Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2023 мизи гирдро таҳти унвони «Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир» баргузор намуд. Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар мизи гирд масъалаи суботи сиёсӣ – омили асосии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ баррасӣ гардид.
Инчунин, дар рафти баргузории чорабинӣ олимону коршиносон доир ба технологияи таъмини суботи сиёсӣ, нақши он дар ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар, таъсири муборизаҳои геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ба суботи сиёсии кишварҳо, фазои иттилоотӣ ва суботи сиёсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таҳкими суботи сиёсӣ ҳамчун омили асосии муаррифии фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, амнияти идеологӣ ва дар маҷмуъ, вазъ ва дурнамои таъмини суботи сиёсии кишвар дар шароити зоҳиршавии таҳдиду хатарҳои замони муосир фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ кушода, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки мавзуи мизи гирди имрӯза хеле муҳим ва мубрам аст, зеро бидуни суботи сиёсӣ ягон пешрафт дар ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ ба амал амал омад ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид. Бинобар ин, баррасӣ ва таҳлил намудани мавзуи “Суботи сиёсӣ омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир” муҳим ва саривақтӣ буда, барои пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Сипас мизи гирд таҳти раёсати муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин директори Муассисаи давлатии пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ҷ. Зайниддинзода дар мавзуи “Суботи ҷамъиятиву сиёсӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодии кишвар”, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С.Чоршанбезода дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ Р.А.Абдураҳмонзода дар мавзуи “Сиёсати ҷавонон ва маданияти сиёсӣ дар Тоҷикистон”, мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Х.Қ. Сафарализода дар мавзуи “Дурнамои таъмини суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ С.Муродов дар мавзуи “Устувории муносибатҳои сиёсӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсӣ”, сардори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.Муҳаммад дар мавзуи “Суботи сиёсӣ ҳамчун манфиати ҳаётан муҳим”, унвонҷӯйи Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои АМИТ У.Қ.Назаров дар мавзуи “Амнияти идеологӣ ҳамчун афзори амнияти сиёсиии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Шарифзода дар мавзуи “Омилҳои монеаафкан ба суботи сиёсии Тоҷикистон”, омӯзгори калони донишкадаи масъалаҳои омӯзиши қонуният, тариботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон Набӣ Набизода дар мавзуи “Нақши мақомоти Прокуратура дар татбиқи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳамчун омили муҳимми таҳкими суботи сиёсӣ” суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш ба музокира баромада, пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд баён намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон