Рӯзи 3 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ” ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Марказ доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимни суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёд ва рушди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, заминаҳои устувор гузошт. Асосҳои сохти конститутсионӣ усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократия, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз ҷумлаи ин усулҳо мебошанд.
Хусусиятҳои муҳимтарини низоми идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи якуми Конститутсия, ба мисли соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ зикр шудаанд. Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ – роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии комилаш ифодакунандаи иродаи халқ аст. Вакилони Парлумонро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба монанди волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Ҳамин тавр, дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тайи 29 соли амали Конститутсия ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии ин санади сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бисту нуҳ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аниқу дақиқ интихоб шудааст. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ватани азизи моро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф намудааст. Агар ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд. Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар он дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ хоҳад кард.
Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мешаванд”.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Конститутсия истилоҳи лотинӣ “constitution” буда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Аммо мо имрӯз конститутсияро на бо ин маъно, балки ҳамчун қонуни асосӣ ё ин ки сарқонуни давлат медонем. Бинобар ин, савол ба миён меояд, ки аз кадом давра конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф намудаанд, чунки он таърихи тулонӣ дошта, бо маънои зикршуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ вуҷуд надошт. Бино ба гуфтаи мавсуф, пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ, рост меояд. Аниқтараш пайдоиши Конститутсия ҳамчун Қонуни Асосӣ ба инқилоби буржуазӣ хос мебошад. Бинобар ин, аввалин конститутсияи буржуазӣ ба маънои томаш Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамон давра оғоз карда, аввалин маротиба Конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд. Барои пурра ошкор намудани мафҳум, мазмун ва моҳияти конститутсия, қабл аз ҳама, мухтасар дар бораи инкишофи воқеии ҷараёни конститутсионӣ, яъне давраҳои асосии инкишофи конститутсионӣ маълумот медиҳем, афзуд номбурда.
Ҳамзамон дар идомаи мизи гирд сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Саидаҳтам Талбаков низ суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз рӯзи қабул карда шуданаш Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони чи дохилию чи хориҷӣ ва коршиносони созмонҳои байналхалқӣ баҳои баланд гирифта буд. Чунки он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯйи меъёрҳои демократикунонии ҷомеа мебошад.
Сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Акбаров Саидхоҷа дар ин мизи гирд суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи ниҳоят ҳассоси ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик ба масъалаҳои сарнавишсоз мувоҷеҳ гардид: “Аз ҷумла, яку якбора гузаштан аз як шакли давлатдорӣ ба шакли замони нав, бо шароити нави таърихӣ, сохтори нави роҳбарӣ, тафаккури нави сиёсӣ, бо муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таҳия ва қабули қонунгузории ҷавобгӯй ба ин шакли ҷамъиятӣ, давраи хеле тулонӣ ва заҳмати зиёдеро талаб мекард. Мутаассифона, дар ин раванди тақдирсоз қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонид, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт”.
Тавре зикр гардид, бори аввал ғояи таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дарвоқеъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистона дар барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург гузошт. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи кунунии кишвар дастоварди бузурги сиёсию таърихии миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик маҳсуб гардида, дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои муҳиму сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, то санаи 6-уми ноябри соли 1994, яъне то рӯзи баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ марҳалаҳои мухталифи такомулро тай намудааст”.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон