Дар “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”, вазифаҳои амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муҳим ҷиҳати ҳавасмангардонии кирмакпарварон, таъмини коркарди пурраи ашёи хом дар дохили кишвар, ки барои рушди саноати сабук ва афзоиши саҳми содиротии маҳсулоти тайёр замина фароҳам меоварад, пешбини шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид: “Ҷиҳати  рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон имконият медиҳад ва дар ин замима сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намояд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти  бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.”

Маълум аст, ки соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз доираи рукнҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки ба ин намуди соҳа шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамударо пешкаши бозори ҷаҳонӣ гардонад. Вале тавре нишондодҳои оморӣ нишон медиҳанд, сол аз сол ин соҳа дар байни мардуми кишвар аҳаммият ва нақши худро аз даст дода, танҳо шумораи ками хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз машғули ин навъи фаъолият мебошанд. Яке аз сабабҳои вазъияти ба амаломада – сол то сол кам гардидани самаранокии истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инчунин, ҳавасманд набудани кирмакпарварон мебошад.

Албата, ба ҳамагон маълум аст, ки рушди соҳаи кирмакпарварӣ боиси ғанигардии буҷети давлат мебошад. Аммо то ҳол ин соҳа ба таври густурда рушд наёфта ва маҳсулноку самаранок намебошад. Масалан, дар соли 2021 650 тонна ба нақша гирифта шуда, 452 тонна пилла истеҳсол гардида шудааст (21,6 ҳазор тоннаи дигар нуқсондор ва ё ба лаш табдил ёфтаанд). Ҳоло он ки дар ҳамин сол 21 ҳазор қуттии кирмак аз мамлакатҳои ҳамсоя ворид шуданд, ки имконияти 945 тонна пилла истеҳсол карданро доштем. Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки аз як қуттӣ 21,5 кг пилла гирифта шуд ва ин дараҷаи пастарини кирмакпарвариро нишон медиҳад.

Таҳлил ва тадқиқҳо нишон доданд ки вазъи сол то сол кам гардидани самаранокии истеҳсоли пилла барои кирмакпарварон натиҷаи нопурра истифода бурдани маҳсулоти кирмакпарварӣ аз тарафи худи кирмакпарварон мебошад. Агар ба таҷрибаҳои кори кирмакпарварони давлатҳои пешқадамтарини дунё:

Корея, Чин, Ветнам ва ғайра маълум аст, ки дар натиҷаи пурра ва амиқ коркарди маҳсулоти кирмакпарварӣ зиёда аз 10 навъи масулоти нави иловагӣ ба даст овардан мумкин аст. Ба кирмакпарварон маълум аст, ки пасмондаҳо аз панҷ марҳалаи парвариши кирмак пайдо мешаванд. Ҳар як марҳалаи парвариши кирмак пасмондаи истифодашавандаи худро доранд,  ки онҳоро ба модулҳои (гурӯҳҳои) зерин тақсим кардан мумкин аст:

  1. Пасмондаҳои ғизодиҳӣ;
  2. Пасмондаҳои пиллачинӣ;
  3. Коркарди аввалиини пилла;
  4. Пасмондаҳои пилларесӣ.

Маълум аст, ки ҷараёни кирмакпарварӣ аз панҷ  марҳала иборат буда, аз онҳо  чортааш парвариши кирмак (ғизодиҳӣ) ва охирин пиллатанӣ мебошад. Ин чор марҳиларо ба модулҳо муайян менамоем, ки ҳар яки он чигуна манфиятбахш буда метавонад.

Пасмондаи модули якум

1.Пасмондаҳои  якум (ғизодиҳӣ). Дар марҳалаҳои парвариши якум ва дуюм ғизои кирмакҳо (7-8 рӯз), майда резашуда ё  барги бутуни дарахти тут буда аз онҳо 60-70% нимхӯрда мемонанд, ки маҳсулоти истифодашавандаи якум мебошад.

2.Пасмондаи дуюми истифодашаванда. Дар марҳалаҳои парвариши сеюм ва чорум ғизои кирмакҳо, шохчаҳои аз шохи дарози дарахти тут буридашуда (0,3-0,5м) мебошанд, ки аз онҳо 70-80% бо наҷосоти кирмакҳо ва баргҳои нимхӯрда мемонанд, ки маҳсулоти истифодашавандаи дувум мебошад.

3.Пасмондаи севуми истифодашаванда. Марҳалаи парвариши панҷум (пиллатанӣ) 8-10 рӯзро ташкил карда аз онҳо 4-5 рӯз ғизохӯрии  кирмакҳо аз шохчаҳои аз шохи дарози (2,5-3,0 м.) дарахти тут буридашуда мебошанд, ки аз онҳо 70-80% бо наҷосоти кирмакҳо ва баргҳои нимхӯрда мемонанд, ки маҳсулоти истифодашавандаи севум мебошад.

4.Пасмондаи чоруми истифодашаванда–пӯстлохи навдаҳо. Баъд аз навдаҳои тутро аз дарахт бурида, омаданд, аз онҳо баргро ҷудо карда, охирашро (0,3-0,5м.) бурида ба кирмакҳо мисли ғизо медиҳанд. Навдаҳои аз барг ҷудо шуда ҳамчун мавод барои ду  навъи маҳсулоти нав хизмат мекунад: 1- пустлох навдаи тут ва 2 навдаи аз пӯстлох ҷудошуда

Пасмондаҳои модули дуюм (пиллачинӣ).

5.Пасмондаи  панҷуми истифодашаванда. Маълум аст, ки баъд аз пиллачинӣ дар дастаҳо “лаши пилла” мемонад. Агар онҳоро ҷамъ карда шавад, ҳамчун мавод барои нахгирӣ истифода бурда мешаванд.

Пасмондаҳои модули сеюм

6.Пасмондаи  коркарди аввалини пилла. Дар раванди коркарди аввалини пилла дар иҷрои амалиёти навъбандии пиллаҳо сатҳи онҳоро аз “лаш” ҷудо карда мешавад. Лаш беҳтарини ашёи хом барои нахгирӣ мебошад, ки аз 1 кг он 0,8-0,9 кг ресмони абрешимин гирифта мешавад.

  1. 7. Мувофиқи меъёрҳои давлатии корхонаҳои абрешимресӣ то 10 % пиллаҳои истеҳсолшуда нуқсондор мебошанд, ки аз онҳо нах гирифтан мушкилии технологӣ дорад. Аз ин ру корхонаҳои хурд онҳоро истифода намебаранд. Истифодаи 10 % пиллаҳои нуқсондор боиси бозҳам самараноктар гаштани соҳаи кирмакпарварӣ мегардад.
  2. Дар технологияи абрешимресӣ пеш аз ресиши нахи пилла нӯги онро ёфтан лозим аст. Барои ин амалиёт 50-60 м. нах мисли бандакҳои торӣ печида гирифта мешавад. Дар замони хозира аз руйи кам будани онҳо истифода намебаранд. Аммо бо ворид намудани технологияи он амалӣ гаштани ин кор мавҷуд мебошад.

9.Маълум аст, ки баъд аз ресиши нах пиллаҳо зочаи кирмак мемонад. Онҳо барои хоҷагии халқ ашёи хоми бебаҳо мебошанд. Аз  ҷумла зочаи кирмакҳо метавонанд ҳамчун- маводи хӯрокаи ҳайвонот (мурғ, моҳӣ) – зочаи кирмакҳо – ашёи хом барои равғани қаннодӣ ва косметикӣ истифода гарданд.

Пасмондаҳои модули чорум (ресмонресӣ)

Мувофиқи талаботи технологияи абрешимресӣ, ҷараёни ресиши нахи пилла дар оби ҷӯши t=70±2Cо  ба амал меояд. Хосияти ҷараён дар он аст, ки оби ҷӯш ҳама вақт иваз шуда меистад. Оби истифодашуда ба канализатсия равона мешавад, ки дар он 30-40% серитсин ва 5-10% фиброин мавҷуд аст.

  1. Оби серитсиндор – мавод барои дубора ё дар ширешмолӣ истифода бурда мешавад.

Инак, дар натиҷаи тадқиқоти гузаронидашуда барои хочагии халқи Ҷумҳуриии Тоҷикистон зиёда аз 10 навъи маҳсулотҳои нав ба даст оварда шуданд имконпазир мебошад:

  1. Пасмондаҳои барг – хӯроки иловагӣ барои чорпо:
  2. Наҷосоти кирмакҳо – хурокаи чорво, ҳайвонот ва поруи иловагӣ барои гулҳои хонагӣ (нархи баланди фӯруш дорад):
  3. Шохча ва баргҳо – хӯроки иловагӣ барои чорво:
  4. Пӯстлохи навдаҳо – мавод барои истеҳсоли қоғази расмкашӣ (холст):
  5. Навдаҳои аз пӯстлох ҷудошуда – мавод барои сохтмон (васса, панҷара):
  6. Лаши пилла аз дастаҳо- мавод барои нахгирӣ:
  7. Лаши пиллаҳо – мавод барои ресмонресӣ:
  8. Пиллаҳои нуқсондор – мавод барои ресмонресӣ:
  9. Бандаки торӣ – мавод барои ресмонресӣ:
  10. Оби серитсиндор – мавод барои дубора ё дар ширешмолӣ истифода бурдан.

Натиҷаҳои пешакии таҳлили истифодабарии пурра ва ҳаматарафаи  коркарди абрешими табий нишон медиҳад, ки дар ҳолати истифодабарии  ҳатто 50% партовҳои фоиданок самаранокӣ аз истеҳсоли кирмакпарварӣ 70-80 % зиёд мешавад.

Дар мақолаи мазкур вариантҳои имконпазир ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи коркарди пурра ва амиқи партовҳои кирмакпарварӣ муаян кардашуда, роҳҳои гузаронидани кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон аз бахши бесамари деҳот ба соҳаи самаранок тавсия дода мешаванд. Дар мавриди дуруст истифода кардани чунин нишондодҳо фоида барои кирмакпарварон ба ҳисоби камтарин 1000 сомон фоидаи соф аз 1 қутти кирмак имкон дошта метавонад.

Афзалнокии технологияи коркарди пурра ва амиқи партовҳои кирмак дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, ки боиси бавуҷуд омадани дигар вариантҳои имконпазир гардида метавонанд.

  1. Вариантҳои имконпазир ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи коркарди пурра ва амиқи партовҳои кирмакпарварӣ муаян кардашудааст.
  2. Роҳҳои гузаронидани кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон аз бахши бесамари деҳот ба соҳаи самаранок тавсия дода мешаванд.
  3. Технологияи коркарди пурра ва амиқи партовҳои кирмак дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
  4. Имкони ташкили комплексҳои кирмакпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буда метавонад рушди соҳаи кирмакпарвариро то 1,8 ҳазор тонна расонида шавад. Барои боз ҳам пуратар ва ноил гардидан ба ин ҳадафи мазкур хуб мегардид, ки якҷоя бо олимону мутахасисони ин соҳа дар робита буда, аз натиҷаи илмии онҳо бохабар бошем. Инчунин, бештар онҳоро дар ин маврид ҳавасманд гардонида, кӯшиш намоем, ки истеҳсол ва коркарди ниҳои (аз парвариши тухми кирмак то ба истеҳсол намудани матоъи абрешим аз он) ба роҳ гузорем.

Дар асоси гуфтаҳои боло яке аз омилҳои бардоштани самаранокии кирмакпарварӣ аз дарахтони тут ба тутзорҳо гузаштан мебошад. Чунин дарахтони тути баргиро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардан имкон дошта танҳо барои барг истифода карда мешавад. Ин гуна мадернизатсия дар соҳаи кирмакпарварӣ имкон медиҳад, ки на танҳо соҳаи кирмак ва пиллапарваӣ рушд намояд, балки таъсири он ба амнияти озуқаворӣ низ бе тафовут намемонад. Чунки, дар ҳолати ташкил намудани комплексҳои пиллапарварӣ буриши тутҳо кам шуда, аз онҳо гирифтани ҳосил ва омода намудани дигар маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ба монанди  шириниҳо, тутпизҳо ва ғайра зиёд мегардад.

Дар расми 1, яке аз вариантҳои ҷойгиршавии кӯчатҳои тутзор ба ҳисоби 1 га замин оварда шудааст.

Расим 1. Ҷойгиршавии кӯчатҳо дар тутзор

Шумораи ҳуҷҷатҳо дар самти амудӣ,100метр х 0,5м=200 дона дарахти тут ва дар самти уфуқӣ 4м х 100 метр =25 қаторро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа барои як га 25 қатор х 200 дона = 5000 дона дарахти тут лозим меояд.

Дар ин ҳолат аз ҳар як тутзор ба ҳисоби камтарин 5 кг барг гирифта мешавад, ки 5000 дона х5 кг = 25000 кг барг ташкил медиҳад. Маълум аст, ки 1 қутти кирмак дар 5 марҳалаи кирмпарварӣ тақрибан 1000 кг барг истемол мекунад. Аз ин рӯ  25000 : 1000 = 25 қутти кирмак парвариш кардан мумкин ва аз ҳар қутти кирмак ба ҳисоби миёна 50 кг пиллаи хом ба даст орем он ба 25 х50 = 1250 кг пилла аз 1га тутзор истеҳсол кардан мумкин мебошад.

Ҳисоби мазкур барои варианти 1, ки дар байни кӯчати тутҳо киштукори сабзавот  пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати пурра истифода бурдани масоҳати замин бо кӯчатҳои тутҳо, шумораи умумии кӯчатҳои тут ду баробар зиёд мешавад. Яъне, 50 қатор х 200 дона = 10 000 дона дарахти тут, ки имконияти гирифтани 50 000 кг барг ва истеҳсол намудани 2 500 кг пилла истеҳсол намуданро имкон дорем.

Мақолаи мазкурро барои комплекси саноатӣ – аграрие, ки аз 10 га замин иборат мебошад, ҳисоб намудаем. Аз 1 комплекси саноати – аграрӣ  2500 кг х 10 га.= 25 тонна пилла истеҳсол кардан мумкин мебошад. Ҳамин тавр, дар ҷумҳури 50 дона комплекси саноатӣ – аграрии  кирмакпарварӣ ба вуҷуд оядимконияти 1 250  тонна пилларо ба даст овардан мумкин аст.

Аз расми 1.  дида мешавад, ки 50 % масоҳати замини барои кишти сабзавот ва полизҳо банд мешавад. Боқимонда  50 сотиқаш барои тутзор банд мешавад. Инчунин, дар ҳар як комплекси пиллапарварӣ метавонад то 20 нафар ба кори доимӣ машғул гарданд. Ташкил намудани 50 комплексӣ пиллапарварӣ зиёда аз ҳазор нафарро ба ҷойи корӣ доими таъмин менамояд. Инчунин, чунин маҳсулоти иловаӣ гирифтан имкон дошта метавонад:

 Ҷадвали 1. Маҳсулоти боқимондае, ки дар натиҷаи кирмакпарварӣ аз як га тутзор (25 қуттӣ) ба вуҷуд меоянд (ба ҳисоби кг).

Нишондиҳандаҳои ҷадвали зер ин аз он шабоҳат медиҳад, ки чунин нишондиҳандаҳои маҳсулоти дар боло зикргардида аз як га замини тутзор ташкил медиҳад. Дар ҷадвали се имконияти гирифтани маҳсулоти илова аз як комплекси истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ, ҳисоб карда мешавад:

Пешниҳодҳо:

1) Ташкил намудани комплексҳои пилапарварӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Ноҳияҳои Тобеи Марказ аз ҳисоби ҷалби хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ва соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда;

2) Зиёд намудани тутзорҳо (плантация) дар кишвар ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон эҳтиёт нигоҳ доштани он ва танҳо буридани он барои парвариши пилла иҷозат дода шаванд (масалан, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарахти тут ҳамчун моликияти давлати нигоҳ дошта мешавад).

3) Дастгирии пиллапарварон ва ҳавасманд гардонидани онҳо аз ҷониби давлат бо имтиёзҳои пулию молӣ.

4) Зиёд кардани дарахтони тут дар кишвар ва ҳатто шинонидани ниҳолҳои тут дар шоҳроҳҳои мамлакатамон ва ғайраи дигар шуда метавонад.

Барои бозҳам пуратар ва ноил гардидан ба ин ҳадафи мазкур хуб мегардид, ки якҷоя бо олимону мутахасисони ин соҳа дар робита буда аз натиҷаи илмии онҳо бохабар бошем. Инчунин бештар онҳоро дар ин маврид ҳавасманд гардонида, кӯшиш намоем, ки истеҳсол ва коркарди ниҷои (аз парвариши тухми кирмак то ба истеҳсол намудани ресмони абрешими ва матоъҳои мисли атласу адрас аз он) ба роҳ монем.

Замима

Расми 1. Зочаи пиллаи дастӣ буридашуда.     Расми 2. – Бандаки ресмонресӣ

Расми 3. Барги нимхӯрдашуда ва наҷосоти кирмак

Расми 4. Пасмондаи чоруми истифодашаванда-пӯстлохи навдаҳо.

Навдаҳои дарахти тут: а- пӯстлох дор; б- пӯстлох тозашуда аз барг; в- бепӯстлох,г- навдаи тозашуда аз пӯстлох.

Лаши пиллаҳо ва пиллаҳои нуқсондор

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳавӣ Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ишматов Аскаралӣ Бозорович- профессори
кафедраи маснуоти нассоҷии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Файзова Наргис Рамазоновна- докторанти
PhD кафедраи маснуоти нассоҷии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Чоп кунед