Пешгӯйӣ ва ояндабинӣ (прогностика) дар илми муосир мавқеи устуворро касб кардааст. Ин раванд баҳогузории эҳтимолӣ ба натиҷаи ояндаи соҳаи муайян ва роҳҳои рушди онро фаро гирифта, усулҳои банақшагирии истифодаи захираҳо ва роҳандозии чорабиниҳои ташкилиро пешбинӣ мекунад. Бо ин мақсад интихоби дурусти метод ва усулҳо барои истифодаи босамари донишҳои мавҷуда дар бораи рушди соҳа талаб карда мешавад. Зимни ин интихоби дурусти самтҳои афзалиятнок низ хеле муҳим аст.

Дар маҷмӯъ, дар тамоми соҳаҳо барои ҳалли масъалаҳои дар пешистода на танҳо ба омӯзиши таҷрибаи гузашта, балки ба усулҳои ояндабинӣ низ такя мекунанд. Ояндабинӣ пешгӯйии замони ояндаро тавассути истифода аз методҳои илмӣ ё ба шарофати бунёди модели илмии ҳодиса ва зуҳуроти оянда дар назар дорад. Ин амр одатан ба василаи экстраполятсияи равандҳо ва тамоюлоти технологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

Экстраполятсия (аз калимаҳои лотинии “берун” ва “кӯчонидан”) дар назар дорад, ки ҳангоми пешгӯйиҳо хулосаҳое, ки дар асоси мушоҳидаи як қисмати зуҳурот ба даст омадаанд, ба қисмҳои дигари ин зуҳурот ҳам корбаст мегарданд. Табиист, ки дар ин маврид на танҳо ҳар гуна ояндабиниҳо ба тавассути истифода аз воситаҳои бо ном фавқуттабиӣ, балки пешгӯйиҳо дар нисбати ояндаи начандон дур ва ё вариантҳои ба осонӣ пешгӯишавандаи ҳодисаҳо низ истисно карда мешаванд. Аз ин рӯ, ояндабиние, ки ба илм асос ёфтааст, ба он мусоидат мекунад, ки одамон ва сохторҳои иҷтимоии ҷомеа барои воридшавӣ ба равандҳое, ки дар оянда рӯй медиҳанд, омодагии қаблӣ дошта бошанд ва нақшаҳои дурнамои хешро таҳия созанд. Ҳангоми ояндабинӣ риояи ҳатмии принсипҳои методӣ, аз қабили системанокӣ, оптималӣ будан, ба таври комплексӣ баҳогузорӣ кардан, ба эътибор гирифтани махсусиятҳои соҳаи муайян ва амсоли он хеле муҳим аст.

Яке аз шаклҳои ояндабинӣ ва омодасозии нақшаҳои фаъолият барои оянда ин таҳия ва амалӣ сохтани стратегияҳо мебошад. Стратегия калимаи қадимаи юнонӣ буда, маънии “санъати лашкаркаш”-ро дорад. Дар илми муосир ҳамчун истилоҳ стратегия нақшаи умумӣ ва ба ҷузъҳо ҷудонашудаи ягон навъи фаъолиятро мефаҳмонад, ки муҳлати тӯлониро фаро мегирад. Ҳамзамон, стратегия аз нуқтаи назари илмӣ роҳи бадастории ҳадафи мураккаб мебошад. Тактика (аз калимаи қадимаи юнонӣ ба маънии “санъати ҳарбӣ”) воситаи татбиқи стратегия буда, ба ҳадафи асосии стратегия тобеъ аст. Ин мафҳумҳо дар соҳаи ҳарбӣ пайдо шуда, баъдан ба соҳаҳои дигар ворид шудаанд, аз ин рӯ ба эътирофи худи ҳарбиён, агар тактика нақшаи ғолибият дар муҳорибаи ҷудогона бошад, стратегия аз маҷмӯи нақшаҳои  пирӯзӣ дар кулли ҷанг иборат аст.

Стратегия чун мафҳум ва маҷмӯи амалҳо махсусиятҳои худро дорад: аввалан, стратегия маънии фавран амал карданро надошта, самтҳои дар оянда фаъолият намуданро муайян месозад; дуюм, стратегия имкон медиҳад, ки ба равандҳои муайян таваҷҷуҳ карда шуда, амалҳои дуюмдараҷа ба эътибор гирифта нашаванд; сеюм, мавҷудияти стратегия тадриҷан барои баромадан ба роҳи зарурии рушд мусоидат менамояд; чорум, бо сабаби эҳтимолияти рӯй додани ҳодисаҳо ба таври ғайричашмдошт стратегия танҳо сифати умумӣ дошта, ҳатман муодил ё алтернатива дорад; панҷум, дар раванди амалисозии стратегия далелҳое пайдо мешаванд, ки самти амалро метавонанд дигаргун созанд, бо ҳамин сабаб натиҷаи ниҳоӣ аз роҳандозии стратегияи мушаххас метавонад аз варианти дар ибтидо муайяншудаи натиҷаҳо тафовут дошта бошад; шашум, стратегия аз самтгирӣ (ориентир), ки шакли болотари қабули қарор мебошад, тафовут дошта, ин ва ё он унсури стратегия метавонад дар марҳалаи муайяне ба самтгирӣ мубаддал гардад ва ғайра.

Таснифоти стратегия низ гуногун аст. Аз ҷумла, аз рӯйи сатҳи мураккабӣ стратегияҳоро ба сода ва мураккаб ҷудо мекунанд. Навъи аввал як раванд ва навъи дуюм якчанд равандҳоро фаро мегирад. Мувофиқи самтгириашон стратегияҳо метавонанд ба нақшаҳои истифодаи имкониятҳои дохилӣ ва ё ба нақшаҳои истифодаи имкониятҳои берунӣ тақсимбандӣ карда шаванд. Таснифоти дигаре стратегияҳоро аз рӯйи соҳа ва самт тақсимбандӣ мекунад, ки барои тамоми самтҳои фаъолияти моддию маънавӣ метавонанд таҳия карда шаванд. Аз рӯйи мундариҷа стратегияҳо одатан метавонанд ба нақшаи амал ва ё нақшаи рушд тасниф гарданд ва ғайра.

Ҳар як стратегия аз унсурҳои муайян иборат буда, одатан, онҳоро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мекунанд: низоми ҳадафҳо, ки рисолат, ҳадафи куллӣ, ҳадафҳои умумии ташкилӣ ва ҳадафҳои махсусро дар бар мегирад;  самтҳои афзалиятнок ё принсипҳои асосӣ бо мақсади тақсимоти захираҳо ва роҳандозии тадбирҳо; қоидаҳои танзимкунандаи раванди татбиқи стратегия, аз қабили ташаккули сохтори ташкилӣ, роҳандозии робитаҳои мутақобилаи дохилӣ, иҷрои амалҳои махсус ва амсоли он.

Бо мақсади ошноии бештаре бо сохтори стратегия дар мисоли “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №480 тасдиқ шудааст) унсурҳои асосии онро чунин нишон додан имкон дорад:

  • муқаррароти умумӣ;
  • зарурати қабули стратегия;
  • мақсад ва принсипҳои татбиқи стратегия;
  • самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар самти мавриди назар;
  • тадбирҳо барои татбиқи стратегия;
  • механизми татбиқи стратегия;
  • шароите, ки барои татбиқи стратегия зарур аст;
  • натиҷаҳои татбиқи стратегия, мониторинг ва баҳодиҳии самарабахшии он;
  • муқаррароти хотимавӣ.

Ба масъалаҳои вобаста ба стратегия ҳанӯз аз замонҳои қадим аҳаммияти бузурге дода мешуд. Аз ҷумла, дар Юнони қадим дар доираи масъалаҳои ҳарбӣ он мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дошт. Дар Чини бостонӣ низ стратегия мақоми хеле баланд касб карда буд. Вобаста ба ин чанд мисоле доир ба моҳияти стратегия аз суханони шахсиятҳои маълуму маъруф меоварем, ки метавонанд барои фаҳмидани маънӣ ва тарзи корбурди он кумак намоянд. Муаллифони онҳо касбу кори гуногун дошта, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавию моддӣ сарукор доштаанд.

Ба эътиқоди сарвари ҳарбии пруссиягӣ, назариётчӣ ва таърихчии ҳарбӣ Карл фон Клаузевитс (1780–1831) мавҷудияти стратегия ва тактика ҳатмӣ буда, иваз кардани яке бо дигаре имконнопазир мебошад: “Иштибоҳоти стратегӣ наметавонанд бо воситаҳои тактикӣ ҷуброн карда шаванд”. Худи ҳамин муаллиф тавоноӣ ва нерумандиро асоси ҳар гуна стратегия меҳисобад: “Беҳтарин стратегия ин ҳамеша қавитарин будан аст, аввалан, дар нуктаҳои умумӣ ва баъдан, дар нуктаҳои муҳимтарин”.

Файласуфи фаронсавӣ ва назариётчии шинохтаи соҳаи адабиёт Жак Деррида (1930–2004) чунин ақидаеро пайравӣ мекунад, ки ҳангоми иҷрои ҳар гуна фаъолияте чандин стратегияҳо вуҷуд доранд, ки барои мутахассисон имконияти интихобро фароҳам месозанд. Маҳз бо ҳамин сабаб ӯ таъкид доштааст: “Агар шумо гумон мекунед, ки метавонед танҳо як стратегияро маълум созед, пас эътимод дошта бошед, ки он бад аст”. Ба маънии дигар, мавҷудияти стратегияи ягона барои интихоб бад буда, шахс бояд аз чандин стратегияҳо беҳтаринро интихоб намояд.

Лоис Макмастер Будҷолд (соли тав.1949)–адибаи фантасти амрикоӣ низ чун  Жак Деррида интихоби стратегияро аз байни чандин роҳҳо имконпазир дониста, қайд намудааст: “Асоси стратегияро на интихоби як роҳе ташкил медиҳад, ки ба ғолибият мебарад, балки ба вуҷуд овардани чунин шароите ташкил медиҳад, ки тамоми роҳҳо ба он мебаранд. Ин дар идеал аст”. Ин адиба чунин меҳисобад, ки мақсад ва ҳадафҳои стратегия бояд ҳатман дақиқан муайян карда шаванд: “Ҳаракат ба пеш ҳамчун стратегия танҳо дар сурате амал мекунад, ки шумо дақиқан медонед, ки ин пеш дар куҷо ҷойгир аст”.

Шоҳмотбози машҳури ибтидои асри ХХ Савелий Тартаковер (1887–1956), ки ҳамзамон рӯзноманигор, адабиётшинос ва доктори илмҳои ҳуқуқ буд, мавҷуд будани стратегияро дар ҳама гуна ҳолатҳо амри зарурӣ мешуморад: “Агарчи коре ҳам кардан зарур набошад, стратег бояд бидонад, ки чӣ бояд кард”.

Барои мисол инчунин метавон гуфт, ки яке аз муаллифони муосири Россия–Георгий Александров (соли тав. 1950, блогер) ҳатмӣ будани мавҷудияти стратегияро дар ҳама гуна самт бо сабаби зерин собит сохтааст: “Стратегияи худро надошта, шумо зери таъсири тактикаи бегонагон мемонед”.

Дар бораи стратегия сухан карда, муаллифи муосири японӣ Исуна Хасэкура (соли тав.1982) тағйирпазирии стратегия ва мутобиқ сохтани онро ба стратегияи рақибон шарти зарурии бадастории муваффақият дар татбиқи стратегия медонад: “Дар ҳар сурат, чунонки як генерале замоне таъкид доштааст, ҳамеша ғолиб шудан муяссар намегардад, агар шумо танҳо ҳамон як стратегияро ба кор баред. Беҳтарин ва боэътимодтарин роҳ ба сӯйи ғалаба ин мутобиқ шудан ба стратегияи рақиб аст”.

Андешаҳо оид ба моҳияти стратегия хеле зиёданд, вале бо овардани ду андешаи дигари адибон кифоя мекунем. Аввалан, ин суханони нависандаи машҳури англис Артур Конан Дойл (1859–1930) аст, ки бо забони қаҳрамони машҳури худ Шерлок Холмс фармудааст:  “Стратегияи ба музаффарият баранда қурбониро талаб мекунад”. Сониян, ин суханони  Терри Гудкайнд (соли тав. 1948) – адиби муосири амрикоӣ мебошанд, ки гуфтааст: “Умед бастан чандон стратегияи хубе нест”.

Бояд таъкид намуд, ки механизми амалӣ гаштани ҳар гуна стратегия истифода аз фаъолияти навъҳои гуногунро тақозо мекунад. Ин фаъолиятҳоро асосан ба чунин навъҳо ҷудо мекунанд: идоракунии таваккалҳо (рискҳо); ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳо (вазифаҳо); таҳияи нақшаи дастёбӣ ба ҳадафҳои гузошташуда; таҳияи механизмҳои назорат ва татбиқи стратегия бо дарназардошти фарҳанги ташкилӣ; таҳияи низоми нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ; таҳияи модели иқтисодии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ғайра.

Чунончи таъкид доштем, мафҳумҳои стратегия ва тактика дар соҳаи ҳарбӣ пайдо шудаанд, аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки бо мафҳуми дигаре низ, ки дар ҳамин соҳа пайдо шуда, бо онҳо робитаи қавие дорад, яъне стратагема, киҳамзамон механизмҳои нави расидан ба ҳадафҳои стратегиро то андозае пешниҳод менамояд,шиносоӣ дошта бошем. Стратагема калимаи юнонӣ буда, маънии “ҳила ё найранги ҳарбӣ”-ро дорад ва ба ду маънӣ ба кор меравад: 1) ҳилаи ҳарбӣ, ки рақиб ё душманро ба роҳи хато мебарад. Ин мафҳум дар фарҳанги чинӣ зиёда аз се ҳазор сол боз мавриди истифода қарор дорад;  2) як алгоритм ё тартиби рафтор, мураттабии ҳисобшудаи фаъолиятҳо, ки барои бадастории ягон ҳадафи ниҳонӣ ва ё ҳалли ягон масъала бо дарназардошти ҳатмии психологияи объект, вазъи он, шароит ва махсусиятҳои дигари вазъ нигаронида шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки азбаски мафҳуми стратагема дар фарҳанги юнонӣ пайдо шудааст, дар нисбати ин фарҳанг асосан дар шакли «стратегема» истифода мешавад. Дар нисбати тамаддуни чинӣ бошад, ҳамон мафҳуми стратагемаро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Стратагема дар фарҳанги чинӣ дар рисолаи қадимии “Саншилю тсзи мибэн тситсзе” («Китоби махфии сию шаш стратагема бо тафсири онҳо» тафсир ёфтааст. Ин рисола 36 стратагемаи машҳурро фаро мегирад, ки ҳар яке барои осонии корбурди он танҳо аз се иероглиф иборат аст. Ин стратагемаҳо ба таври маҷозию ташбеҳӣ баён гардида, ҳар кадоме ба таври схематикӣ дар гексаграммаҳо тафсир шудаанд ва бо мисолҳо аз асари машҳури “И тсзин” (“Китоби дигаргуниҳо”) тақвият ёфтаанд. Ҳамаи 36 стратагемаро ба 6 гурӯҳ тасниф менамоянд: стратагемаҳои муборизаи музаффариятнок; стратагемаҳои мубориза дар ҳолати баробарии қувваҳо; стратагемаҳои мубориза бо роҳи ҳамла кардан; стратагемаҳои мубориза бо якчанд иштироккунанда;  стратагемаҳои мубориза якҷоя бо тарафи сеюм; стратагемаҳои мубориза, ки бо мағлубият анҷом меёбад.

Чунонки аз номгӯяшон бармеояд, стратагемаҳои чинӣ асосан ҳадафи ҳарбӣ доранд. Масалан, “Дар шарқ ғавғо бардошта, дар ғарб ҳуҷум кардан”, “Аз ҳеч чиз ягон чизе баровардан”, “Агар доштан мехоҳӣ, аввалан сар бидеҳ”, “Барои безарар сохтани дастаи роҳзанон бояд аввалан саркардаи онҳо дастгир шавад”, “Худро аблаҳ нишон додан, вале ақлро гум накардан”, “Дар вақташ гурехтан, роҳи беҳтарини ҳалли масъала” ва ғайра. Аз ин рӯ, аз тафсири мушаххаси стратагемаҳо худдорӣ намуда, масъалаеро, ки дар асоси онҳо пайдо гардидааст, яъне таҳлили стратагемиро шарҳ медиҳем.

Таҳлили стратагемавӣ ин раванди ба қисмҳои таркибӣ ҷудо намудани объект ва ё зуҳурот мебошад, ки бо мақсади омӯзиши муфассалтар ва амиқтари онҳо, инчунин, барои фаҳмиши табиат, моҳият ва қонунияти ин объекту зуҳурот дар гузашта, ҳозира ва оянда нигаронида шудааст.

Дар асоси стратагема ва таҳлили стратагемавӣ инчунин, мафҳуми стратагемият пайдо шудааст, ки аслан маънии пайвастани стратегияро бо малакаи моҳирона ба дом кашидани рақибонро дорад, вале ин маъниии онро надорад, ки дар татбиқи стратегия ҳатман ба фанду фиреб ва ҳилаву найранг роҳ дода шавад. Ҳамаи ин ба он ишора мекунад, ки бояд дар ҳар як кор, хоҳ шахсӣ бошад, хоҳ давлатӣ, инсон қобилияти худро барои ташкили ҳар гуна стратагемаҳои мувофиқу муносиб равона созад, дар ин раванд ба таври стратегӣ фикр ронда тавонад, қобили тарҳрезии нақшаҳои дарозмуҳлат бошад ва онҳоро барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марғубу зарурияш истифода барад. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки қобилияти стратегамасозиро санъат ҳисоб мекунанд ва ба ҳар як инсон тавсия дода мешавад, ки ин санъати зиндагисозро низ дар баробари ҳунарҳои дигар биомӯзад ва азбар намояд.

Хуршед Зиёӣ,

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед