Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи 16-ум дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон” баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ифтитоҳ намуда, нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ, ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон махсусан муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин, аҳаммияти миллию минтақавӣ ва байналмилалии Иҷлосияи 16-ум таъкид гардида, заминаҳо ва зарфиятҳои сарнавиштсози он дар марҳалаи нисбатан ҳассоси таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳалаи минбаъдаи давлатсозӣ қайд гардид.
Директори Марказ Усмонзода Хайриддин Усмон зимни суханронии худ сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро гиромидошти арзишҳои умумимиллӣ, ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд
Сипас мизи гирд таҳти раёсати муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ идома дод. Дар назди хозирин муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дилбар Абдураҳимова дар бораи аҳаммияти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолро натиҷаи Иҷлосияи мазкур ва фаъолиятҳои гуногунсамти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Дар идома сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “30 солагии Иҷлосияи ХVI: аз Қасри Арбоб то Қасри миллат”, Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Сайҳомид Шарипов дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI – муқаддимаи китоби давлатдории навини тоҷикон”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Исроил Баротов дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи ХVI–дар сарнавишти сиёсии тоҷикон”, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Абубакр Маҳмадсаидзода дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ– шоҳсутуни давлатдории миллӣ”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Фирӯзи Рамазон дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи ХVI дар бунёд ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Ҷаҳонгири Маҳмадзоир дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар ташаккул ва таҳаввули идеологияи давлатдорӣ” ва мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Гулчеҳра Расулова дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи ХVI дар бақо ва рушди давлати миллӣ” суханронӣ намуда, ҷанбаҳои гуногуни Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар бахши музокирот сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов дар атрофи рисолати таърихии вакилони мардумӣ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба ҳайси Роҳбари кишвар интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин Иҷлосияи тақдирсоз таҳаввулоти бузурги сиёсӣ арзёбӣ намуд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Ходамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон