Рӯзи 24 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирди илмию амалӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон Рӯзи Парчами давлатиро ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Дар ибтидои суханронии худ, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар соли 2023 чунин изҳор доштанд: “Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд. Илова бар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем. Имрӯз Парчами давлатӣ ба омили бисёр муҳимми болоравии ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
Ҷавонони кишвари бо дастоварду комёбиҳои худ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва варзиш Парчами давлати тоҷиконро на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар чорабиниву мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд”.
Парвиз Муҳаммадзода илова намуд, ки ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошта, он ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин кишварҳое ба шумор меравад, ки ба хотири Парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр дар саросари кишварамон чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор карда мешаванд. Ин чорабиниҳо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон–як рукни муқаддасоти давлату миллатамон ба шумор рафта, дар тарбияи сиёсӣ ва маънавии шаҳрвандон аҳаммияти бузург доранд.
Агар ба гузаштаи халқамон назар афканем, Парчам дар ҳаёти мардуми куҳанбунёдамон таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногуни то имрӯз боқимонда гувоҳӣ медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мавҷуд будааст.
Парчам, байрақ, ливо ва дирафш ҳаммаънои якдигар буда, ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ ҳанӯз аз замони Каёниён (аз аҷдоди мо) истифода бурда мешуд. “Дирафши Ковиёнӣ” бошад, то замони аз байн рафтани давлати Сосониён ҳамчун парчами миллӣ ва давлатии аҷдоди мо ба ҳисоб мерафт.
Тоҷикистони азиз ҳам баъди соҳибистиқлол гаштан ба масъалаи Парчами миллӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати қабули нишон ва парчами миллӣ як қатор тадбирҳо андешид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардида буд. Айни замон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Cозмони Милали Муттаҳид дар қатори парчами дигар кишварҳо ҷой гирифтааст, ки ин аз комилҳуқуқии халқу кишварамон гувоҳӣ медиҳад.
Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Бо дарназардошти ин ва инчунин, ба хотири гиромидошти нақши муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ шуд. Он дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба шумор меравад.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Ҳадаф аз бунёди Парчами давлатӣ иборат аз он аст, ки мо бо ин васила дар қалби мардум, алалхусус, насли наврас ва ҷавонон, меҳру муҳаббат доштан ба истиқлолият, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, рӯйсурхиву сарбаландии миллатамонро, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, тарбияву ташаккул диҳем.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори зиёд дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди тоҷик барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату Ватанамон будан, бояд ҳамеша талош намояд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ ба шумор меравад.
Парвиз Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ, хулосагирӣ намуд, ки муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.
Дар идомаи мизи гирд сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “Аҳаммияти байналмилалии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти байналмилалии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби истифодаи он дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзими истифодаи Парчами давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ибрози андеша намуд.
Ҳамин тавр, дар идомаи ҳамоиш, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Бахтиёр Азимов дар мавзуи “Аҳаммияти сиёсии таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ” суханронӣ намуд. Бино ба гуфтаи мавсуф мубрамияти таҷлили Рӯзи Парчам дар он зоҳир мегардад, ки бо шарофати ин рӯз аҳаммияти Парчам ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, озодӣ ва ифтихори миллӣ таъкид мегардад. Бо таҷлил аз Рӯзи Парчам мо метавонем аҳаммияти Парчам ва арзишҳои ифодакунандаи онро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем. Ҳамзамон ӯ гуфт, аз иқболу сарнавишти неки мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки парчами миллати фарҳангбунёди мо дар радифи беш аз 193 давлати дунё дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ парафшонӣ мекунад. Бешак, ин баёнгари пайванди амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Дар бахши музокира сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров ва сардори Раёсати тадқиқоти масълаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён фикру андешаҳои судмандро пиромуни аҳаммияти парчами давлатӣ дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон иброз намуданд.
Дар мизи гирд инчунин, гуфта шуд, ки Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад.
Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон