Китобхонаи илмии электронӣ соҳибмулк ва соҳибҳуқуқи манбаи иттилоотии ҳамгирошудаи илмӣ дар шабакаи Интернет мебошад. Дар сохтори системаи китобхонаи электронии КМЭ маълумоти аз шохиси Русия оид ба иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ворид гардиааст, ки он дар манбаи ҳамгирошудаи илмии иттилоотии минтақаи Русия дар шабакаи Интернет ҷойгир аст ва барои истифодабарандагони сабтиномшудаи КИЭ дастрас мебошанд.

Дар рӯйхати нашрияҳои илмии КИЭ беш аз 4 миллион нусхаи китобҳои электронӣ, адабиёти таълимӣ ва даврӣ, рисолаҳо, рефератҳо, монографияҳо, патентҳо, ёддоштҳо, нашрияҳои графикӣ ва картографӣ барои истифодабари пешниҳод карда шудаанд.

Шартномаи имзошуда ба кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба китобҳо ва корҳои илмие дошта бошанд, ки қаблан дастрасӣ ба ин нашрияҳо танҳо дар долонҳои китобхонаҳои калонтарини Русия, ба монанди китобхонаҳои илмӣ ва миллии Русия имкон дошт. Инчунин, шартномаи мазкур барои пешрафти корҳои таҳқиқотӣ ва ҷойгир намудани нусхаҳои электронии корҳои илмӣ ва китобҳое кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар манбаи ягонаи электронии илмии Русия (КИЭ) имкон фароҳам меоварад.

Суроғаи сомонаи системаи китобхонаи электронии “Китобхонаи электронии илмӣ” дар портали зерин дастрас аст: http://elibrary.ru

 

Раёсати таъмиони иттилоотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед