Рӯзи 29 декабри соли 2029 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва таъмини суботи сиёсии кишвар дар шароити муосир»-ро баргузор намуд. Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мизи гирдро директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, бо дарназардошти ҳадафҳои рушди кишварамон дар марҳилаи нави таърихӣ нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар таъмини суботи сиёсии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки меҳвари асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъалаҳои таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат ташкил дода, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз унсурҳои муҳимми ин равандҳо ба шумор меравад. Аз ҷумла, зимни ироаи Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиш  Муҳаммадзода П.А.,  доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, муовини директори Марказ бардоштҳои худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба аҳаммияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таъмини суботи сиёсӣ иброз намуд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва маърифати истифодаи технологияи муосир дар самти татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ кафили муваффақият ва пешрафтҳои беназири сиёсати давлатӣ ба шумор  меравад.

Дар заминаи суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақаю ҷаҳон ва ҷиноятҳои киберӣ, Муҳаммадзода П.А., қайд намуд, ки бо дарназардошти вазъи муосир ҷиҳати таъмин намудани амнияти кишвар моро зарур аст, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тадбирҳои судманд ва саривақтӣ андешем.

Сипас Саидҳомид Шарифзода, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар мавзуи “Арзёбии тасмимҳо дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дарназардошти масъалаҳои мубрами соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими фаъолияти иттилоотӣ дар тамоми соҳаҳо ба танзим расидааст. Матраҳ будани меъёрҳо ва асноди танзимкунанда ба мо имкони фаъолияти мутавозинро дар низоми мураккаби иттилоотии дунё фароҳам меорад.

Ҳамчунин, Умед Пудинаев, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ дар мавзуи “Истифодаи платформаи иттилоотӣ дар татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ” маъруза намуда, иброз дошт, ки фазои иттилоотии ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар раванди босуръати ташаккулёбӣ қарор дорад, бидуни истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, истифодаи платформаи иттилоотӣ бо усулҳои муносиби замонавӣ дар самти татбиқ гардидани манфиатҳои миллии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар идома Шаҳноза Нусратова, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ  дар мавзуи Технологияи иттилоттию коммуникатсионӣ ҳамчун василаи таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар” суханронӣ намуд, андешаҳои худро  доир ба вазъи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар ба туфайли технологияҳои иттилоттию коммуникатсионӣ иброз намуд.

Дар охир иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни масъалаҳои матраҳгардида ибрози назар ва табодули афкор намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш ҷиҳати таҳлилу баррасиҳои арзишманд изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 
 Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед