Рӯзи 3 декабри соли 2021 дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбута, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносони варзида ва рӯзноманигорон  ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки ҳадафи мизи гирди имрӯза таҳлилу арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад. Дар шароити муосир ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии минтақавӣ таъмини рушди мутавозин, амнияти иқтисодӣ ва тавсеаи иқтидори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Гузаштан ба буҷети барномавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ имкон дод, ки органҳои дахлдор ба ҳалли вазифаи душвор–вазифаи мутобиқ намудани тадбирҳои гуногуни сиёсати иқтисодӣ ва воситаҳои татбиқи онҳо кӯшиш  намояд. Маҳз дар сатҳи минтақавӣ ҳадафҳои гузаштан ба буҷети барномавӣ бо ҳадафҳои фаъолияти мақомот ҳамчун кафили хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ зич алоқаманданд.

Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи тадбирҳои амнияти иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Дар идоракунии амнияти иқтисодӣ барномаҳои давлатӣ нақши калон доранд ва вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд. Роҳи муҳимми ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад. Тавсеаи истифодаи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар солҳои охир ба мушкилоти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим вобастагӣ дорад.  Дар минтақаҳо таъмини амнияти иқтисодӣ ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба набудани системаи нишондиҳандаҳои асосии амнияти иқтисодӣ, методологияи ҳисобкунии онҳо ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби ҳамкориҳои бахшҳои давлатию хусусӣ марбут аст.   Инчунин, мушкилоти ҳалнашуда дар баҳисобгирӣ ва мониторинги уҳдадориҳо ва хавфҳои тарафҳои шарикӣ, мавҷуд набудани системаи ягонаи иттилоотӣ, ки имкон медиҳад мониторинги самараноки барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, бо ҷалби ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ, набудани модели гузоштани ҳадафҳо, ҳамоҳангсозии манфиату хатарҳо, назорат аз болои татбиқи барномаҳо мебошад. Назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ дар асоси ҳисоботҳои гуногун аз шуъбаҳои дар формати “Excel” пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад. Мушкилоти мазкур таҳияи механизми таъмини амнияти иқтисодиро ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ тақозо доранд. Агар мо ба эътибор гирем, ки ҳама барномаҳо аз рӯйи ҳадафҳо санҷида шудаанд, пайдарпайӣ ва мундариҷаи фаъолиятҳо мантиқӣ ва барои расидан ба ҳадафҳо кофӣ буда,  нишондиҳандаҳои барномаҳо онҳоро ба таври эътимодбахш ба расмият медароваранд, пас мо метавонем бо итминон изҳор намоем, ки иттилооти саривақтӣ ва боэътимод барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мониторинг) рафти иҷрои барномаҳо зарур аст. Бо дарназардошти имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои муосири мониторинг имкон медиҳанд, ки сарбории иловагии бюрократӣ пешгирӣ карда шавад. Ошкор намудани хосиятҳои нави низоми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба расмият дароварда шудаанд, имкон медиҳад, ки моделҳои қабули қарорҳои идоракунии сатҳу сифати нав бунёд карда шаванд. Ин дастрасиро ба имкониятҳои васеи моделсозии риёзӣ ва компютерӣ, пешгӯйӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳисоббарорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меоварад.Мо боварии комил дорем, ки ҳадафи асосии  мизи гирди имрӯза табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад. Итминон дорем, ки натиҷаҳои бадастомада барои ҳамаи иштирокчиён ва пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон муфид хоҳанд буд ва тавсияҳои пешниҳодшуда дар амал татбиқ хоҳанд ёфт.

Ҳамин  тавр,  ҳамоиш  таҳти раёсати муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Абдулманонзода дар мавзӯи “Ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти иқтисодӣ”, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ  Гавҳар Шарипова дар мавзӯи “Шарикии давлатӣ ҳамчун шароити рушди инноватсионӣ”,  ассисенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донигоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон,  номзади илмҳои иқтисодӣ Марҳабо Икромова  дар мавзӯи “Тасдиқи барномаҳои давлатӣ доир ба истифодаи самараноки замин ва об омили таъминкунандаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудити  Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ Илмира Раҷабова дар мавзӯи “Нақши рӯйкарди инноватсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодии корхона”, муалими калони кафедраи менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  Адолат Шарипова дар мавзӯи  “Нақши давлат дар ташаккул ва рушди сарчашмаҳои сармоягузорӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Салимова дар мавзӯи “Ҳадафҳои рушди устувор дар таъмини амнияти иқтисодӣ” суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш  посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас пиромуни  маърӯзаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назари судманд сурат гирифт.

Дар фарҷоми мизи гирд  резолютсия қабул карда шуд. Дар он аз ҷумла омадааст:

–Амнияти иқтисодӣ,  чун як бахши муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030” ба ҳисоб меравад. Дар амалӣ намудани стартегияи рушди устувори давлат бештар аз таъмини амнияти иқтисодии мамлакат вобаста аст, ки он ҳамчун шарти муҳим дар заминаи истифодаи даромадноки неруи захиравию табиӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мақсади мизи гирди имрӯза таҳлил ва  арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад, зеро таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаи афзалиятноки стратегии ҳар як давлат аст. Ин аз ҳисоби афзоиши таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки хавфро на танҳо амнияти иқтисодӣ, балки дар маҷмӯъ, амнияти миллӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирдро бо мақсади баррасии  масъалаҳои муҳимми таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир намуд. Дар кори мизи гирд намоядагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносони варзида соҳаи иқтисодиёт ширкат намуданд.  Шумораи умумии иштирокчиён чиҳил нафарро ташкил дод, шаш маърӯзаи илмӣ шунида ва муҳокима карда шуд.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур масъалаҳои зеринро мавриди муҳокима ва таҳлилу баррасӣ қарор доданд:

–ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти иқтисодӣ;

–шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун шароити рушди инноватсиоонӣ;

–тасдиқи барномаҳои давлатӣ доир ба истифодабарии самаранокии замин ва об омили таъминкунандаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–нақши усули инноватсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодии корхона;

–нақши давлат дар ташаккул ва рушди сарчашмаҳои сармоягузорӣ;

–ҳадафҳои рушди устувор дар таъмини амнияти иқтисодӣ.

Ҳангоми муҳокимаи илмӣ, иштирокчиёни конфронс  тавсияҳои зеринро пешниҳод карданд:

  1. Қобилияти рушди устувори иқтисоди давлат
  2. Дараҷаи қарзи берунӣ ва дохилӣ
  3. Таҷдиди захираҳои стратегӣ
  4. Дараҷаи камбизоатӣ ва бекорӣ
  5. Устувории консепсияи иқтисодӣ
  6. Такмил додани структураи тиҷорати берунӣ
  7. Дастрасии умумии аҳолии маориф, фарҳанг, хизмати тиббӣ, маишӣ, нақлиёти мусофиркашон, оммавӣ намудани алоқа, инчунин, хочагии манзилию коммуналӣ
  8. Ҳифзи неруи илмии давлат.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини  директори Марказ Саодат  Ҷӯрахонзода, муовини сардори Раёсати таҳқиқоти масъалаҳои соҳавии Марказ Имомназар Каримиён   натиҷагирӣ ва ҷамъбаст  карда, изҳори умед намуданд, ки  ҳамоиши мазкур барои  боз ҳам беҳтар гардидани  таъмини  амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ  мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

  Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти  стратегии   назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед