргузор гардиданд.
Дар таърихи 13 октябри соли 2021 бошад, сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса оғоз гардида, зимни он вохӯрию мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ва Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше доир гардиданд.
Зимни мулоқоту вохӯриҳо масъалаҳои гуногун оид ба робитаҳои дуҷониба ва серҷониба баррасӣ гардиданд, вале ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса карда шуд. Аз ҷумлаи натиҷаҳои ин мулоқоту вохӯриҳои Пешвои муаззами миллат чунин нуктаҳои муҳимро оид ба масъалаи Афғонистон зикр кардан зарур аст:
– талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути тадбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардиданд;
– аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд;
– оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодули афкор сурат гирифта, қайд гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад;
– махсусан таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад;
– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд;
– ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд;
– ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набуда, имрӯз барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар Афғонистон дахолати тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид зарур аст;.
– таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад ва ғайра.
Қобили зикри хос аст, ки мавқеи кишвари мо оид ба ҳамаи ин масъалаҳо, ки асоси сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар самти ҳалли қазияи Афғонистон ташкил медиҳанд, дар байни сиёсатмадорони сатҳи баланди Белгия, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо ҳамовозӣ пайдо карда, дастгирӣ ёфт.
Дар қатори симои сиёсии Тоҷикистон зимни ин сафарҳои Пешвои миллат фарҳанги миллати мо низ дар сатҳи баланд ба мардуми аврупоӣ муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифта, дар он осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. Дар умум, тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо карданд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод – “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Албатта, буданд як тӯдаи бехабарон, ки мехостанд аз ин воқеаи муҳимми сиёсӣ истифода бурда, худро нишон диҳанд ва ғаразҳои шахсии худро амалӣ созанд. Вале, хушбахтона, ба иқдомҳои беасосу пурғарази онҳо, аз ҷумла дар Фаронса, Полша ва Литва ё аз ҷониби ҳукумати ин кишварҳо иҷозат дода нашуд, ё онҳо аз ҷониби мақомоти расмӣ ва мардуми ин кишварҳо дастгирӣ наёфтанд. Ҳамаи ин нишон дод, ки тири душманони миллати тоҷик бори дигар дар Аврупо хок хӯрд.
Дар маҷмӯъ, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва чорабиниҳое, ки дар доираи он баргузор гардиданд, нишон доданд, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузи мақоми баланд дошта, қодир аст, ки дар ҳалли масъала ва мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад. Ин ташрифи Пешвои миллат симои сиёсӣ ва фарҳангии кишвари моро дар сатҳи хеле олӣ ба оламиён муаррифӣ намуда, боз як даричаи навро ба сӯи Аврупо барои мардуми Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ боз намуд.
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон