Рӯзи 31 майи соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2023 мизи гирд дар мавзуи «Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии таъминоти кадрии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта буд.
Дар мизи гирд масъалаҳои зерин таҳлил ва арзёбӣ гардиданд:
–низоми омода намудани кадрҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ;
–вазъи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ;
–таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ дар таъмини кадрҳои соҳаҳои маориф ва
тандурустӣ;
–вазъи ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустӣ;
–сиёсати гендерӣ дар таъмини кадрҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, дар бораи мавзуи мизи гирд ибрози назар кард.
Сипас ҳамоиш таҳти раёсати доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ идома дод. Дар назди ҳозирин доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи “Вазъи таъмини мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмиву омӯзгорӣ: машкилот ва тамаюлҳо”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Табаралӣ Ғаниев дар мавзуи “Менеҷменти креативӣ ҳамчун система ва модели стратегии омӯзиши ташаккули рушди неруи касбии инсонӣ”, доктори илмҳои педагогӣ, роҳбари Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зарина Сайфуллоева дар мавзуи “Мушкилоти кадриро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чӣ тавр бартараф кунем?”, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вафобек Баҳромбеков дар мавзуи “Проблемаи касбинтихобкунӣ ва пайомади он дар тайёр кардани мутахассисон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ Анвар Бобоев дар мавзуи “Таъсири вазъи иҷтимоию иҷтимоии кишвар ба муҳоҷиршавии кадрҳои соҳаи маориф ва тандуустии Тоҷикистон”, номзади илмҳои тиббӣ, дотсент, директори маркази рушди стратегӣ ва сифати таҳсилоти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмудзода Хайём дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои омодасозии кадрҳои тиббӣ”, номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Беҳрӯ Насурова дар мавзуи “Худмуайянкуниии касбии ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сотсиологӣ Марҳамат Назирова дар мавзуи “Масъалаи таъмини кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Садафмоҳ Сафарзода дар мавзуи “Масъалаи тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022”, ходими хурди илмии шуъбаи сотсиологияи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Васила Бозичаева дар мавзуи “Пешрафти амудӣ ва уфуқии касби омӯзгор дар Тоҷикистон ҳамчун шарти омодасозиии кадрҳои педагогӣ” суханронӣ карданд.
Баъдан иштирокчиёни мизи гирд пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаи арзишманд иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон