Рӯзи 19 марти соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Наврӯз пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.
Аз ин хотир мардуми тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тамоми ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун сарчашмаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми давраҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони гуногунро ба сӯйи амалҳои неку созанда ҳидоят кардааст.
Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки мардумони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. Мақоми байналмилалиро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии мушкилоти башарӣ тамоми мардуми сайёраи Заминро ба иҷрои амалҳои волои инсонӣ раҳнамун месозад.
Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё гардида, имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад. Дар эҳё ва ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалӣ касб кардани ҷашни Наврӯз хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии мазкур на танҳо дар дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, балки дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил карда мешавад.
Наврӯзи имсола аҳаммияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.
Имсол низ мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободониву пешррафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар саросари кишварамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Махсусан, деҳқонони асили кишварамон дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати дастархони наврӯзии мо мебошад, кӯшишу талош доранд. Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, тозаву озода гардонидани хонаву манзил ва хиёбону маҳалли зист аз ҷумлаи корҳое неке мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон анҷом диҳем,–гуфт Хайриддин Усмонзода ва дар фарҷоми суханронӣ аз номи роҳбарият тамоми аҳли кормандони Марказро ба муносибати Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд.
Сипас дар бахши аввали ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Бозтоби зуҳури ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ” ва котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз” суханронӣ намуданд.
Дар бахши дуюми мизи гирд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи “Ҳаёт ва рӯзгори ибратбахши Мирзо Ашӯров дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар замони Истиқлоли давлатӣ” ба муносибати зодрӯз ва 70-умин солгарди соҳибҷашн маърӯза кард. Яке аз хислатҳои наҷиби Мирзо Ашӯров садоқат ва вафодорӣ ба миллату давлат аст, ки ӯ дар муддати фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ онро зоҳир намуда, барои пешрафти давлату миллати тоҷикон хизматҳои шоиста намудааст. Солҳои 1990–1994, ҳангоми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, масъулияти роҳбарии яке аз корхонаҳои муҳим ва ҳаётии давр корхонаи нонпазии шаҳри Ваҳдатро ба зимма гирифта, дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти онро доимӣ роҳандозӣ намуда, барои аз гуруснагӣ раҳонидани тарбиягирандагони боғча-кӯдакистонҳо, хонаи пиронсолон ва сокинони шаҳр хизмати босазо намуд. Давоми солҳои 1994–1998 ба ҳайси раиси ҷамъияти матлуботи Роҳатии шаҳри Кофарниҳон (алҳол Ваҳдат) ҳамеша ба халқ такя карда, барои таъмин намудани ҳама гуна ниёзҳои мардум пайи кору фаъолият шуда, дар байни халқ эҳтироми хос соҳиб гашт. Аз ҳамин ҷост, ки сокинони шаҳри Ваҳдат шаш даъват оғоз аз соли 1993 то соли 2020 ӯро вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Ваҳдат интихоб карданд.
Устод Ашӯров солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон дар вазифаҳои масъулиятнок бенуқсон кор кард. Аз ҷумла, дар КМИР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон солиёни зиёд фаъолияти пурсамар дошт ва дар ин муддат аз референти хизмати давлатии дараҷаи якум то ба мушовири давлатии дараҷаи сеюм расид. Дар сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои хориҷӣ чун намояндаи салоҳиятдори Тоҷикистон ба ҳайси нозири ҷараёнҳои интихобот дар як қатор кишварҳои хориҷӣ обрӯву эътибори давлатамонро баланд бардоштааст. Вай барои хизматҳои шоиста дар баргузории интихоботҳо дар ҳайати гурӯҳи кории нозирони давлатҳои ИДМ бо имзои Котиби кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо “Сипоснома” қадрдонӣ шудаед.
Тайи ҳашт соли фаъолият дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ фаъолияти пурсамар нишон дода, барои пешбурди сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад. Махсусан, дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҳарбиву ватандӯстии насли наврас, риояи танзими ҷашну анъанаҳои миллӣ ва ғайра иштироки фаъолона дорад. Мавқеи миллӣ ва андешаи созандаи вай боис гардидааст, ки ҳайати кормандони Марказ дар симои ӯ яке дастпарварони шоистаи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинанд ва ҳурмату эҳтиромашонро баҷо меоранд.
Фаъолияти пурсамару содиқона ва заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи Мирзо Ашӯров бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 сол, таҳти №687, бахшида ба 17-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва нишони сарисинагӣ ва қадрдонӣ шудааст.
Инак, хушхабар расид, ки ба ифтихори ба 30-солагии ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо имзои Раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев барои хизматҳои шоён ба муносибати 70-солагии зодрӯз Мирзо Ашӯров бо Ифтихорномаи ИДМ сарфароз гардонида шуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент Хайриддин Усмонзода соҳибҷашни муҳтарам Мирзо Ашӯровро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ӯро бо “Ифтихорнома” ва ҷоизаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Дар охир ба котиби матбуотӣ ва кормандони Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ ба ифтихори 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ифтихорномаҳо ва мукофотҳо супорида шуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон