Санаи 19.03.2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳамчун омили рушд дар стратегияи давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Директори Марказ Усмонзода Х.У., чорабиниро ифтитоҳ намуда зикр кард, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашнеро ба тимсоли Наврӯз дарёфтан муҳол аст, ки аз замонҳои хеле дур падид омада, асолати худро то имрӯз ҳифз карда бошад.Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёист, ки ба унвони иди баҳор, тақвими астрономӣ ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21-22-юми март ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Сабаби мондагории Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни мардумӣ ва табиӣ будани он аст, ки аз оғоз дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташаккул ёфта, минбаъд ба ҳайси ҷашни давлатӣ ва байналмиллалӣ эътироф шудааст.
Ифтихори мо шаҳрвандони мамлакат аст, ки дар замони Истиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми арзишҳои миллии мо аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, дар сатҳи давлатӣ ва бо тамоми ҷалолу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ доштани Наврӯз дар замони муосир дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳайси як ҷашни башардӯстона ба тақкими фарҳанги муоширати мардумон, ҳамкории самарбахши давлатҳо мусоидат намуда, омили муҳимми ҳамгироии ақвоми мухталиф дар ҷаҳон гардидааст. Ин ҷашни бошукӯҳ ҳамчунин дар таҳкими дустию рафоқат ва ба ҳам наздик шудани ҷашну маросим ва тамаддуни халқҳои минтақа нақши муассир гузоштааст.
Мавсуф иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши чандинсолаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар интиҳои суханронии худ профессор Хайридин Усмонзода, қайд намуд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мардуми тоҷик аст,ки дар замони Истиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми арзишҳои миллии мо аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, дар сатҳи давлатӣ ва бо тамоми ҷалолу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз арзишмандтарин, волотарин ва бузургтарин ҷашни бостонӣ ва муосир дар таърихи тамаддуни мардуми ориётабор ва аҳли башар мебошад, ки аз замонҳои хеле дур то рӯзгори мо омада, то имрӯз ҳифз шудааст. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва муосир, яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ, пайвандгари наслҳо ва хотираи таърихии ақвоми эронӣ ба вижа мардуми тоҷик аст, ки дар садаи равон нуфузу эътибори он ба ҳайси як ҷашни умумибашарӣ афзудааст. Баъдан, аз номи роҳбарият тамоми аҳли кормандони Марказро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд.
Сипас, дар идомаи мизи гирд, Давлатов Рамазонӣ, котиби матбуотии Марказ дар мавзуи “Нақши устураҳо, бовариҳои динӣ ва расму ойинҳо дар шинохти ҷашни Наврӯзи Аҷам”, Сангов Тоҷиддин, ҳуқуқшиноси Марказ дар мавзуи “Наврӯз – падидаи фарҳанги бостон ва ифтихори миллии тоҷикон”,Манижа Қадамова, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар мавзуи “Праздник Навруз как фактор формирования национальной идентичности”, Хатича Суфизода, мутахассиси пешбари Раёсати таҳқиқоти масъалаҳои соҳавӣ дар мавзуи “Наврӯз – ҷашни созандаву сулҳофар ва мероси таърихи ниёгон” ва Бахтовар Рашидов, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ дар мавзуи “Аҳаммияти байналмилалии ҷашни Наврӯз” бо маърузаҳо баромад намуданд.
Дар бахши музокираи маҳфили наврӯзӣ муовини директор, Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд суханронӣ карда, дар бораи мақому манзалати Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар ҷаҳони муосир ибрози назар намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон