Рӯзи 25 феврали соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш сардорон ва муовинони сардорони раёсатҳо, мутахассисон ва коршиносони Марказ ширкат варзиданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода кушода, зимни суханронии ифтитоҳӣ баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахши ҷудонопазири минтақа нисбати равандҳои минтақавӣ ҳаргиз бетафовут намебошад. Зиёда аз ин, Тоҷикистон як кишвари фаъоли минтақа ва давлати пешқадам дар равандҳои ҳамгароии минтақавӣ ба шумор меравад. Дар сиёсати хориҷии бисёрсамтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад. Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем”. Яъне бо пуштибонӣ аз чунин равиши сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама марҳалаҳо ғояи рушди ҳамкориҳо ва лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ менамояд.
Дар амалияи сиёсати хориҷии мо зери мафҳуми “минтақа” ба таври анъанавӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Дар санадҳои расмии соҳа дар ин бора таъкид мегардад, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бояд ҳамеша аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шаванд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфиятҳои ҳар як кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд.
Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистонро аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон тақозо мекунад.
Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ борҳо нишон додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем, чунки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказист.
Аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориҷии мо, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи унсурӣ ва фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа қоил аст.
Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасии равандҳои ҳамгироии минтақавӣ буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни муҳтарами ҳамоиш хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бора иброз медоранд.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлил ва ояндабиниии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов зимнии суханронии худ дар мавзуи “Вазъи нав дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он дар пешбурди сиёсати минтақавӣ” дар бораи мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мазкур изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят намудааст. Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.
Баъдан муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Исроил Баротов дар мавзуи “Инқилобҳои ранга ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодиии Марказ Озода Қурбонмуродова дар мавзуи “Ҳамкориҳои иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сохтори ҳамгиромии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” маъруза карданд. Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид баён намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таъмини рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ дар минтақа ба манфиати ҳамаи давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода саҳми муносиб мегузорад.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон