Рӯзи 11  майи соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар Пажӯҳишгоҳи афкори стратегии Туркия  бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон ва  намояндагони васоити ахбори омма  мизи гирд дар мавзуи  “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим” баргузор гардид. Дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Нақши ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва тағйироти иқлим”  ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) суханронӣ намуданд. Матни суханронии ӯ манзур мегардад.

***

Воқеиятҳои ҷаҳони муосир ва афзоиши мушкилоти вобаста ба обу тағйири иқлим собит намуда истодаанд, ки масъалаи дастрасӣ ба об ва идоракунии самараноки муҳити солими ҳаётгузаронии башарият дар даҳсолаи оянда ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст. Тайи ду даҳаи охир кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии захираи оби ошомиданӣ дар сайёра мебошад, ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз саҳми бузурги кишвари мо дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

Бо назардошти ояндабинии вазъи мавҷуда дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дипломатияи об” самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба масъалаҳои болозикр рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол дар ҷустустуҷӯ ва татбиқи ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтиром, эътироф ва дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиши мушкилоти марбут ба об ва муҳити зист ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯз аз он шаҳодат медиҳад, андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқ ва ҳақиқати худро дорад ва имрӯз маҳз ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлати мо буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли  мушкилиҳои обу иқлим кӯшиш доранд.

Мувофиқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва гармшавии иқлим яке аз омилҳои бад гаштани таъмини амнияти озуқаворӣ шудааст. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳсе аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Масалан, чуноне ёдовар шудем Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чаҳор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо бо иттифоқи оро қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Айни ҳол мо дар раванди татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қарор дорем. Дар доираи ин ташаббус кишвари мо дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иқдомҳои муҳимми илмӣ-амалӣ ва оммавиро татбиқ намуда истодааст. Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи татбиқи чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон аст. Дар конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шуда буд, ки барои бартараф сохтани  мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳалҳои  нав ворид гардиданд.

“Дипломатияи об” ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳам барои таъмини амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Дар саргаҳи ташаккулёбии манбаъҳои обӣ қарор гирифтани Тоҷикистон нақш ва ҷойгоҳи кишварро афзоиш додааст. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки беш аз 60 фоизи захираҳои обии минтақа аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим солҳои охир сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо ё худ як ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Дар чунин вазъият пешбурди “дипломатияи об” дар сиёсати хориҷӣ заминаҳоро барои ҳифз ва барқарории пиряхҳо фароҳам меоранд, то ин ки мушкилоти вобаста ба об дар кишвар ва хисороти аз офатҳои табиӣ воридшаванда ба ММД пешгирӣ карда шавад. Албатта, пешгирӣ ва ҳалли чунин мушкилот бе талошҳои муштарак ғайриимкон мебошад, зеро идоракунии об яке аз масъалаҳои мураккаб ва ҳаётан муҳим дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад.

Мувофиқи оморҳои илмӣ аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон 1000 ҳазор пирях аз байн рафтааст. Чунин вазъ дар дигар давлатҳои дорои пиряхҳои бузург низ ба мушоҳида мерасанд. Ҳоло Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳо бахшида ба ташаббусҳои навбатӣ яъне эълон гаштани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълони 21 марти ҳамасола ба сифати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо кӯшиш намуда истодааст. Мо аз кишвари Туркия барои дастгирии ин ташаббуси навбатии Тоҷикистон арзи сипос баён менамоем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлиму ҳодисаҳои фавқуллодаи марбут ба об ҳамасола дар кишвари мо боиси ворид шудани хисороти зиёд ба иқтисодиёти мамлакат мегардад. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаражданӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2023 шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 258 ададро ташкил дод. Дар маҷмуъ,  ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо об зиёда аз 87%-ро ташкил медиҳад. Талафати иқтисодии кишварамон аз офатҳои марбут ба об 67% мебошад.

Аз ин шумораи ҳодисаву ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ – боришоти барфи зиёд, фаромадани тарма, сангреза, боришоти борони зиёд ва омадани сел ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисорот ворид намуд. Яъне ҳаҷми зарар аз офатҳои табии марбут ба об дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021-ум 0, 15% ва дар соли 2022-юм  0, 05% будааст.

Масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, дар ин самт корҳои муҳим анҷом дода шудааст, зеро об ҳамчун неъмати бебаҳо на танҳо барои ошомидан, балки баҳри истифода бурдан дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва пеш аз ҳама, дар кишоварзӣ нақши асосӣ дорад. Соли 2000 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки барои таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодабарии захираҳои об, барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Бо дарназардошти инъикоси дигаргуниҳои куллӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи об соли 2020 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.

Ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713 «Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии захираҳои об» оғоз гардид. Дар Стратегия ислоҳоти соҳаи об ҳамчун қисми таркибии ислоҳоти кишоварзӣ ба инобат гирифта шуда, ба принсипҳои умумии танзимкунандаи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо асос меёбад. Дар он масъалаҳои ба эътибор гирифтани манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист тавассути идоракунии босубот ва рушди захираҳои об эътибори хосса дода шудааст.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед