Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28–уми декабри соли 2023 ироа гардид. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз санадҳои муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самтҳои фаъолияти давлатдории миллӣ буда, як силсила масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Моҳияти Паёми имсола дар муқоиса ба дигар паёмҳо фарогир ва дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таҳаввулофар буд.

Маҷмуи вазифагузориҳо ифодаи равшани таҳлили амиқи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, бо барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо рушди устувори ҷомеаи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон равона намудааст.

Дар заминаи тағйирёбанда ва пегӯйинашаванда будани равандҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияту суботи кишвар, пешгирӣ аз таҳдиду хатари эҳтимолӣ, террористӣ ва экстремистӣ, инчунин, пайгирии шиддатёбии буҳрони молиявию иқтисодӣ ва иқлимро дар мадди аввал гузоштанд.

Баҳри иҷро ва амалӣ гардидани нуктаҳои Паём васоити ахбори омма шабакаю расонаҳои дохилию берунӣ назари ҳар як олиму коршиносро доир ба ҳар як банду басти он гирифта мустақиман шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ба минтақаҳои кишвар сафар намуда, нуктаҳои асосии онро ба мардум шарҳ медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ҳама нуктаи муҳиммро нисбати фаъолияти Ҳукумати кишвар вазорату кумита, сохторҳои низомию қудратӣ ва ба мардуми шарифи кишвар чунин таъкид ва вазифагузорӣ кардаанд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем”.

Бо дарназардошти мураккаб гардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард” шиддатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба монанди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ иброз гардид, ки чунин шакл гирифтани вазъи мавҷуда “моро водор месозад, барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Агар шарҳи нуктаҳои муҳимми Паём якчанд масъалаҳои тақдирсози ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта бошад, яке аз нуктаи муҳимми он ба “Афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, шинохти онҳо, пешгирӣ ва роҳу усулҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар пояи экстремизм–терроризм нигаронида шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси тахрибкори ҷиноятпеша бо истифода аз пойгоҳҳои пуриқтидори иттилоотӣ ба тарзи сунъӣ офаридашуда, барои ангехтани низоъ, бадномсозию тафриқаи кишварҳои минтақа расонаӣ мегарданд. Мо дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза ҳадафи барномаҳои ғаразноки гурӯҳҳои хеле гуногуни хатарзоро дар пояи таблиғи хурофоту ҷаҳолат ангехтани низои қавмию мазҳабӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон шоҳид ҳастем, ки чӣ гуна кишварҳоро харобу мардумашро парешон карда, ба таназзулу ақибмонӣ гирифтор кардаанд.

Вобаста ба тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ба масъалаи фароҳам овардани шароити беҳтарини зиндагию хизмати хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии афсарону сарбозон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан, зарур мебошад.

Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла, доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод”. Инчунин, дар робита ба масъалаҳои болозикр таъкид намуданд, ки “ҳадафи мо аз навсозии икониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад”. Таъкид гардид, ки роҳбарону фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии оиномаҳои сафороии ҳарбӣ, тартибу низом ва таъмини волоияти қонунҳо эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.

Саҳм гузоштан дар иҷрои ҳар як нуктаи Паём – ҳисси ватандӯстии ҳар яки моро ба Ватани худ ва сидқан вафодор буданро нишон медиҳад. Инчунин, барои ба даст овардани бузургтарин неъматҳои инсонӣ, бунёдкориву созандагӣ, замина гузоштан ба пояҳои рушди дурнамои давлатдорӣ ҳидоят менамояд.

Вазифагузории Ҳукумати кишвар ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҳар як шаҳрвандро уҳдадор менамояд, ки манфиатҳои давлату миллат, ҳимояи арзишҳои миллиро доимӣ ба инобат гирифта, ҳамчун гаҳвараки чашм муҳофизату арҷгузорӣ намоянд. Дар ин самт ҳар як фарди кишвар вазифадор аст ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ будани худро нишон диҳад.

Тибқи маълумот раванди вазъи нави геополитикии ҷаҳонӣ ба иқтидори таъмини амнияти миллӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири назаррас дошта, минтақа бо таҳдиду чолишҳои гуногун рӯбарӯ мебошад.

Аз ин рӯ, донистани як қатор таҳдиду чолишҳои эҳтимолӣ, ки ба амнияти миллӣ ва минтақавии таъсири манфӣ мерасонанд, зарур мебошад.

 Якум, ин афзоиши рақобати абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар оянда метавонад боиси рух додани низоъ ва бархӯрд дар дилхоҳ минтақа гарданд. Муборизаҳои шаддид барои бартарияти геополитикӣ метавонад боиси афзоиши хароҷоти соҳаи низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, таҳкими пойгоҳҳои низомӣ ва ҳузури субъектҳои хориҷӣ гардад, ки он ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдидҳои эҳтимолиро эҷод хоҳад кард.

 Дуюм, таҳдидҳое, ки ба тақсимоти захираҳои табиӣ алоқаи зич доранд. Аз рӯи маълумотҳо Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои захираҳои гуногуни табиӣ, ба монанди захираҳои энергетикӣ, кону маъданҳои гуногуни стратегии ғанӣ доранд. Айни замон рақобати онҳо барои дастрасии бештар ба ин манобеъ метавонад, боиси ташаннуҷ ва низоъ дар минтақа гардида, ба амнияти миллӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсии минтақа таъсири манфӣ расонад.

 Сеюм. Таҳдиду хатарҳои беруна ва баъзе омилҳои таъсирасон метавонанд ба амнияти кишвар аз ҷониби бозингарони муносибатҳои байналмилалӣ таҳдид кунанд. Ин таҳдидҳо метавонанд ба шаклҳои гуногун, ба монанди ҳамлаҳои низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, киберӣ ва ғайра ба амал оянд. Аз ҷумла:.

–Таҳдидҳои ҳарбӣ таҷовузи ҳарбӣ, таҳдиди истифодаи қувва, низоъҳо дар марзҳо ё таҳияи барномаҳои ҳарбиро дар бар мегиранд, ки метавонанд амнияти миллиро халалдор намояд.

–Таҳдидҳои сиёсӣ бошад ба шакли дахолат ба корҳои дохилии давлат, вайрон намудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ғайра иборат мебошанд.

–Таҳдидҳои иқтисодӣ низ вуҷуд доранд, ки метавонанд муҳосираи иқтисодӣ, таҳримҳо, назорати захираҳо ё ҳамлаҳои тахминӣ ба инфрасохтори асъор ё иқтисодиро дар бар гиранд.

–Таҳдидҳои киберӣ, яъне ҳамлаҳои хакерӣ, ҷосусии киберӣ, терроризми киберӣ ё киберҷиноятро дар бар мегиранд, ки метавонанд инфрасохтори муҳими иттилоотӣ ва амнияти миллиро зери хатар гузоранд.

–Таҳдидҳо дар шакли истифода гардидани амалҳои террористӣ бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдиди зӯроварӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, таблиғи динӣ ё идеологӣ вуҷуд доранд.

Омӯзиши раванди сиёсӣ ва пешгӯйиҳои коршиносон дар ин самт ҳушдор медиҳанд, ки вазъият дар кишвари ҳамсарҳади мо Афғонистон ҳамоно мураккабу печида, бе ягон мавқеи муайяни давлатдорӣ боқӣ монда истодааст. Дар асоси ҷонок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин масъала метавонад мардуми кишвар аз моҳияту хатари ҷойдоштани гурўҳҳои ифротии террористӣ огаҳии пурра пайдо намоянд.

Дар маҷмуъ, кӯшишҳои доимии Ҳукумати кишвар ва мақомоти қудратӣ бо дастгирии аҳли ҷомеа натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Яъне дарк намудани моҳияту хатари гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳаёти фарҳангии мардум, қишри ҷавонон, яке аз вазифаҳои бениҳоят муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосӣ ба он равона мегардад, ки вазъи пешомадаро ба омма фаҳмонидан зарур аст, ки хатари ҷойдошта, таъсирасонии гурӯҳҳои ифротии хурофотпараст дар пояҳои динию мазҳаби чӣ оқибатҳоро дар пай доранд. Пайдо кардани маълумот дар бораи хатари гурӯҳҳои ифротӣ, мавқеи ҳар як шаҳрвандро дар муқобили ин зуҳуроти хатарзо омода менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот, навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин гарданд ва ба баланд бардоштани сатҳи касбиву омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

САИДХОҶА Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед