Санаи 20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ мизи мудаввари марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Корея” баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Усмонзода иштирок ва дар мавзуи “Рушд ва тавсеаи муносибатҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ” суханронӣ намуданд.
Дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар қатори сафирҳои давлатҳои иштироккунанда сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Киром Салоҳиддин Амриддинзода иштирок доштанд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон