Ҳангоме, ки дар бораи шоир ва мутафаккири шинохтаи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) сухан меравад, ҳатман ташакккули ӯро ҳамчун шахсияти барҷаста ва донишманди бузург бо номи Шамси Табрезӣ (1171/1188-1245) алоқаманд медонанд ва одатан байтҳои зеринро ба ёд меоранд:
Ҳеч Мавлоно нашуд Муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Аммо тарҷумаи ҳоли Мавлоно нишон медиҳад, ки устоди нахустини ӯ падараш буда, маҳз ӯ дар тарбия ва камоли писараш ҳамчун шоиру донишманд мақоми ҳалкунанда доштааст. Падари Мавлоно – Баҳоуддини Валад (1149/1150-1231), ки бо номи Мавлоно Баҳовалад ё Баҳо, Валад ҳам ёд мешавад, худ файласуф ва сӯфии шинохта буда, асари ягонае бо номи «Маориф» иборат аз чор ҷилд ба мерос гузоштааст. Дар ин асари ӯ масъалаҳои зиёди фалсафӣ, тасаввуф ва як қатор андешаҳо аз илмҳои табиатшиносӣ баён ёфта, шарҳу тафсирҳо ба оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо низ дода шудаанд.
Мавлоно Баҳовалад солҳои 1203-1210 – дар даврони таваллуди писараш Ҷалолуддин дар Вахш иқомат дошта, минбаъд бо аҳли хонадонаш дар Хоразму Самарқанд низ будааст. Дар ин боб муҳаққиқи амрикоӣ Фердинанд Люис гуфтааст: «Баҳо то сентябри соли 1210 ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Валад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охирҳои умраш, анҷоми соли 1260, Румӣ як руҷӯъи лаҳзавие ба овонии кӯдакии худ дар Вахш карда, масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ месозад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯи Вахш?».
Хонадони Баҳоуддини Валад маҳз аз Вахшонзамину Самарқанд солҳои 1219/1220 ба Рум муҳоҷират карда, дар онҷо иқомати доимиро интихоб намуд ва сарвари хонадон, ки султони салҷуқӣ – Кайқубоди I барои ӯ дар пойтахти давлаташ шаҳри Қӯния мадрасае бунёд карда буд, дар ҳамин минтақа аз ҳаёт даргузашт.
Чунонки мебинем, Баҳоуддини Валад, ки Ҷалолуддини Балхӣ ӯро бо номи Мавлонои Бузург ёд мекунад, ҳамчун донишманд ва устоди соҳибмадраса ва соҳибкитоб наметавонист, ки дар тарбияи маънавии писараш бетафовут бошад. Таҳлили муқоисавии «Маориф»-и Баҳоуддини Валад бо асарҳои Мавлоно, аз қабили «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», инчунин баъзе ғазалиёту рубоиёти ӯ ин маъниро ба таври аёнӣ собит месозад.
Дар асоси монандии суханони падару писар бо мисолҳои мушаххас аён мегардад, ки таъсири аввалӣ ба охирӣ, қабл аз ҳама, дар масоили ҳастишиносӣ – зидҳо, чаҳор унсур, ҷазб, ҳаракат ва манбаи он, инсон, таносуби рӯҳу тан, эҳёи рӯҳ ва ғайраҳо мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, Баҳоуддини Валад дар асари худ «Маориф» навиштааст: «Ҳар ҷузве, ки бар якдигар ниҳоданд ва асосе, ки бинҳоданд ва ҳар сурате, ки бикарданд, аз барои маънӣ ва оқибате карданд. Шишае, ки бисозанд, аз барои шарбате кунанд, на аз барои айни шиша ва биное, ки бикунанд, на аз баҳри айни вай бино кунанд, балки аз баҳри манфаъат ва шукӯҳи вай кунанд». Мавлавӣ инро дар «Маснавӣ» ба назм дароварда, мегӯяд:
Ҳеҷ наққоше нигорад зайни нақш,
Бе умеди нафъ, баҳри айни нақш?..
Ҳеҷ кӯзагар кунад кӯза шитоб,
Баҳри айни кӯза, не, аз баҳри об?
Ҳеҷ косагар кунад коса тамом,
Баҳри айни коса, не, баҳри таъом?
Дар бораи маърифати олам сухан карда, Баҳоуудини Валад дар «Маориф» зикр кардааст: «Ҳамчунон, ки агар ангушт баробари мардуми дида бидорӣ, ба сабаби он як ангушт на осмонро бинӣ ва на хуршедро ва на заминро. Аз ин ҳама олам ба пардаи як ангушт маҳрум шавӣ». Ҷалолуддини Румӣ ин суханони падарро бо масъала оид ба нафси одамӣ алоқаманд намуда, дар «Маснавӣ» такрор мекунад:
Ду сари ангушт бар ду чашм неҳ,
Ҳеҷ бинӣ аз ҷаҳон, инсоф деҳ.
В-ар набинӣ ин ҷаҳон маъдум нест,
Айб ҷуз ангушти нафси шум нест.
Дар таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ таъсири афкори ахлоқии Баҳоуддини Валад низ зиёд буда, ҳамфикрии падару писар дар мавзуъҳои мухталиф дар ин самт бараъло равшан аст. Ба таври возеҳ ҳамин маъниро дар ҳалли масъалаҳо оид ба баробарии динҳо, назарияи озодии ирода, таносуби неку бад ва манбаъи ягонаи онон ва ғайраҳо низ мушоҳида кардан имкон дорад. Мафҳумҳои зиёди ахлоқӣ, аз қабили ҳирс, сабр, ҳиммат ва ғайраро ҳам онҳо ба ҳамдигар мушобеҳ тафсир кардаанд. Барои мисол чунин суханони Баҳоуддини Валадро овардан мумкин аст: «Касоне, ки бад меварзанд, эшонро ҳам бад бувад, на некӯ. Дар авроти мардумон менигарӣ, дар авроти ту боз нигаранд». Мавлавӣ ба ҳамин маънӣ навиштааст:
Қасди ҷуфти дигарон кардам зи ҷоҳ,
Бар ман омад ону афтодам ба чоҳ.
Суханони боло, бешубҳа, аз таъсири ақидаҳои Баҳоуддини Валад ба ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Балхӣ дарак медиҳанд. Аммо дар баробари ин дар таълифоти баъзе муҳаққиқон сухан дар бораи таълимоти падарро баъд аз вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ рад кардани писар меравад. Албатта, бархурд бо мутафаккири охирӣ дар ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Балхӣ инқилоби маънавиеро ба вуҷуд овард, вале дар ҳар сурат дар бораи таълимоти падарро комилан рад кардани писар сухан гуфтан нашояд. Зеро гуфтаҳои худи Мавлоно, ки онҳоро Аҳмади Афлокӣ дар тазкирааш «Маноқиб-ул-орифин» овардааст, шаҳодат медиҳанд, ки ӯ танҳо муваққатан аз қироати осори Баҳоуддини Валад даст кашидааст, на доимӣ ва айнияти ақидавие, ки байни суханони падару писар мушоҳида мегардад, маҳз баъди вохӯрии Мавлоно бо Шамси Табрезӣ мушоҳида мегардад. Инчунин худи Мавлоно «ал-валад сирру абиҳ» – «писар сирри падар» буданро дар «Маснавї» таъкид доштааст:
Сурати ин боз гар з-ин ҷо равад,
Маънии ӯ дар валад боқӣ бувад.
Баҳри он фармуд он шоҳи набиҳ,
Мустафо, ки «ал-валад сирру абиҳ».
Аз ин рӯ андешаҳо оид ба таъсирпазирии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз Баҳоуддини Валад ва нақши ҳалкунандаи падар дар ташаккули афкори писараш як далели собитшудаву воқеӣ боқӣ мемонанд.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон