Таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли навин Паёми муфассали роҳбарияти кишвар ба мақоми қонунбарор ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ ироа гардад. Ин таҷриба нишонаи ҳисоботдиҳанда ва шафоф будани фаъолияти ҳокимияти иҷроияро дошта, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар низоми давлатдории миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки ироаи Паёми кишвар ба марҳилаи муосир мутаалиқ набуда, таҷассумгари анъанаи таърихии давлатдории тоҷикон дониста мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар замонҳои қадим, дар остонаи ҷашни иди Наврӯз, ки маънии оғози соли навро дар худ дошт, Шоҳ Ҷамшед муроҷиатномаи махсуси худро дар шакли Паём ироа мекард, ки “Аз Наврўз то Наврўз” ном дошт. Дар матни Паёми Шоҳ Ҷамшед дастовардҳои асосии мамлакат дар марҳилаи гузашта натиҷагирӣ шуда, тасмимҳои минбаъда масъалагузорӣ мешуданд. Чунин иқдоми накў ҳамчун таҷрибаи нодири давлатдорӣ аз ҷониби тамоми тамаддунҳои дигар мавриди омўзиши амиқ қарор гирифта, тадриҷан дар амалияи давлатҳои гуногун ҳамчун рукни ҳокимияти мардумӣ пиёда шудааст.
Худи мафҳуми калимаи “паём” ба маънои сухан ё мазмунест, ки касе барои касе мегӯяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома, давъват ва огоҳӣ истифода мешавад.
Ҳамчунин, мафҳуми “Паём” дар истилоҳи давлатию сиёсӣ аз маънои аслию луғавии он ҷандон дур нест, зеро Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ӯ мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад. Паёми роҳбари давлат аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ дошта, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронист. “Паёми Президент” санади расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти барномавӣ дорад.
Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари як давлат он дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат аст.
Яъне, Паём сухани самимии Роҳбари давлат ба ҳар як ватандор, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Чун рукни анъана, рўзи 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин анъанаи расмии солонаи Ҳукумат ва фарҳанги хоси ҳисоботдиҳиву супориш ва вазифаҳои тақдирсози ояндаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди «давлат» ва барои «миллати тоҷик» дониста мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдату ҳамдилӣ, бунёдкорию созандагии самаранок дар партави сиёсати хирадмандонаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳ ва мавқеи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки имрўз хеҷгуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа ва ҷаҳон беҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Ҳамчунин, бояд дар назар дошт, ки натиҷагирии дастовардҳои имсола дар шароити бисёр мушкили геополитикиву таззодҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст. Вобаста ба ин, вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, марҳилаи кунунӣ яке аз давраҳои душвортарини таърихӣ қариб сад соли охир ҳисобида мешавад. Новобаста ба ин, бо ишора ба суханҳои Пешвои муаззами миллат бояд қайд намоем, ки “ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.
Мувофиқи таҷрибаи устувор ва вобаста ба моҳияти мантиқиву таркибӣ ҳамасола дар Паём давраи мушаххаси ҳисоботӣ ҷамъбаст гардида, марҳилаи мушаххасро дар бар мегирад ва чунин бахши ҳисоботӣ дар шакли ҷудогона ва ё зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои алоҳида ироа карда мешавад. Мувофиқи сохтори матни Паём, бахши ҳисоботии он мантиқи мушаххаси таҳлилӣ дошта, дар баробари арзёбии дастовардҳои сиёсати давлатӣ, ҳамчунин иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва натиҷаи ҳосилшударо ҷамъбаст намуда, вазифаву супоришҳои ҳадафнокро дар назди ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои бештар пеш гузошта мешавад.
Аз ин рў, дар ин бахши ҳисоботӣ, ки бештар ҳамчун муқаддимаи васеи матни паём дониста мешавад, барои инъикоси раванди рушди кишвар аз методи муқоисавӣ истифода намуда, рақаму дастовардҳои имрӯза бо як соли дигари муайян қиёс карда мешаванд. Вобаста ба ин, дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди кишвар дар панҷ соли охир арзёбӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нишон дода шуданд. Махсусан, дар ин бахш зикр гардид, ки “Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард”.
Дар баробари бахши васеи ҳисоботиву қиёсу арзёбиву масъалагузориву натиҷагирӣ, Паёми роҳбари давлат ҳамеша саршор аз роҳнамоиву ҳидоятӣ барои мардуми кишвар мебошад. Дар ин бахш, маъмулан, изҳори эҳтироми хос ва боварӣ ба нерўи созандаи кишвар, даъват ба ваҳдату ҳамдилӣ, ватандӯстиву қадрдонии соҳибдавлатӣ, хиёнат накардан ба ватану давлати худ ва боварӣ ба ояндаи дурахшони кишвар таваҷҷўҳи хосса зоҳир мегардад.
Дар пайравӣ ба ин анъана, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ бо боварии комил изҳор намуданд, ки “мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд”.
Ҳамин тавр, Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат дар асл, матни муназзам, ҳисобшуда ва дорои мантиқу сохтори мураттабу мушаххасе мебошад, ки борҳо таҳриру коркард шуда, дар онҳо ҳар як банду сархат бо тартиби зарурӣ ва дар ҷойи зарурӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ қарор дода мешавад. Дар ин чаҳорчўб, Паёми ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мушаххаси консептуалӣ буда, стратегияи рушди давлатдории миллии моро барои марҳилаҳои минбаъда муайян менамояд. Вобаст ба ин, ҳар яки мо ҳамҷун шаҳрванди ин кишвари маҳбуб вазифадорем, ки Паёми Пешвои муаззами миллатро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ба халқи азизи Тоҷикистон ва барои низоми давлатдории миллӣ софдилонаву содиқона хизмат намоем.
Тағоймуродов Н.Р.,
корманди Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон