Рӯзи 15 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба ин муносибат табрику муборакбод намуд ва зимнан қайд кард, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳо, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол тибқи аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба тарзи ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу пешрафти давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Сипас мизи гирд таҳти раёсати доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ шуруъ намуд. Мавсуф қайд кард, ки муайян гардидан ва таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоистаи садоқату эътироф ва истиқболи неки ҳамагон буда, барои арҷгузорӣ ба мақому мартаба, заҳмати ҳалол ва маҳбубияти муҳтарам Эмомали Раҳмон миёни тамоми мардуми кишвар аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ бо таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланди сарварии худ пояҳои бунёдии давлатдории навини тоҷиконро устувор гардониданд. Махсусан ҷасорату далерӣ ва мавқеъгириҳои сиёсии Пешвои муаззами миллат муаррифгари миллати соҳибтамаддуни тоҷик шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари истиқлоли сиёсӣ, кафили таъмини волоияти қонун ва роҳбаладу ҳимоятгари манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар мебошад, ки эҳтирому эътирофи ӯ шаъну шараф ва эътирофи миллист.
Баъдан дар назди ҳозирин сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Ҷаҳонгири Маҳмадзоир дар мавзуи “Нақши Эмомали Раҳмон дар тақдирсоз шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ” ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Ҷамшед Салихов дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар” маъруза карданд.
Дар бахши музокира номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Рустамҷони Сайдулло Қузратзода суханронӣ карда, андешаҳои худро доир ба шинохти байналмилалии шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Қайд гардид, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди давлатии президентӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Пешвои миллат муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Пешвои муаззами миллат ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо афзалияту хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст кард ва изҳор дошт, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ минбаъд ҳам ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъй ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон