Рӯзи 29 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо марбут ба татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва бахшида ба ҷаласаи бисту сеюми Шурои машваратӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мизи гирд дар мавзуи “Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар буд. Дар кори мизи гирд намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор. узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки рушди ҳаматарафи соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ва ба рушди соҳибкории иноватсионӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, аз ҷумла татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, пешниҳод кардани беш аз 120 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таъсири мусбат расонид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 дарсади маблағҳои пешбинишуда рост меоянд, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Илова бар ин, ҳоло ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ бо дарназардошти масъалаҳои ҳалталаби дар Барномаи қаблӣ ҷойдошта. Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 қабул гардидааст. Инчунин, Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар натиҷаи он шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо бошад, паст карда шуданд, ки барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Ҳамин тавр, ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии он ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин карда шавад. Илова бар ин, аз таҳлилҳои мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегӣ мушоҳида мегардад, ки баъзе аз соҳибкорон, хусусан дар минтақаҳои кишвар, на танҳо аз моратория истифода намебаранд, балки ба мафҳум ва роҳҳои бархӯрд аз он сарфаҳм намераванд. Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ доир ба гузаронидани мониторинги сатҳи бархӯрдории субъектҳои соҳибкорӣ, вобаста ба имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва қарзию молиявии дар қонунгузории амалкунанда пешбинигардида, инчунин, мониторинг доир ба рафти иҷрои воқеии мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар стратегия ва барномаҳои давлатӣ муайянгардида бояд пайваста чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳоло рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ, дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Вале дар ин самт ҳоло барномаи мушаххаси дигаре ба ғайр аз “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, ба таври алоҳида таҳия ва қабули Барнома ё Стратегияи махсуси рушди соҳибкории инноватсионии истеҳсолиро ба мақсад мувофиқ аст.
Масъалаи дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ низ муҳим боқӣ мемонад. Боло бурдани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Дар умум, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, қимматшавии маводи минералӣ, об ва дигар воситаҳои кумакрасон то андозае ҳавасмандии соҳибкоронро ба рушди истеҳсолот коҳиш медиҳад. Ҳоло он ки бояд бештари маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои нави ба истифода дода шаванда ба содирот нигаронида шуда бошанд.
Ҳоло дар назди Тоҷикистон доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди соҳибкориии инноватсионӣ вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории инноватсионӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст. Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионии истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа, зоҳир карда шавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дирӯз, 28 ноябри соли ҷорӣ, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шуро баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба рушди соҳибкории занону духтарон, соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ ва ғайра мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат, Раиси Шурои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки рушди фаъолияти соҳибкории иноватсионӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат пазируфта шудааст. Шурои машваратии назди Президенти мамлакат доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар сохтани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар муддати фаъолияти он ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардидааст.
Президенти мамлакат дар баробари густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, гуногунсамтиву рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди «иқтисоди сабз”, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсониро аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ дониста, дар ин ҷода саҳми муассири бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳақиқат, чунончи Пешвои миллат таъкид карданд, гарчи дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, вазъи баамаломада моро водор месозад, ки ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш, таҳлилу баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳем. Аз ин лиҳоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу арзёбии фазои соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории иннноватсионӣ дар кишвар тасмим гирифт, ки ин мизи гирдро баргузор намояд. Аз натиҷаҳои кори ҳамоиш гузориши таҳлилӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии МТС–и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев дар мавзуи “Рушди соҳибкориии иннноватсионӣ дар кишвар: замина ва мушкилот”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзуи “Инкишофи шуғли босамар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун омили рушди инноватсионии иқтисодиёт”, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов дар мавзуи “Мушкилоти андозбандиии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо”, муовини директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”-и Кумитаи давлатиии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзмуҳаммад Саидов дар мавзуи “Тадбирҳои рушди соҳибкорӣ дар кишвар дастовардҳо дар ин самт”», муовини якуми раиси Ассосиатсияи миллиии занони соҳибкори “Кадбону” Насима Баҳромова дар мавзуи “Занон ва соҳибкории инноватсионӣ: логистикаи сабз”, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Убайд Акрамов дар мавзуи “Имкониятҳо ва ҳадафҳои асосиии татбиқи дастовардҳои илмию инноватсионӣ ва тиҷраткунонии он”, сармутахассис-коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии “Маркази миллиии патенту иттилооти Тоҷикистон”-и Вазорати рушди иҷтисодиёт ва савдои Тоҷикистон Баҳодур Назаров дар мавзуи “Вазъи ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумоти таҳлилӣ барои давраи солҳои 1993– 2022”, мудири шуъбаи рушди неруи инсонии Муассисаи давлатиии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти иқтисодӣ”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуралӣ Шоҳиён суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш дар бахши музокира пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуд, ки нишасти илмии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон