Санаи 3 июли соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ-амалиро таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мизи гирдро директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мавзуи имрӯзаи мизи гирд – “Масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир” хеле муҳим ва мубрам мебошад. Мавсуф иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста, дар суханрониҳо ва мулоқотҳояшон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа пиромуни хатару таҳдидҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба давлатҳои миллии соҳибистиқлол изҳори нигаронӣ карда, вобаста доир ба суботи сиёсии кишвар андешаҳои арзишманду мондагорро таъкид менамоянд. Ин нигарониҳои Сарвари давлат беҳуда нест, зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозию барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ ба ҳар васила кӯшиш менамоянд. Онҳо барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, хусусан ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, зуҳури созмону ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар фазои маҷозӣ ва афзоиши ҷиноятҳои киберӣ тавассути интернет моро водор месозад, ки қабл аз ҳама, дар бобати пешгирӣ ва бартараф сохтани хатару таҳдидҳои фазои маҷозӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва ба ин восита амнияти миллӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотии давлатро дар шакли муносиб таъмин намоем.

Хайридин Усмонзода тазаккур дод, ки имрӯз дар ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд. Мувофиқи омори “Websiterating.com” беш аз 5,6 миллиард сокини сайёраи Замин истифодабарандагони шабакаи интернет мебошанд. Аз ин бармеояд, ки шабакаи интернет тадриҷан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарият ворид мегардад. Чунин вазъият боис гардидааст, ки давлатҳои ҷаҳон дар раванди таъмини амнияти миллии хеш доир ба киберфазо ё худ фазои маҷозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Махсусан, масъалаи имконот, таҳдид, қудрат, ҳуҷум ва ҳимояи фазои маҷозӣ барои давлатҳо рӯзмарра гардида, онҳоро водор намудааст, ки муносибати махсусро дар ин замина ба роҳ монанд.

Аз ин лиҳоз, мутолиа ва дарки ҳодисаю воқеаҳои ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол то сол бештар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком бахшад. Айни замон фазои суботи кишвар имкон додааст, ки бузургтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни кишвар бо ҷалби сармоягузории хеле калони хориҷи амалӣ гарданд ва мардуми ҷумҳурӣ дар фазои амну субот кору фаъолияти пурсамар дошта бошанд.

Сипас, директори Пажуишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон дар мавзуи “Равандҳои муосири муҳоҷират ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “ Стратегияи таъмини суботи сиёсӣ дар шароити афзоиши рақобатҳои геопаолитикӣ”, сармуҳаррири идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиаи “Телевизиони Тоҷикистон” Фатҳиддин Замон дар мавзуи “Мавқеи ВАО дар таҳкими суботи сиёсӣ ва муқовимат бо интишори маводи носаҳеҳ” ва сардори Раёсати таъмини иттилоот Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Мушкилоти асосии амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо” суханронӣ карданд.

Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти сиёсии ҷомеа ва масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии заминаю омилҳои тақвиятбахши суботи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба равандҳои пурзиддияти муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ, мавқеи ВАО дар таҳкими суботи сиёсӣ ва мусоидат ба устувории фазоии иттилоотии кишвар дар қиболи ин падидаҳо, бартарафсозии ҷанбаҳои осебпазири суботи иқтисодӣ ва роҳҳои мусоидат ба рушди стратегии сиёсати давлатӣ дар қаринаи таҳдиду чолишҳои муосири байналмилалӣ дар шароити имрӯза ибрози назар ва табодули афкор намуданд.

Дар ҳамоиш ба масъалаҳои худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар фикру андешаҳои ҷолиб иброз гардид, ки муҳиммият ва эътибори авалиндараҷаро талаб менамоянд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 
 Хадамоти матбуотии
 Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед