Рӯзи 30 декабри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо марбут ба татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мизи гирд дар мавзуи “Дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём” баргузор гардид.

 Ҳадафи ҳамоиш дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми соли равон баргузор гардид, таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ва вазъи фазои сармоягузорӣ дар кишвар аст, ки аз ҷониби ширкаткунандагон мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки рушди ҳаматарафи соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории инноватсионӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба рушди соҳибкории иноватсионӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми имсола, ки рӯзи 28.12.2024 доир гардид аз ҷониби Сарвари давлат ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, аз ҷумла ба кумита ва вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки бо нишон додани маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираю имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат дар муҳлати се моҳ «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намоянд.

Пешвои миллат ҳамзамон таъкид намуданд, ки масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назар талаб менамояд. Зеро ҳоло ин имтиёз на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҷорӣ мегардад. Роҳбари давлат изҳор намуданд, ки «Дар чунин ҳолат қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи бунёд ва таҷҳизонидани корхонаи нав, яъне то ба даст овардани фоида рост меояд ва соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархӯрдор намешаванд».

Директори Марказ Х.Усмонзода дар ҳошияи нуктаҳои ироагардидаи Президенти мамлакат дар Паёми имсола суханрониҳояшонро идома дода, зикр намуданд, ки айни замон, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ, дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Аз суханрониҳои Сарвари давлат аз Паём чунин натиҷагирӣ намудан бамаврид аст, ки ҳоло дар назди Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди соҳибкориии инноватсионӣ вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, зимни ироаи Паём Президенти мамлакат дар баробари густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, гуногунсамтиву рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди «иқтисоди сабз”, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсониро аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ дониста, дар ин ҷода саҳми муассири бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи мулоҳизаҳояшон Хайриддин Усмонзода зикр намуданд, ки чуноне ки аз ироаи Паём бармеояд, масъалаи дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ низ муҳим боқӣ мемонад. Боло бурдани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Дар умум, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, гароншавии маводи минералӣ, об ва дигар воситаҳои кумакрасон то андозае ҳавасмандии соҳибкоронро ба рушди истеҳсолот коҳиш медиҳад. Ҳоло он ки бояд бештари маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои нави ба истифода додашаванда ба содирот нигаронида шуда бошанд, ки ин масъала низ аз назари Пешвои миллат таҳлилу баррасии амиқ карда шуд.

Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории инноватсионии истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки рушди фаъолияти соҳибкории иноватсионӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат пазируфта шудааст. Доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар сохтани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар мамлакат корҳои арзишманд амалӣ гардида истодааст.

Дар интиҳои суханронӣ Хайриддин Усмонзода қайд намуданд, ки дар ҳақиқат, дар Паём Пешвои миллат таъкид карданд, агарчи дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, вазъи баамаломада моро водор месозад, ки ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш, таҳлилу баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳем.

Аз ин лиҳоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу арзёбии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории иннноватсионӣ дар кишвар бо такя аз супоришҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тасмим гирифт, ки дар ҳошияи он ин мизи гирдро баргузор намояд. Аз натиҷаҳои кори ҳамоиш гузориши таҳлилӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Сипас дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзуи “Рынок труда Республики Таджикистан: состояние, проблемы и пути их решения в контексте задач Послания Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии МТС–и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев дар мавзуи “Дастовардҳои рушди соҳибкорӣ,сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ: аз Паём то Паём” ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ҷамшед Солеҳов дар мавзуи “Дастовардҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024: аз Паём то Паём” суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш дар бахши музокира пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуд, ки нишасти илмии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед