Рӯзи 22 феврали соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 31-солагиии таъсиси Артиши миллӣ таҳти унвони “Таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ҳамчун омили таъмини амнияти миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, кормандони Марказро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими Истиқлоли давлатии кишварамон мухтасаран суханронӣ намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 фаъолиятро аз сифр оғоз кардааст. Яъне санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки Артиши миллӣ дар заминаи Фронти халқӣ ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуда буд. Минбаъд низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Сипас дар назди иштирокчиёни мизи гирд сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “Артиши миллӣ: ҷанбаҳои консептуалӣ ва ниҳодии ташаккули он дар даврони Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъминоти Артиши миллӣ бо қароргоҳу биноҳои лозима, техникаи ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ, либос ва озуқаворӣ, тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд. Илова бар ин, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд, ки тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ба шумор мераванд.
Дар идома, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодӣ” суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки таҷлил гардидани чунин санаҳои таърихие, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз кардаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки дар барқарор намудани сохтори конститутсионии кишварамон хизматҳои шоистаеро анҷом додаанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар самти шинохти рисолати миллӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлол муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар бахши музокираи мизи гирд иштирокчиёни ҳамоиш, андешаҳои судмандро иброз намуданд. Аз ҷумла, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, полковники мустаъфӣ Саидхоҷа Акбаров зимни суханронии худ марҳилаҳои асосӣ ва сабақҳои таърихии ташаккулёбюии Артиши миллии кишваро ба ҳозирин баён намуда, ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар тавсияҳои судмандро изҳор намуданд. Ҳамчунин мутахасиси пешбари Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, Нарзиев Ҷаҳонгир роҷеъ ба аҳаммияти байналмилалии Артиши миллӣ андеашаронӣ намуд. Қайд гардид, ки мусаллаҳшавии бошитоби мамлакатҳо дар замони муосир масъалаи мураккаб ва муҳимми ҷаҳонӣ буда, ба муносибатҳои байналхалқӣ, амният, сиёсат ва иқтисоди ҷаҳон таъсири амиқи худро мерасонад. Дар ин замина нақши Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ аҳаммияти бештарро касб намудааст. Ҳамин тавр сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, Нусратова Шаҳноза дар навбати худ қайд намуд, ки агар сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷисман дар ҳимояи Ватан бошанд, мардони матиниродаву ҷасури Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мағзи кишвар, тафаккури миллат ва манфиатҳои миллии мамлакатро бо ақлу заковати худ ҳимоя менамоянд ва бешак, аз сарсупурдагон ва фарзандони содиқи ин миллату давлат мебошанд. Дар фароварди суханронии худ Нусратова Шаҳноза аз номи кулли аъзои Шурои занони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ба кормандони Марказ табрик гуфт.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, бори дигар ҳайати кормандони Марказро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд.
Мизи гирд дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон