Рӯзи 18 марти соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва зимнан иброз намуд, ки моҳияти асосии тафаккури давлатмеҳвар ин аст, ки бе доштани давлати устувор ҳеҷ тарҳи арзишӣ таҳаққуқ намеёбад ва ҳеҷ ҳуқуқу озодӣ ба сурати шоиста таъмин намегардад. Ин аст, ки ин назария давлатро ҳамчун ниҳоди танзимгар ва кафолатдиҳандаи таъмини ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи ҳамаи тарҳу ормонҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Бинобар ин, арзёбии мавзӯи “Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, хеле муҳим ва мубрам ба шумор меравад.
Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзӯи “Дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон” ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Дидгоҳи давлатмеҳвар ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза карданд.
Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи “Ташаккули сиёсатшиносии амалӣ дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён дар мавзӯи “Масъалаҳои назариявии таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ” ва инчунин, профессор Абдунабӣ Сатторзода оид ба мавзӯи матраҳшуда суханронӣ намуданд. Баъдан, пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт.
Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоишдар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон