Рӯзи 14 июни соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дар шакли онлайн) мизи гирди байналмилалӣ дар мавзуи “Раванди Самарқанд: дурнамои навсозии СҲШ” доир ба ислоҳоти Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҳамоиши маҷозӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт, олимон, дипломатҳо ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои СҲШ иштирок карданд.
Дар ҷаласаи пленарии мизи гирд директори Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳури Ӯзбекистон Владимир Норов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов, муовини аввали директори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов ва котиби Генералии СҲШ Чжан Мин суханронӣ карданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ҷаласаи панелии мизи гирд бо муроҷиати видеоӣ дар мавзуи “Нақши саммити Самарқанд дар мусоидат ба амиқ гардонидани эътимоди стратегии кишварҳои узви СҲШ” суханронӣ кард. Ӯ зимнан қайд намуд, ки бори аввал пас аз маҳдудиятҳои падемияи “Ковид–19” нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар Самарқанд дар моҳи сентябри соли 2022 ва санадҳои дар он қабулшуда нишон доданд, ки созмони мазкур дар баробари тағйири вазъи геополитикии ҷаҳон ва минтақа ҳамқадам аст. Дар баробари аъзоёни ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ширкати раҳбарони кишварҳои нозир ва шарикони муколама дар нишасти Саммити СҲШ гувоҳӣ медиҳад, ки нақши ин созмон дар пешрафти иқтисодҳои кишварщои рӯ ба тараққӣ, ки ба мавҷҳои таконҳои беруна нисбатан осебпазиранд, бахусус дар шароити буҳронӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад, дар ҳоле, ки муноқишаҳои геополитикӣ авҷ мегиранд, занҷирҳои ҷаҳонии таъминот канда ва иқтисоди ҷаҳонӣ заиф мешавад.
Дар идомаи суханронии худ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода таъкид кард, ки «Саммити Самарқанд” равшан нишон дод, ки бо дарназардошти равандҳои имрӯзаи ҷаҳон, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молиявӣ байни аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай зичтар ва бештар мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Саммити Самарқанд” пешниҳод намуд, ки Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таҳия карда шавад. Ин Стратегия ба ҳавасмандгардонии рушду пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷониби кишварҳои СҲШ дар шароити афзояндаи мушкилоти бозорӣ ва номуайянӣ нигаронида шудааст. Иқдоми мазкур ба талаботи рушди осоиштаву устувор, устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ ва идоракунии оқилонаи равандҳои глобалӣ комилан мувофиқ аст.
Ба гуфти Хайриддин Усмонзода, ҳадафи асосии Стратегияи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини пешрафти стратегии СҲШ дар соҳаи иқтисодӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии халқҳои давлатҳои мо нигаронида шудааст. Дар татбиқи Стратегия принсипи “рушди сабз” ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад, ки талошҳои муштаракро дар афзоиши суръати пешрафти иқтисодӣ бо таъсири ҳадди ақал ба муҳити атроф пешбинӣ менамояд.
Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он буд, ки СҲШ механизми кушода ва фарогир бошад ва раванди васеъшавии ин созмони бонуфузро дастгирӣ менамояд.
Дар хотима иштирокчиёни мизи гирди байналмилалӣ аз рӯйи маърузаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Дар маҷмуъ, миёни иштирокчиёни мизи гирди байналмилалӣ доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар масъалаи таъмини сулҳу субот дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон