Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар давру замон мақом ва манзалати занону бонувони тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи бештар қарор гирифтааст. Бахусус, дар шароити Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувони тоҷик мавқеи хосса пайдо намудааст.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҳанӯз 7-уми марти соли 2001 дар суханронии худ бахшида ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон – 8 март таъкид намуда буданд, ки: – “Моро имрӯз ҳам лозим аст, ки бо тамоми роҳҳо барои рушду нумӯи дониш ва малакаи занони соҳибистеъдод, занҳое, ки аз уҳдаи ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои рӯзгори мо баромада метавонанд, шароити мусоид фароҳам оварем. Зеро бе иштироки занҳои ташаббускору ғайратманд, маслиҳатҳои муфиди модарони рӯзгордида гумон аст, ки мо ба орзуҳои неки хеш бирасем ва барои насли оянда зиндагии осудаву ободро муҳайё созем.”
Имрӯз дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани мавқеи занону бонувон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар самти сиёсати давлату ҳукумат дар бахши занон дастгирии занону бонувон хеле назаррас мебошад. Ин аст, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар саҳми занону бонувон хеле назаррас эҳсос гардида, иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт мушоҳида мегардад.
Маҳз қадрдонию дастгириҳои бевоситаи Сарвари кишвар занону бонувони моро водор намудааст, ки дар баробари бар зимма доштани вазифаи пурмасъулият дар оила ҳамчун Зан–Модар дар ҳаёти ҷомеа низ саҳми худро гузоранд. Аз ин рӯ, дарк намудани қадру қимати занону бонувон ва бузургдошти рисолати онҳо вазифаи ҳар як нафари баору номус мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баробари аҷдодии бузурги гузаштаи мо Пешвои миллат доир ба нақши бузурги занону бонувони тоҷик ёдовар шуда, дар тамоми суханрониҳои хеш рисолати занону бонувони тоҷикро дар сатҳи баланд мебардоранд. Ин аст, ки рӯзи 8-уми март аз соли 2009 минбаъд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.
Сарвари кишвар дар симои занону бонувони тоҷик модари мушфиқу дилсӯз, мураббии ҳаёт, гармию рӯшноии зиндагӣ ва шахси фарҳангсозу тарбиятгарро таҷассум намуда, дар суханрониҳои худ чунин қайд менамоянд: “… дар ҳамаи икдомот ва дастовардҳои таърихӣ хизмати модарон ва хоҳаронамон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”.
Дар суханронии дигари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар чунин қайд менамоянд, ки: – “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
Ҳамзамон, қайд намудаанд, ки: – “Бузургтарин ҳадафе, ки имрӯз дар назди мо қарор дорад, сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад. Вобаста ба ин, мо бояд амиқ дарк намоем, ки бе ширкати фаъолонаи занон расидан ба ин ҳадафи бузург мушкил аст. Зеро ба уҳдаи Зан–Модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок – тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст”.
Дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2013, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: – “Боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин, дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад”.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар доир ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шудааст. Аз ҷумла, “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017–2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва дигар санадҳои гуногуни соҳавӣ, ки имрӯз барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занони мо дар соҳаҳои гуногун равона гардидаанд. Албатта, ҳамаи ин на фақат барои дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи занон мусоидат намудааст, балки занҳо дар ҳамаи самтҳои кори илмӣ–таҳқиқотӣ ва ғайра низ қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҷиҳати дастгирии занону бонувон Сарвари кишвар доимо дар Паёмҳои хеш масъалаҳои вобаста ба занонро баррасӣ намуда, ба идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, 26 январи соли 2021 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат ин масъаларо баррасӣ намуда, таъкид карда буданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд”. Айни замон Стратегияи мазкур қабул гардида, ҷиҳати самаранок тадбиқ намудани он аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида мешавад.
Яке аз иқдомҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат барои дастгириҳои занону духтарон пешниҳод гардидааст, ин таъсиси квотаҳои президентӣ мебошад. Вобаста ба ин, фазои таҳсилотии кишвар нишон медиҳад, ки имрӯз дар байни аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар байни ҷавондухтарон нуфузи таҳсилот баланд рафта, аксари волидон, новобаста аз сатҳи пасти зиндагиашон, мехоҳанд фарзандони худро барои дониш омӯхтан раҳнамоӣ намоянд. Бахусус, дар шароити деҳот аксари наврасону ҷавонон мехоҳанд дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ таҳсили худро идома диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон мушкилоти зиёд вуҷуд дошт, ки дар натиҷа ҷавондухтарони мо аз таҳсил дур мемонданд. Тибқи таҳлилҳои коршиносон дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз шумораи умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 49,7%-ро духтарон ташкил медоданд. Вале дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвари мо мушкилиҳои сиёсию иқтисодиро аз сар гузаронид, фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ хеле коҳиш ёфта буд.
Айни замон бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Сарвари давлат сатҳи фарогирии духтарон ба таҳсил хеле боло рафта, ҳатто дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, балки берун аз он таҳсили худро идома диҳанд ва соҳиби ягон касбу кори муайян гарданд.
Дар солҳои таҳсили 1996–1997, ки шумораи умумии донишҷӯён 76 ҳазор нафарро ташкил медод, аз он ҳамагӣ 19,6 ҳазор нафар ё 25,8% духтарон таҳсил мекарданд. Дар давоми 30 соли Истиқлоли кишвар, ки ҳамагӣ 41 адад муассисаи таҳсилоти олии касбӣ якҷоя бо филиалҳои худ фаъолият менамояд, шумораи умумии донишҷӯён дар онҳо беш аз 245,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо беш аз 87 ҳазор нафар ё худ беш аз 35 фоизро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омода намудани мутахассисон тибқи квотаи президентӣ аз соли таҳсили 1997–1998 оғоз гардида, асосан духтарони ноҳияҳои дурдастро дар бар мегирифт. Баъдан ин имтиёз барои писарон низ муқаррар гардид, ки онҳо ба муассисаҳои гуногуни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бидуни супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Қариб бисту панҷ сол мешавад, ки қабули довталабон ба ин муассисаҳои таҳсилотӣ дар ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин муддат ҳазорон мутахассис аз ҳисоби занону духтарон донишкадаю донишгоҳҳоро хатм намуда, барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм гузошта истодаанд.
Бояд таъкид кард, ки ҳамасола беш аз 1000 ҷой барои қабули довталабон, ҳам аз ҳисоби ҷавондухтарон ва ҳам аз ҳисоби ҷавонписарон квотаи президентӣ ҷудо мегардад. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми кишвар, мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2022–2023 1285 ҷой ҷудо гардидааст, ки аз он 661 ҷой барои ҷавондухтарон пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, таърих нишон медиҳад, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо қобилияту тавоноии хеш ва таҳқиқоти гуногуни илмии худ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд. Онҳо новобаста аз мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ паси сар намудаанд, саҳми худро дар рушди илмҳои гуногун хеле назаррас нишон додаанд.
Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки дар кишвари мо ягон соҳае дар самти илму маориф нест, ки дар он саҳми занону бонувон мушоҳида нагардад. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, рушди илм ва иштироки занҳои олим дар он рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Занону бонувони кишвар дар рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла, илмҳои гуманитарӣ, сиёсӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, илмҳои дақиқ ва бисёр дигар соҳаҳо кору фаъолият намуда, корҳои илми таҳқиқотиро анҷом медиҳанд. Доир ба ин мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки занҳои мо бевосита саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва рушди илми тоҷик таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдоми нек аст, зеро бо таъсис додани ин ниҳод, имрӯз сафи занону бонувон дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ хеле зиёд гардидааст. Тибқи ҳисоботи омории соҳаи маориф соли таҳсили 2021–2022 шумораи умумии занону бонувони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ дар кишвар 1084 нафарро ташкил медоданд, ки аз он 127 нафар докторони илм ва 957 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Ҳамин тавр, боиси хушнудист, ки имрӯз занону бонувони мо, ки дар баробари мардон бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд, нигоҳ накарда, боз дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат менамоянд ва бо ин амали неки худ ба воя расонидани насли солиму бомаърифат, ки ояндаи кишвар аз онҳо вобаста мебошад, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Назирова М.Н.,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ,
раиси Шурои занон ва духтарони
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон