Дар замони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо як падидаи иҷтимоию иқтисодӣ набуда, балки яке аз зуҳуротҳои ҷаҳони глобалӣ ба шумор меравад. Ин раванд яке масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб рафта, нақши он дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҳатто дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос карда шуда, ба ҳаёти минбаъдаи наврасону ҷавонон таъсири худро мегузорад.

Доир ба теъдоди умумии муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, таркиби иҷтимоии онҳо, дараҷаи маълумотнокӣ ва касбу кори онҳо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, ки ин омил ба раванди омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, таҳлил ва баррасии масъалаи таъсири раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла ба раванди таҳсилот ва ташаккули маънавиёти наврасону ҷавонон дар шароити имрӯза аҳамияти муҳим пайдо намудааст.

Ҳарчанд, ки миқдори муайяни муҳоҷирон маълум нест, вале аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии кишвар миқдори муҳоҷирон ба қайд гирифта мешаванд. Аз рӯи маълумоти ин мақомот, дар соли 2016 аз ҷумҳурӣ 517 308 нафар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 435 457 нафарро мардон ва 81 851 нафарро занон ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони мо, асосан ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон сафар менамоянд.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Агар аз як тараф ба беҳтар гардидани шароити моддӣ ва баланд гардидани маҳорати касбию ҷаҳонбинии муҳоҷирон мусоидат намояд, аз тарафи дигар таъсири он ба раванди таълиму тарбияи фарзандони онҳо мерасад.

Чи хеле  ки маълум аст, имрӯз қисми зиёди аҳолии кишварамон, ки дар шароити деҳот умр ба сар мебаранд, бевосита бо корҳои хоҷагии деҳқонӣ, нигоҳубини чорво ва мардикорӣ машѓул мебошанд. Қисми асосии аҳолие, ки имрӯз ба муҳоҷират рӯ овардаанд, мардони синну соли қобили меҳнат мебошанд, ки аксарият сардори хонавода ба ҳисоб мераванд. Аз сабаби ба муҳоҷират рафтани сардорони хонавода ҳамаи он корҳои вазнини ҷисмоние, ки дар хоҷагии оила мавҷуданд, ба зиммаи занону кӯдакони онҳо гузошта мешавад, ва ин метавонад, ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ба кӯдакони онҳо таъсир расонад. Зеро онҳо дар вақти набудани сардорони хонавода ва ё шахси дигари калонсол ба корҳои гуногуни хоҷагӣ машѓул мешаванд ва аз набудани калонсолон истифода бурда, диққати худро ба корҳои дигар равона месозанд. Дар ин ҳолат аксарияти кӯдакони оилаҳои осебпазир бо баҳонаи набудани шароит ба таҳсил фаро гирифта намешаванд. Набудани назорат аз тарафи калонсолон ва, пеш аз ҳама, аз ҷониби падар, бештар ба писарбачаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Созмони муҳоҷират зимни омӯзиши масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар таъкид карда буд, ки кишвари бегона ва муҳити фарҳангии бегона метавонад, баъзе муҳоҷирони меҳнатиро аз оила бегона созад. Ҳарчанд, ки солҳои пеш аз ҷумҳурии мо бештар мардон ва ҷавонписарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ҳоло ба муҳоҷират рӯ овардани занону  модарони тоҷик низ зиёд гардидааст. Яке аз натиҷаҳои муҳоҷирати занону модарони кишвар, дар байни наврасону ҷавонон зиёд шудани ҷинояткорӣ ва дур мондани онҳо аз таълиму тарбия мебошад. Солҳои пеш, замоне, ки муҳоҷирони меҳнатӣ фақат дар байни мардон буд, занон дар хона ба тарбияи фарзанд машѓул мешуданд. Ҳоло бошад, бештари занон ҳамроҳи шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратанд ва кӯдакон дар тарбияи бибию бобо ва дигар хешовандон қарор мегиранд, ки дар натиҷа аз таълиму тарбияи оила дур мемонанд. Ва имрӯз таъсири ин раванд дар муассисаҳои таълимӣ бараъло мушоҳида мегарданд.

Дар ин раванд омилҳои асосие, ки ба афзоиши зӯроварӣ ба кӯдакон таъсир мерасонанд, пеш аз ҳама, камбизоатӣ, шароитҳои номусоиди иҷтимоӣ, фасод, зӯроварӣ дар хона, беназоратӣ аз тарафи калонсолон, набудани ҷойи кор, набудани дастгирӣ ва ѓамхорӣ аз ҷониби падару модар маҳсуб мешавад. Зиёда аз 50 дар сади кӯдакони дар кӯча машѓули кор буда, аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ин кӯдакон тез – тез ба зӯроварӣ гирифтор мешаванд, онҳо аз нарасидани хӯрокворӣ, либос ва манзил азоб кашида, ба кӯмаки тиббӣ эҳтиёҷ доранд ва  имконияти таҳсил кардану маълумот гирифтанро надоранд. Таҳлили иттилооти мавҷуда нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор кӯдакон дар кӯча кор мекунанд.

Аз таҳлили коршиносон маълум мегардад, ки имрӯз ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аксарият ҷавонон майл доранд, ки синну соли онҳо аз 17 то 29 сола ва калонтарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин имрӯз ноболиѓон низ ба муҳоҷират рӯ овардаанд, ки ин яке аз паҳлӯҳои ташвишовари масъала ба шумор меравад. Зеро онҳо дар ин ҳолат аз таълиму тарбия дур монда, ҳангоми муҳоҷират ба муҳити аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва ахлоқ бегона ворид мегарданд, ки ин дар натиҷа ба ташаккули минбаъдаи рӯҳию равонии онҳо ҳамчун шахсият таъсир мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони дар муҳоҷират буда, дониши касбию ҳуқуқӣ надоранд ва аслан, аз тарафи гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида идора карда мешаванд. Онҳо аз қонунгузории кишвари худ ва кишвари кордиҳанда оид ба масъалаҳои муҳоҷират огаҳӣ надоранд. Аз надонистани қонунҳои амалкунанда дар ин самт, муҳоҷирони мо, на танҳо ба доми фиреб ва истисмори мақомот ё шахсиятҳои алоҳидаи кишвари кордиҳанда меафтанд, балки мавриди сӯиистифодаи ҳамватанони худ низ мегарданд. Мушкилоти асосии муҳоҷирони мо асосан дар сатҳи паст қарор доштани дониши касбию ҳуқуқии онҳо, фарҳанги муошират ва либоспӯшӣ,  надонистани забони кишвари кордиҳанда мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки доир ба масъалаи касбомӯзии муҳоҷирон аз тарафи Ҳукумат ва мақомотҳои дахлдор давра ба давра баъзе тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд. Масалан, аз соли 2008 барои ба таълим ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони аз таҳсил дурмонда аз ҷониби Вазорати маориф ва илм курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ ба роҳ монда шуда буд. Лекин, ин тадбирҳо барои бо дониши касбӣ таъмин намудан ва забономӯзии муҳоҷирону ҷавононе, ки барои муҳоҷират омодагӣ мегиранд, басанда нест. Масъалаи такмили касбият ва саводу фарҳанги муҳоҷирон, яке аз он мушкилотест, ки дар раванди муҳоҷират ба миён омада, ҳаллу фасли он бештар аз вазорату идораҳои дахлдор вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, чи хеле мегӯянд “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”, масъулон низ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор бояд барои бартараф намудани мушкилоти соҳа тадбирҳо андешида, сатҳи касбомӯзӣ ва забондониро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ҷоннок намоянд, зеро, хишти аввал маҳз дар мактаб гузошта мешавад.

Паҳлӯи дигари ин масъала тарбия ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони  муҳоҷирон ва бо китобҳои дарсию бадеӣ таъмин намудани онҳо мебошад, ки он на танҳо барои худи муҳоҷирон ва аҳли оилаи онҳо, балки барои муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ  мушкилоти муайянро пеш меорад. Теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо аҳли оилаашон аслан дар Федератсияи Россия истиқомат доранд ва шаҳрвандони ин кишвар ба шумор мераванд, фарзандони худро ба мактабҳои русӣ месупоранд ва онҳо аз раванди таҳсил ҷудо намешаванд. Ҳамчунин, теъдоди муайяни муҳоҷирон, ки дар Россия фаъолият менамоянд, тавассути маблаѓҳои ирсолнамудаи худ ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашонро таъмин менамоянд. Миқдори дигари муҳоҷирон, ки фарзандони мактабхони худро ҳамроҳи худ мебаранд, дар кишварҳои бегона онҳоро ба таҳсил фаро гирифта наметавонанд.

Масъалаи дигар интиқоли пули муҳоҷирон мебошад, ки бевосита барои идома додани таҳсили фарзандони онҳо таъсир мерасонад. Тибқи таҳлилҳои коршиносон интиқоли маблаѓҳое, ки муҳоҷирон ба ҷумҳурӣ равон менамоянд, дар соли 2018, тақрибан 2 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор ба таҳсилоти фарзандонашон 21% равона гардидааст.

Дар ҳар давру замон таълиму тарбия яке аз равандҳои калидии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад, ки дар пешрафти ҳар як давлат нақши муҳим дорад. Таълиму тарбияи кӯдакон, бахусус духтарон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Олимон исбот намудаанд, ки зан агар таҳсилоти миёна ё олӣ дошта бошад, дар бозори меҳнат нисбат ба дигарон бештар мавқеи худро пайдо менамояд. Аз ҳама муҳимаш барои фарзандони худаш як намунаи ибрат гардида, онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ тарбия менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки фарогирӣ ба таҳсил яке аз нишондодҳои муҳими шохиси (индекси) рушди инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ин самт аз  ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса аз ҷониби Пешвои миллат чораҳои судманд андешида мешаванд, ки он барои ба мактаб фаро гирифтани ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Мутаасифона, бо вуҷуди он ки барои ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, ҳоло ҳам фарогирии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус дар байни духтарон баъзе норасоиҳо мавҷуданд. Яке аз сабабҳои ба таҳсил фаро нагирифтани духтарон ва бекасб мондани онҳо маҳз волидонашон мебошанд. Зеро, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани сардори оила барои таҳсил намудану касб омӯхтани духтарон боис мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ фарогирии духтарон дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосӣ, яъне аз синфи 1 то синфи 9 новобаста аз он, ки миқдори муйяни кӯдакон аз раванди таҳсил дур мемонанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Вале баъди хатми синфи 9 бештари онҳо, бахусус духтарон бо сабабҳои гуногун тарки мактаб менамоянд. Новобаста аз ройгон ва ҳатмӣ будани таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миқдори муайяни кӯдакони муҳоҷирон имконияти давом додани таҳсилро надоранд.

Аз рӯи маълумоти Ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ 69% духтарон дар синфҳои 7-9 доим дарсшиканӣ менамоянд. Қариб то 20%-и онҳо то синфи 9 аз таҳсил дур мешаванд. Сабаб дар он мебошад, ки имрӯз дар шароити деҳот онҳо бештар вақти худро дар хона барои тайёр намудани хӯрок, либос шӯстан, рубучини хона ва нигоҳубини хоҳару додарони хурдии худ сарф менамоянд. Аксарият духтаронро падарону бародаронашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, баъди хатми синфи 9 барои давом додани таҳсили онҳо монеъ мегарданд.

Оид ба барканории духтарон аз таҳсил баъди хатми таҳсилоти асосӣ сухан карда, бояд қайд намуд, ки зиндагӣ танҳо бо корҳои рузгор ба охир намерасад. Духтарон бояд ҳаматарафа аз таълиму тарбия бархӯрдор бошанд, ки оянда дар солим нигоҳ доштани оилаи худ тарбияи фарзандон ва дар маҷмӯъ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда, дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо бо омӯхтани илму дониш ҷаҳонбинии ҳар шахс васеъ мегардад ва ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасад.

Тибқи маълумоти оморӣ фарогирии кӯдакон дар синфи 1- 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли хониши 2018/2019 ҳамагӣ 889 657 нафар мебошад, ки аз инҳо 431 080 нафар духтарон мебошанд. Дар синфи 10-11 бошад, ҳамагӣ 249 426 нафар кӯдакон таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 116 016 нафарашон духтарон мебошанд. Аз ин шумора, дар шароити деҳот теъдоди кӯдакони ба синфи 1-4 фарогирифташуда ба 631 225 нафар баробар аст, аз ин миқдор 308 715 нафар духтарон ҳастанд. Хонандагони синфҳои 10-11 бошад, 176 760 нафар мебошанд, шумораи духтарон 83 646 нафарро ташкил медиҳад. Фарқият байни шумораи умумии хонандагони синфҳои 1-4-ум ва синфҳои 10-11-ҳум  дар шаҳр 640 228 нафар буда, аз онҳо 315 064 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар деҳот бошад, фарқият байни синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои 10-11 ҳамагӣ 454 465 нафар, аз ин миқдор 225 069 нафар духтарон ҳастанд.

Аз рӯи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар аввали соли таҳсил 88 нафар, аз ҷумла 52 нафар духтарон бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд. Аз рӯи ин маълумоти оморӣ фарогирии кӯдакон ба таҳсилот асосан аз синфҳои 1 то 9 хуб ба роҳ монда шудааст.

Албатта қайд кардан зарур аст, ки ин фарқияте, ки байни синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои болоӣ вуҷуд дорад, шояд хонандагон баъди хатми синфи 9 ба ягон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шуда бошанд. Аз ин рӯ, мо ба теъдоди умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ назар кардем, ки он ҳамагӣ 86 497 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 53 756 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Дар байни инҳо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки баъди хатми таҳсилоти умумӣ, яъне хатмкунандагони синфҳои 11 низ таҳсил менамоянд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки теъдоди зиёди хонандагони синфҳои 10-11 ба таҳсил фаро гирифта намешаванд. Мутаасифона, аз ин теъдод чӣ қадарашро фарзандони муҳоҷирон ташкил медиҳанд, маълумот надорем.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ қисмати зиёди кӯдакон то синни 16 солагӣ, таҳсилро идома медиҳанд. Дар он ҷое, ки камбизоатӣ садди роҳи таҳсил нест, муносибат ба таҳсил мусбат аст. Синну соли аз мактаб дур мондан (мактабро партофтан) ва мӯҳлати идомаи таҳсил дар мактаб ба вазъияти иқтисодии оила ва муносибати он ба таҳсил вобаста мебошад.

Барои кишвари мо бартараф намудани ҳамаи ин мушкилоте, ки қайд гардид, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи раванди муҳоҷират ба шумор меравад. Албатта, маълум аст, ки дар ҳалли масъалаи гузошташуда, соҳаи маориф нақши калидӣ ва имрӯз ҳамчун омили муҳими таъсиррасон дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мақоми хоса дорад.

Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи гузошташуда, муайян менамояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар раванди таҳсилот, ташаккули тафаккур ва тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон нақши мухталиф дорад. Барои рушду густариши ҳамаҷонибаи омилҳои мусбат муҳоҷират ва пешгирӣ намудани таъсир ва оқибатҳои манфии он дар ҷомеа, алалхусус, дар тарбияи ҷавонону наврасон, ташаккули ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии онҳо вазифаи ҳар яки  узви ҷомеа ба шумор меравад.

Назирова М.Н.,

сармутахассиси Раёсати

таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

 Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед