Тавре маълум аст, 10 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию мусулмонӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш бо ширкати кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Лигаи Давлатҳои Араб ва Созмони якдилии Африқо баррасӣ ва баҳогузории вазъи ниҳоят буҳронӣ ва ноором дар минтақаи Ховари Миёна эълон гардид. Бояд тазаккур дод, ки чунин ҳамоиш расо як сол муқаддам, 11 ноябри соли 2023 низ дар шаҳри Риёз вобаста ба шиддат гирифтани низоъи Исроилу Фаластин дар навори Ғазза баъд аз 7 октябри соли 2023 баргузор шуда буд. Дар охири моҳи октябри соли равон Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ даъват кард, ки 11 ноябри соли 2024 дар Риёз як нишасти муштараки изтирории кишварҳои арабию мусалмонӣ баргузор шавад, то дар ҷаласаҳои он дар бораи идомаи таҷовузи Исроил ба сарзаминҳои Фаластину Лубнон ва таҳаввулоти охир дар минтақа баррасӣ шавад.
Дар ин ҳамоиш аксари роҳбарони кишварҳо хостори кумаки ҳамаҷониба ба давлати Фаластин ва дастёбӣ ба ваҳдати Фаластинро таъкид намуданд. Роҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Лигаи Давлатҳои Араб ба «расонидани ҳама гуна шаклҳои пуштибонии сиёсӣ ва дипломатӣ, ҳимояи байналмилалӣ аз ҳуқуқҳои мардуми Фаластин ва ноил шудан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии ин кишвари ҷабрдида» даъват намуданд. Иқдомҳои забткорона ва ғайриинсонии Исроил дар навори Ғазза, поймол шудани муқаддасоти исломӣ ва насронӣ дар шаҳри Байтулмуқаддас дар рафти даргириҳо ва бетартибиҳои мусаллаҳона ҳамаҷониба маҳкум гардиданд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карда шуд, ки ҷиҳати хотима бахшидан ба ин иқдомҳои ғайриинсонӣ ба Исроил фишор оварад.
Ҷанбаи дигари мавзуъи суханрониҳо ба рафтори роҳбарияти Исроил барои интиқод кардан аз Созмони Милали Муттаҳид ва Дабири кулли он Антониу Гутерриш алоқаманд буд, ки дохил шудан ба қаламрави Фаластин ва фаъолияти мунтазам бурдани комиссияҳои байналмилалӣ, узви Дафтари Комиссари Олӣ барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва гузоришгарони вижаро мамнуъ кардааст.
Рӯзи 11 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию мусалмонӣ суханронии пурмуҳтаво карданд. Нахуст Пешвои миллат ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш изҳори сипос карда, ин чорабиниро барои баррасии вазъи хатарнок дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд ва изҳор доштанд: “Шиддат гирифтани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин, печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”. Аз ҷониби дигар, таъкид карда шуд, ки аз оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна саъю талошҳо барои расидан ба мусолиҳа бенатиҷа боқӣ мондаанд. Дар ин росто, Роҳбари давлат таъкид карданд, ки “мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал, ҳал намоянд”. Аз ин мавқеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломиро барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд. Ин иқдомҳо барои пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна омили муҳим дониста шуд.
Имконпазир будани ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин чунин баён гардид: “Тоҷикистон аз таъсиси давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”. Ба андешаи Президенти кишвар, танҳо тавассути риояи талаботи ҳамин қатъномаҳо мардуми Фаластин метавонанд ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ ормонҳои миллии худро амалӣ намоянд. Дар ин замина, оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ доир ба ҳалли мунсифонаи қазияи Фаластин муҳим арзёбӣ гардид. Вале дар марҳалаи кунунӣ аз ҷониби кишварҳои узви Созмон расонидани кумакҳои лозима, бахусус маводи ғизоӣ амри таъхирнопазир ва зарурӣ дониста мешавад, ки бояд дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шаванд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон барои дастгирии мардуми Фаластин ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳиссаи худро хоҳад гузошт.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат бори дигар дар хусуси пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуда, баён намуданд, ки он «ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилиҳои ҷаҳонро дорад». Воқеан, қабул гардидани қатъномаи махсус дар сатҳи ин созмони бонуфуз як абзори муҳиммеро муҳайё карда метавонад, ки падидаҳои монанд, ба мисли даргириҳои хунин дар навори Ғазза пешгирӣ гардад ва роҳи сулҳомези ҳалли чунин мушкилот ба даст ояд. Аз ҷониби дигар, қабул гардидани қатъномаи махсус дар сатҳи СММ барои татбиқи васеи модели сулҳи тоҷикон заминаҳои устувор фароҳам месозад. Аз ин нигоҳ, тарғиби ҳамаҷонибаи ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат барои муаррифии фарҳанги куҳани давлатдорӣ, ойини мудорои миллӣ ва таҳамммулгароии мазҳабии тоҷикон дар сатҳи масъалагузориҳои байналмилалӣ аз аҳаммияти ниҳоят муҳим бархӯрдор хоҳад буд. Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат изҳори боварӣ карданд, ки «натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои таҳрикомез, ки метавонанд кишварҳои минтақаро ба доми оташ кашанд, мусоидат хоҳад кард».
Қобили тазаккур аст, ки дар ҷаласаи пленарии ин Ҳамоиш асосан роҳбарони кишварҳое суханронӣ карданд, ки аз ҳамлаҳои низомии давлати Исроил ҷабр диданд ё дар ҳамсоягӣ бо ин кишвар қарор доранд. Дар гузориши валиаҳди Арабистони Саудӣ дар бораи таҳияи мавқеи ягонаи кишварҳои узви созмон ҷиҳати боздоштани амалиёти таҷовузкоронаи Исроил дар навори Ғазза ва қисми ҷанубии Лубнон, фишор овардан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии амалиётҳои хунини давомдор, роҳҳои ҳифзи аҳолии осоишта, ба ҷойҳои бехатар баровардани мардуми Фаластин ва Лубнон, ки мавриди ҳамлаҳои доимии неруҳои ҳавоии Исроил қарор доранд, масъалагузориҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Дар суханронии Котиби генералии Лигаи Давлатҳои Араб Аҳмад Абуғайз таъкид гардид, ки қаламрави давлати Фаластин дар асоси қарори СММ аз 4 июни соли 1967 бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ барқарор карда шавад ва танҳо ҳамин иқдом метавонад оромии деринтизорро дар минтақа устувор кунад. Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо низ гуфтаҳои болоро дастгирӣ намуд.
Сипас дар гузориши роҳбари давлати Фаластин Маҳмуд Аббос баён гардид, ки ҷудо кардани навори Ғазза аз Фаластин ва соҳили ғарбии дарёи Урдун барои мардуми Фаластин ва минтақа иқдоми ҳалокатбор ва нобахшиданӣ аст. Президенти Ҷумҳурии Миср қотеъона талаб кард, ки ба наслкушии мардуми Фаластин, пеш аз ҳама, аз тариқи эълони оташбас хотима дода шавад. Аммо дар суханронии Президенти Туркия Эрдуғон рақамҳои ташвишовар садо доданд. Аз оғози харобкориҳо дар навори Ғазза 50000 фаластинӣ кушта ва 200000 маҷруҳ шудаанд, ки 70% онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ӯ ҳамчунин, мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтани ҳадафҳои низомӣ дар қаламрави Эронро маҳкум карда, даъват намуд, ки оташбас эълон гардад ва бо ҳар роҳу усул Исроил барои эътирофи ду давлат маҷбур карда шавад. Таъкид гардид, ки то имрӯз Туркия ба аҳолии навори Ғазза 84500 тонна хӯрокворӣ ва дигар маводи зарурӣ ирсол намудааст ва дар ҳолати кушодани роҳҳо ин иқдом идома хоҳад ёфт. Сарвазири Лубнон Наҷиб Миқотӣ бо таассуф зикр намуд, ки неруҳои низомии Исроил ҷангро ба қисми ҷанубии қаламрави Лубнон интиқол доданд, ки ин боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои ношуниданӣ дар кишвар гардидааст. То ҳол тибқи маълумоти оморӣ 3200 нафар кушта ва 40000 нафар маҷруҳ шудаанд. Илова бар ин, 2,2 млн нафар гуреза шуда, ба иқтисодиёти Лубнон 8,5 миллиард зиён расидааст. Президенти Сурия Башшор Асад аз хатарнок будани нақшаҳои давлати Исроил дарак дода, зикр кард, ки фаъолнокии неруҳои низомии ин кишвар дар минтақаи забтшудаи баландиҳои Ҷӯлони Сурия низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, давлатҳои узви созмонро зарур аст, дар ҷавоби ҳамлаҳои ҳалокатбори Исроил дар заминаи муттаҳидии умумӣ «аз қавл ба амал» гузаранд.
Дар баёнияи ҷамъбастии Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки дар кори он сарони беш аз 50 давлат ва ҳукумати кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ширкат доштанд, муқаррароти зерин изҳор гардиданд:
– роҳбарони кишварҳои арабию исломӣ дар фурсати наздиктарин мавқеъи ягонаро барои боздоштани ҳамлаҳои низомии Исроил дар навори Ғазза ва минтақаи ҷанубии Лубнон таҳия намоянд;
– изҳороти ниҳоии ҳамоиши Риёз аз хатари тавсеаи минтақаи ҷангӣ нигаронӣ менамояд ва аз паёмадҳои харобовари он барои минтақа ва ҷаҳон ҳушдор медиҳад. Аз ин ҷиҳат, идомаи муқовимат бар зидди таҷовузи Исроил дар навори Ғазза ва Лубнонро дубора эълом медорад;
– дар ин баёния ҳамчунин, таъкид шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи паёмадҳои рафтори ҷангҷӯёнаи Исроил нисбат ба мардуми осоишта дар Ғазза ва Лубнон ва хотима додан ба “нақзи ҷиддии Исроил дар робита ба қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона” чораҳои таъхирнопазир андешад;
– идома ёфтани чунин вазъият дар ояндаи наздик метавонад ба соҳибихтиёрии Ироқ, Сурия ва Эрон низ хатарҳои ҷиддӣ ворид намояд;
– ин ҳамоиш ҷаҳониёнро аз нигаронӣ ва хашму ғазаби кишварҳои арабию мусулмонӣ вобаста ба вазъи хатарнок дар минтақаи Ховари Миёна огоҳ карда, бори дигар дарак медиҳад, ки ягона роҳи расидан ба сулҳи пойдор эътироф кардани қарори дахлдор доир ба ҳалли бунёди ду давлат – Исроил ва Фаластин аст. Ба ҷуз ин воқеит роҳи ҳалли дигаре вуҷуд надорад;
– барои расидан ба ин ҳадаф шарти асосӣ баровардани нерӯҳои низомии Исроил аз тамоми сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин ба ҳолати то соли 1967, эътирофи таъсиси давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва дахлнопазирии Масҷиди ал-Ақсо ва дигар ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Байтулмуқаддас зери сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад.
Дар ҳолати кунунӣ сифатан баланд бардоштани нақш ва нуфузи СММ ва Шурои Амният дар ҳалли муноқишаи тулонии арабу Исроил, масъалаи қатъ кардани амалиёти ҷангӣ, таъмини долонҳои бехатарии башардӯстона ва дарёфти оғози музокироти сулҳ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошанд.
Баротзода Файзулло,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон