Санаи 8-уми декабри соли 2023 мизи гирд бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати таъсиси ҲХДТ самимона таҳният намуд. Қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тайи 29 сол тавонист, ки дар замири шаҳрвандон бовариву эътимодро ба бор оварда, бо ибтикороти Раиси ҳизби мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки пеш аз ҳама, ҳар як сокини кишвар бояд масъулияти баланди шаҳрвандиро анҷом дода, барои пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми арзандаи худро гузорад.
Сипас муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Солеҳов дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди устувори иқтисодии кишвар” суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки муҳтавои барномаи Ҳизби мазкур аз масъалаҳои фарогир дар самти манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок созмон дода шуда, то имрӯз фаъолияти ҲХДТ собит месозад, ки мақом ва ҷойгоҳи он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар хеле барҷаста аст. Воқеан, дар низоми бисёрҳизбӣ ҳамон ҳизбе пазируфта мешавад, ки бо барномаву нақшаҳои хеш инъикоси манфиатҳои ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, роҷеъ ба диду назарҳои ҷомеа диққати авалиндараҷаро салоҳ донад. Албатта, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва баҳаморанда табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби нафарони донишманду ватандӯст ва бомасъулият мунтазам зиёд гардида истодааст. Маҳз тадбирҳои зикршуда имкон доданд, ки дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2022 ба 115 миллиард сомонӣ баробар гардад. Илова бар ин, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойҳои корӣ бунёд гардида, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 22,5 дарсад дар соли 2022 паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.
Дар идомаи маҷлис мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Шаҳноза Нусратова дар мавзуи “Марҳалаҳои ташаккулёбӣ ва махсусиятҳои хоси маҳбубияти ҲХДТ дар ҷомеа” суханронӣ намуда, қайд кард, ки ташаккулёбии ҲХДТ ба се марҳалаи муҳимми ҷудо шуда, рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз як ҷузъи беназири таърихи кишвари мо дарак медиҳад. Марҳалаи аввал ин раванди эҳёи давлатдории миллӣ ном дошта, солҳои 1994 то 2000-умро дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин марҳалаи тақдирсози миллат аввалин коре, ки ҲХДТ дар барномаи ҳизбии худ ҷой намуду онро амалан татбиқ кард, ин ба ҳам овардани мардум ва мафкурасозии миллӣ буд. Марҳалаи дувум таъмини рушди устувор ва ба даст овардани боварии мардум ном дошта, солҳои 2000-2016-ро дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин давра ҲХДТ барои таъмини рушди иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҷалби фаъолонаи ҲХДТ дар раванди идоракунии кишвар қадамҳои устувор гузошт. Марҳалаи сеюм ин имиҷсозӣ ном дошта, аз соли 2016 то инҷонибро дар бар мегирад. Дар ин марҳала Тоҷикистони азизи мо дар сатҳи байналмиллалӣ бо роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро боз ҳам устувортар гардонид.
Дар бахши музокира собиқадори ҲХДТ, сармутахассиси омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров аз таърихи таъсисиёбии ҲХДТ ибрози назар кард.
Мизи гирдро директори Марказа тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон