Меҳрубонӣ кун ба ҷашни меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон…

(Масъуди Саъди Салмон)

Меҳргон аз ҷашнҳои бостонӣ ва бошукӯҳи ниёгонамон буда, рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (23 сентябр – 22 октябр) мутобиқ ба 8-уми октябр ҷашн гирифта мешуд. Ин рӯз дар фалсафаи рӯзшумории ниёгон Меҳррӯз номида мешуд ва махсуси фариштаи Фурӯғ – Меҳр буд. Дар ин рӯз дар рӯзгорони қадимтарин ва қадим ҷашни бузурге барпо мешуд. Ба ибораи “Бундаҳишн” Машйа ва Машйинак (Одаму Ҳаввои ориён) дар чунин рӯзи муборак таваллуд ёфтаанд.

Таҷлили Меҳргон шаш рӯз тул мекашид, яъне рӯзи шонздаҳум (Меҳррӯз) оғоз ёфта, рӯзи бисту якум, ки онро Ромрӯз меноманд, анҷом мепазируфт. Бошукӯҳтарин рӯзҳои ҷашн рӯзи фароварди он – Ромрӯз буд, ки онро Меҳргони Хосса меномиданд. Бамаврид аст таъкид намоем, ки гузаштагони мо рӯзҳои моҳро на ба тариқи номгузории ҳафтаина, балки ба тарзи номниҳии ҳаррӯза номбар мекарданд. Яъне ба ҳар рӯзи моҳ номи хос дода буданд. Ҳатто барои ҳар як аз ин рӯзҳо дар намозгузорӣ як яшти алоҳида қироат карда мешуд ва барои ҳар як ҷашн низ аз китоби “Авасто” як яшти муайян суруда мешуд.

Дар аҳди қадим гузаштагони мо ду фасл доштанд: яке тобистон (hama) ва дигаре зимистон (zayana). Наврӯз оғози Тобистон ва ибтидои Соли Нав буду Меҳргон ибтидои Зимистон. Яъне агар ниёгони мо Наврӯзро ҳамчун иди Баҳору сари Соли Нав ва оғози кишту кор ҷашн мегирифтанд, пас Меҳргонро чун нахустрӯзи фасли зимистон ва иди ҷамъоварии ҳосил истиқбол мекарданд. Дар асари ин ҷашн дар рӯзгорони мо низ тирамоҳон пас аз фориғ шудан аз ғунучини маҳсулоти полизиву боғдорӣ ва тиллои сафед як ҷашне меороянд бо номи иди Ҳосилот.

Дар хусуси таҷлили Меҳргони меҳровар сарчашмаҳои зиёде ба мо маълумоти гуногун медиҳанд. Аз навиштаҷоти таърихнигорони юнонӣ бармеояд, ки ин ҷашн дар замони империяи Ҳахоманишиён хеле бошукӯҳ ва сурурангез таҷлил мешуд. Шаҳони ҳахоманишӣ ҳаргиз намебоист маст бишаванд, магар дар ҷашни Меҳргон, ки ҳам дар ин рӯз либоси арғувонӣ ба бар мекарданд ва дар бодапаймоӣ бо майхорагон мепайвастанд. Бино ба навиштаи Страбон: “Шаҳриёри Арман дар ин рӯз ба Истахр – пойтахт ҳадяҳо мефиристод.”

Меҳргон дар даврони Сосониён низ ба тарзи хос ҷашн гирифта мешуд. Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон дар ин рӯз ба мардум ҳадяҳои бешумор, аз ҷумла ҷомаҳои нав мебахшиданд. Нақл аст, ки дар ин рӯз Мубади мубадон хони алвон иборат аз лимуву шакар, нилуфару биҳӣ, себу як хӯша ангури сафед ва ҳафт дона муруд ороста, сурудхонон ва саногӯён тақдими шоҳаншоҳ мекард. Борбади Марвазӣ вабаста ба Меҳргону моҳи Меҳр сӣ оҳанг баста, дар ҳузури шоҳаншоҳ тараннум менамуд, бархе аз он оҳангҳо то рӯзгори мо побарҷост.

Ҷашни Меҳргон ҳанӯз дар гузаштаи дур ба василаи Роҳи Абрешим тавассути Осиёи Хурд ба Урупо таъсири худро гузошта буд. Ин рӯзро дар Руми Қадим зодрӯзи Хуршеди мағлубнопазир низ меномиданд. Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” дар хусуси Меҳргон мегӯяд: “Шонздаҳум рӯз аст аз Меҳрмоҳ ва номаш Меҳр ва андар ин рӯз Афредун зафар ёфт бар Биюросби ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт… Ба рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш…”

Дар “Шоҳнома”-и безавол низ ин ҷашн ба Фаридун нисбат дода мешавад, ки вай дар ин рӯз Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд гирифтааст ва тоҷ бар ниҳодааст:

Маҳи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр…

Мегуянд, ки ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд…Худованд байни Наврӯзу Меҳргон байни Нур ва Зулмот паймон гирифт…

Салмони Форс ишора мекунад, ки; “Мо дар аҳди зардуштӣ будан, мегуфтем: “Худованд барои зиннати бандагони худ Ёқутро дар Наврӯз ва Забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли Ёқуту Забарҷад аст бар ҷавоҳири дигар…”

Дар осори адибони форсу тоҷики асрҳои нуҳу даҳи мелодӣ ва садаҳои баъдина дар бораи ҷашни Меҳргон, ситоиш ва ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуданд. Аз ин тавсифҳои суханварони машҳур маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон дар тӯли таърих ҳамеша мавриди хоссу ом будааст. Аз ҷумла сарвари шоирон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши ҷашни Меҳргон фармудааст;

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Ҳаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мурд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Гул дигар раҳ ба гулистон омад,
Вораи боғу бустон омад.
Вори озар гузашта шӯълаи ӯ,
Шӯълаи лоларо замон омад.

 Оинҳои меҳргонӣ, хусусан дар байни кишоварзон, то рӯзгори мо нигаҳдорӣ шудаанд. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Маҳз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана  ҷашн гирифта мешавад. Алҳол аҳоли шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.

Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.

Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст

Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед