Ҳукумати кишвар доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ буда, доир ба таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон, бахусус баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Имрӯз натанҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба рушди бахши хусусӣ ва нақши он афзалият медиҳад ва ин фаъолиятро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми пешрафт эътироф менамояд.

Тибқи маълумот ҳоло дар кишварҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафта, ҳиссаи соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар ММД 50-60 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ин рақам дар Британияи Кабир-51%, Олмон-53%, Финляндя-60%,  Нидерландия-63% ва Россия -22 фоизро таҳкил медиҳад. Пешбинӣ шудааст, ки ин рақам то соли 2025 то ба 40 фоиз наздик мешавад.

Аз рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ то кунун, масъалаи ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва самоягузорӣ яке самтҳои муҳимми сиёсати ислоҳот дар кишвар мо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақши муҳим доштани соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, бахусус дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ин бахши муҳими иқтисодиётро дар ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда рост меоянд,

Бо ин мақсадҳо то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи онҳо зиёда аз 3 баробар афзоиш додани ММД, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, зиёда аз 2 баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.

Рақамҳои баёнгардида бешубҳа баёнгари он аст, ки ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои умда қарор доранд.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар гардидаистодааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола шумораи субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2022 тақрибан 340 ҳазор ададро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба соли 1991 тақрибан 42 маротиба зиёд мебошад. Танҳо дар пашҷ соли охир шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар маҷмуъ 55,3 ҳазор ё 19,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин давра, ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ аз 30 фоизи соли 1998 то ба 70 дарсад дар соли 2022-ум ё 2,3 маротиба зиёд гардидааст.

Зикр кардан ба марид аст, ки дар шароити иқтисодӣибозорӣ таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муйянгардида дар баробари рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба ҷалби сармоя низ вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар қадаре, ки сармоя зиёд ҷалб карда шавад, ҳамон андоза кафолати рушди миннбаъдаи иқтисодиёти кишвар таъмин хоҳад гашт.

Ҳоло дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди фаъолият кафолат дода мешавад. Ҳамзамон, сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади худро бо асъори хориҷӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ доранд ва ҷиҳати анҷом додани дигар амалиёти асъорӣ барои онҳо кафолати қонунӣ пешбинӣ карда шудааст. Илова бар ин, алҳол дар мамлакат ҷиҳати таъмини заминаи устувори амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ механизми баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, ки дорои имконияти пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмӯъ, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Ин гуфтаҳо бешубҳа байнгари мутобиқ будани қонунгузории кишвар дар самти сармоягузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар заминаи шароитҳои фароҳамгардида Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишнома ба имзо расонад.  Илова бар ин, танҳо дар давоми даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвари дар ҳаҷми беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он зиёда аз 44 миллиард сомониро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Аммо ин нишодиҳандаҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва раванди ҳадафҳои гузошташуда, бахусус саноатикунонии босурати кишвар, коркарди ҳар бештари ашёи хоми кишоварзӣ ва саноатии дорои арзиши баланд, инчунин тадбиқи васеи иқтисодӣ сабз қонеъкунанда нест. Яъне раванди дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя вобаста ба вазъ ва рушди муносибатҳои бозорӣ дар кишвар талаб мекунад, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад.

Дар ин раванд, мунтазам ташкилу баргузор намудани форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ ва дигар ҳамоишу чорабиниҳои марбут ба соҳа аз ҷумлаи омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад солҳои охир як қатор чунин чорабиниву ҳамоишҳои сатҳи миллӣ ва байналмиллӣ дар кишвар ташкилу баргузор карда шудаанд. Дар ин раванд «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» бо ҷалби доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷиро метавон ном бурд.

Мунтазам ташкилу баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин заминаи воқеӣ хоҳад гузошт:

  • муаррифии самтҳои фзалиятноку ояндадори соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ бо зерсоҳаҳои худ дар кишвар барои сармоягузорӣ;
  • тақвияти муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон;
  • густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва бахусус, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат хоҳад кард;
  • ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ. Дар ин замина, танҳо тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2025 дар иқтисодиёти кишвар беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад;
  • ҷалби созмонҳо ва ширкатҳои бузурги сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар;
  • ба имзо расонидани санаду созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ. Танҳо дар доираи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Созишномаи ҳамкорӣ ҳаҳҷми 10 миллион доллар ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон дар соли 2023-ум дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон наздик ба 40 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 2,6 миллиард доллар ба имзо расонида шуд;
  • таъмини мубодилаи афкор доир ба таҷрибаи пешқадами шарикон, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, тақвият бахшидани раванди ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамгироии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳон;
  • муаррифии иқтидор ва дастовардҳои истеҳсолии кишвар, инчунин муаррифии шарту шароит ва имкониятҳои фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт;
  • афзоиши шумораи корхонаҳои муштарак. Ҳоло дар кишвар танҳо дар якҷояги бо Федератсияи Россия зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи беш аз 100 миллиарл рубл мавриди тадбиқ қарор дорад.

Хулоса, ба андешаи мо, мунтазам ташкилу баргузор намудани форуму ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои иқтисодии марбут ба муаррифи имкониятҳои сармоягузориву соҳибкорӣ бешубҳа ба ҷалби ҳарчи бештари сармоя, бахусус сармояи мустақим ва дар ин замина, расидан ба мақсаду ҳадафҳои гузошташуда ва дар маҷмӯъ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид.

Одинаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед