Рӯзи 7 марти соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Нақши зан дар рушди ҳаёти маънавии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон” ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модаронро чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Таҷлили Рӯзи Модар ҷашни ҳар бону ва ҳар хонавода аст ва бешак, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан-Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо дастовардҳои бунёдиашон сарнавишти давлату миллати тоҷикро муайян сохта, дар таърихи навини тоҷикон нақши бориз гузоштанд. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намоянд. Яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ба шумор меравад. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дар сад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дар садро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ дар замони истиқлолият ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Масалан, дар ин самт дар панҷ соли охир маблағи қарзӣ ба занону бонувон пешниҳодшуда зиёда аз 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Инчунин дар бахши сиёсат, илму маориф, фарҳанг, тиб ва дар дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар занону бонувони тоҷик фаъолияти назаррас дошта, саҳми боризи худро мегузоранд.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору арҷгузории Ҳукумати кишварамон нисбат ба бонувон далели равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани занону духтарон мебошад,–гуфтанд дар интиҳои суханронӣ Хайриддин Усмонзода ва тамоми кормандони Марказро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуданд.
Сипас муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Солиҳов Ҷамшед дар мавзуи “Зан-модар мураббии башар ва нахустустоди инсон”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Ғуломносирова Фарзона дар мавзуи “Зан ва фарҳанги сиёсӣ”, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Ҷаҳонгир Маҳмадзоир дар мавзуи “Нақш ва мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдуллоева Султонбегим дар мавзуи “Болоравии мақоми зан дар даврони Истиқлол” ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Таварова Моҳира дар мавзуи “Занон посдорандаи фарҳанги миллӣ” суханронӣ намуданд.
Баъдан дар бахши музокира муовини директори Марказ Ҷӯрахонзода Саодат дар бораи мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи кишварамон андешаронӣ карда, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.
Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон