Рӯзи 19 апрели соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “ Шаҳри Душанбе муаррифгари фарҳангу тамаддун ва ормонҳои таърихии миллати тоҷик” ба муносибати 100 солагии пойтахт баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тоҷикон анъанаҳои шаҳрсозию шаҳрдориро аз сар гузарониданд.

Мавсуф дар асоси таҳқиқотҳои арзишманди муаррихону фарҳангшиносон доир ба интихоби Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон истинод намуда, зикр намуд, ки дар солҳои 20-уми қарни XX имкони ҷудокунии ҳудудҳои миллӣ пеш омад. Дар Бухорои шарқӣ он замон шаҳре, ки муносиби шаҳр гуфтан бошад, вуҷуд надошт. Бинобар ҳамин, интихоб сари деҳаи Душанбе қарор гирифт, ки то ин вақт, охирҳои асри XIX-аввалҳои асри XX тафреҳгоҳи тобистонаи беки Ҳисор будааст. Ин ҷо рӯзҳои душанбе бозор мешудааст ва номаш аз ҳамин ҷост. Зимнан, бояд гуфт, ковишҳои археологӣ собит кардаанд, ки пойтахти мо таърихи қадимтаре низ дорад. Дар замонҳои Юнону Бохтар ва давраи империяи Кушониён ин ҷо шаҳри на чандон калоне мавҷуд будааст, ки то ба истилои муғулҳо арзи ҳастӣ кардааст.

Усмонзода Хайриддин инчунин вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ ва ободу пешрафти шаҳри Душанбе дар солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати маъмурӣ ва инфрасохтори шаҳрсозӣ равнақ пайдо намудани пойтахт, махсусан дар солҳои 70-80 асри гузашта маълумоти ҷолибу пурарзиш ироа намуд.

Дар суханрониаш директори Марказ иброз намуд, ки марҳилаи ҳалкунандаи рушд барои пойтахти мо баъди истиқлолёбии кишвар ва қатъи ҷанги шаҳрвандӣ фаро расид. Тоҷикистон давлати мустақил шуд ва Душанбе рисолати воқеии пойтахти давлати соҳибихтиёр буданро ба даст овард. Масъулияти бузурге бар души шаҳр бор шуд, аммо дар зимн, ихтиёрот низ ба дасти худи мо, соҳибватанон афтид, то ҳар қадар метавонем, пойтахтамонро обод созем.

Чи тавре маълум аст, ҳар як ибтикоре, ташаббусе, навоварие, ки дар Ватанамон амалӣ гардидааст бе ягон шакку шубҳа ба исми шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон решапайванд аст. Дар Душанбе Қасри Миллат, Кохи «Наврӯз»- у Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ, маҷмааи меъмории «Боғи Ирам» ва даҳҳо коху кушкҳои дигар бунёд шудаанду мешаванд. Чашми мо акнун ба дидани биноҳои осмонбӯс одат мекунад, ки ин шабу рӯзҳо бо суръат майдонҳои холиро пур мекунанду ҷойи биноҳои фарсудаи 4-5-табақаро мегиранд. Дар кӯчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ, эстакадаҳо пайдо мешаванд. Сатҳи ҷило ва нақшу нигори роҳу пайроҳаҳо бошад, чашму пойҳоро роҳат мебахшад.

Имрӯз шаҳри сулҳ-Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубадал гардидааст. Ҳамзамон намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд.

Дар интиҳо Усмонзода Хайриддин боифтихор ёдовар шуд,ки пойтахти азизи мо имрӯз дар чанд самт-ҳам ба паҳно, ҳам ба боло ва ҳам ба дохил густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалол касб карда, бо суръат ба як шаҳри модерну замонавӣ мубаддал мегардад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар пушти ин ҳама ободиҳои Душанбе заҳмати шабонарӯзӣ, ҷаҳду талош ва қотеияти роҳбари ҳозираи шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳон аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷавонии худ ба ин кори бузург, навсозии пойтахти тоҷикон нерӯи ҷавонӣ оварданд. Шаҳри азизи мо ба фардои пурсаодати худ дилпурона бо матонати бемисл, бо ғайрату нерӯи тамом гом мебардорад. Душанбе обод мешавад. Душанбе қабояшро дигар мекунад. Душанбе бардамона қад меафрозаду мешукуфад ва сарсабз мешавад. Вай ба садумин соли пойтахт муқаррар гардидани хеш, ки имсол, яъне соли 2024 рост омадааст дар авҷи рушду камол ва созандагию навшавиҳояш манзалату шукуҳашро ба ҷаҳониён исбот менамояд. Пойтахти азизи мо ягон вақт бо ин суръат дигаргун нашуда буд.

Сипас сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Манбаъҳои таърихӣ ва ҳафриётӣ дар бораи Душанбе”, мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти иттилоотӣ Қиёмиддин Сатторӣ дар мавзуи “Рушди Душанбе дар даврони қабл аз истиқлол ва марҳалаи имрӯзаи давлатдории миллӣ”, котиби матбуотии Марказ Рамазонӣ Давлатов дар мавзуи “Душанбе ҳамчун гаҳвораи рушди фарҳанги миллӣ” суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо иброз гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём шаҳрнишин буданд.Кашфиётҳои нодири археологии Саразми панҷуним ҳазорсола, Панҷакенти қадим, Истаравшану Ҳулбук, Ҳисору тахти Сангин, Вомару Каҳқаҳа ва даҳҳо ёдгориҳои дигари меъмории асрҳои пешин ба ин гувоҳанд. Балхро қадимтарин шаҳри ҷаҳон мешуморанд ва муаррихони Юнони бостон онро «модари шаҳрҳо» унвон кардаанд. Балх дар масири таърихии худ пойтахти давлатдориҳои умарову салотини бешуморе будааст. Бухорое, ки ҳазор сол муқаддам пойтахти нахустин давлати миллии тоҷикон, Сомониён, Исмоили Сомонии ғаюру меҳанпараст, оқилу хирадпеша қарор гирифту ба яке аз шаҳрҳои ободу маъмур ва овозадори замонаш табдил ёфт. Самарқанд ҳам яке аз шаҳрҳои бузургу рушдкардаи асрҳои миёна, пойтахти давлати Темуриён буд ва камтар аз Бухоро шуҳрату мақом надорад. Меъморони чирадасти самарқандӣ ҳунари худро то ба Ҳинд бурда, он ҷо барои шоҳзодагони темурӣ қасру кушкҳои муҷаллою пурдабдаба офаридаанд, ки имрӯз низ шоҳкориҳои беназир маҳсуб ёфта, «муъҷизаи дасти одамизод» унвон гирифтаанд.

Инчунин аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба манбаъҳои таърихӣ ва ҳафриётӣ, маскан баргузидани мардум дар гузашта дар маҳалҳои Душанбеи қадим,чор ноҳияи дар гузашта мансуб ба Душанбе: Сариосиё,Шоҳмансур,Қариямиршикор ва Қарияболо андешаҳои ҷолиб гуфта шуд.

Мизи гирд дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед