Тавре, ки маълум аст имсол аз қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар 30 сол сипари мегардад». Яъне, 30 сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки то расидан ба ин рӯзгори осуда ва суботу оромии имрӯза мо марҳалаи басо пурталотуми таърихи навтарини худ ва роҳи пур аз хавфу хатарро паси сар намудем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали соҳибистиқлоли сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.
Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем. Муҳимтарин сабақро дар он метавон арзёбӣ намуд, ки мардуми кишвар хуб дарк намуданд, ки таъмини рушди ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа ва зиндагии шоста танҳо дар сурате метавонад амалӣ гардад, ки агар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукумфармо бошад.
Тавре, ки болотар гуфта гузаштем, баъди касби истиқлол, кишвари мо ба мушкилоти ҷиддӣ, яъне бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Яъне, аёми гузариш барои давлати навини мо, бисёр ҳам сахту сангин ва мушкил буд. Чунки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқи модию молиявӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ гардид. илова бар ин, фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.
Чунин вазъи фалокатбор ва харобиовари дохилӣ аз рӯйи омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кушта барҷой гузошта, дар маҷмӯъ зиёда аз 10 миллиард доллар ба мамлакат хисороти молӣявӣ ворид намуд, ки рақам нисбат ба буҷети соли 1995 ки ҳамагӣ 95 миллион долларро ташкил мекард зиёд аст. Илова бар ин, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд. Инчунин, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд, ки ин аз ҷумлаи бузургтарини даҳшати ҷанг ба ҳисоб мерафат.
Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлат ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд.
Ҳамин тавр, ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид.
Масалан, дар давраи солҳои 1991-1996 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тақрибан 68 дарсад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 53 ва маҳсулоти саноати бошад, 66 дарсад таназул ва коҳиш ёфта буд. Бар зами ин, қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маводи хӯрокворӣ ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум намерасид ва мардумро хатари гуруснагӣ таҳдид мекардад.
Дар ин давра, агар сатҳи поёнравии миёнасолонаи ММД-и воқеӣ дар қаламрави ИДМ ба ҳисоби миёна 9 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар иқтисодиёти кишвари мо ба 25 фоиз баробар буд.
Ин вазъ, андешидани тадбирҳои муассир ҳамзамон, таҳияву татбқи қонун ва стратегияву барномаҳои мушаххаси давлатие, ки ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат мекунанд, талаб менамуд.
Дар ин замина, мсъалаҳои таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои фалаҷгардида, манзилҳои зист ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоргашта таввасути амалӣ намудани ислоҳоти куллии иқтисодӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои фаврӣ ва аввалиндараҷа, ба ҳисоб мерафт.
Албата дар чунин шароит, аз ҷумла барқарор намудани инфрасохтори иқтисодию-иҷтимоӣ фалаҷгардида кори асло осон набуд ва ҳар як шахс низ наметавонист ин корро анҷом диҳад. Вале, мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат ҳануз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аниқтараш соли 1996 дар яке аз суханрониҳои худ чунин изҳор намуда буданд: «Ислоҳоти куллии иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳи бебозгaшт аст». Дар ин масир, ба Пешвои муаззами миллат муяссар гашт, ки чунин бори вазнинро ба душ гирад ва дар ин замина, бахшҳои воқеии иқтисодиётро эҳё намояд ва кишвари моро аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ наҷот диҳад.
Дар ин раванд, Пешвои миллат бо сиёсати дурбинона ва стратегии худ ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ҳамчун вазифаи фаврӣ ва аввалиндаҷа ба миён гузошт, ки онҳоро маҷмӯан ба се марҳалаи асоси ҷудо кардан мумкин аст:
Марҳалаи якум, таъмини фаврии мардум бо маводи ғизоӣ, сарпаноҳ ва эҳтиёҷоти аввалия. Бояд зикр намуд, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ баъзе минтақаҳои кишвар бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, дар минтақаҳои дигари кишвар низ таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар пойтахти кишвар мардум рӯзҳои дароз барои нон навбат меистоданд.
Яке аз иқдомҳои асоси ва саривақтии Пешвои муаззами миллат вобаста ба ҳалли масоили ҷойдошта ва пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, ин дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба тавсиб расонидани ду фармони Президент доир ба ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ мебошад. Ҳоло мардуми деҳот ин заминҳоро ҳамчун «заминҳои президентӣ» хуб дар ёд доранд ва ном мебранд. Ин иқдом ва талоши Пешвои муаззами миллат дар таъмин аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва наҷот додани мардум аз хатари гуруснагӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Ҳамн тавр, тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ қабул гардиданд, ки дар натиҷаи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Марҳалаи дуюм, раҳоии мардум аз вартаи камбағалию камбизоатӣ. Ҳаллу фасли ин масъала низ, таҳия ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ бо муайян намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар маҷмӯъ ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳоро тақозо мекард.
Авалин санаде, ки дар ин самт таҳия ва қабул гардид, ин Барномаи барқарорсозии баъди ҷанги дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ин тадбир имкон дод, ки дар кишвар ислоҳоти куллии сиёсиву иқтисодӣ оғоз гардад ва мамалакат ба марҳалаи руш қадам гузорад.
Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.
Дар ин раванд, таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.
Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра бошад, аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.
Дар ин давра, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуданд, ки дар натиҷаи он ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997-ум 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.
Дар давраи таҳлилӣ вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус, семент ва бисёр намудҳои маводи ғизоӣ бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шуд.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар ба маблағи умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст.
Ҳамин тавр, тадбирҳои андешуда ва тадбиқи вазифаву афзалиятҳо муфйянгардида таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муззами миллат имкон фароҳам овард, ки , сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуда шавад. Дар назар аст, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 ба 15 дарсад расонида шавад.
Марҳалаи сеюм, ба амал баровардани ислоҳоти куллии иқтисоди буд, ки муҳимтарин бахши он гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва дар ин замина, ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб мерафт.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рузҳои аввали соҳибистиқлоли гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккул додани муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон гардида, ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам оварда шуд.
Дар ин раванд, бо азму талошҳои пайваста ва бо дарки баланди масъулиятшиносии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идораи иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтори нави ҳукумат ташкил карда гардида, дар ин замина, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои иқтисоди бозориро танзим ва равандҳои ислоҳотро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамоянд, таҳия, қабул ва амалӣ гардиданд.
Аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, ин таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» дар соли 1997 мебошад.
Дар натиҷаи тадбиқи қонуни мазкур иншоотҳои зиёди хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт. Бояд зикр намуд, ки маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси таъмини рушди иқтисодиёт гардид.
Дар ин давра, бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ 5 маротиба Кодекси андоз дар таҳрир нав таҳия ва қабул гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт ва соли 2000-ум пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд.
Бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилотҳои қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд.
Бо дар назардошти он, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ рушди босуботи иқтисодиётро танҳо таввасути ҷалби ҳарчи бештари сармоя таъмин кардан имконпазир аст. Бинобар ин, аз рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои ҷалби сармояи дохили ва хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тавваҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт як зумра ислоҳотҳои муҳим ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ амалӣ карда шуданд.
Бо мақсади боз ҳам мусоид намудани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ такмил ёфта, дар ин самт як қатор сабукиҳои андозӣ ҷорӣ гардиданд.
Дар ин масир бо ташабуси Пешвои миллат таъсисӣ Шуроӣ машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин таъсиси Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар заминаи он бо қарори ҳукумати кишвар бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Илова бар ин, дар бист соли охир, яъне аз соли 2001 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 59 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ҳоло 70 фоизи ММД аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 1998 тақрибан, 2,5 маротиба зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳоло қариб 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 68 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол (шуғли аҳолӣ) низ аз ҳисоби ин бахши муҳими таъмин мегардад.
Дар ин давра, Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид, ки ин як астоварди бузургу беназир аст.
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо таҳти роҳбари ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида бахши иқтисодиёти мамлакат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовард ва комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса кардан мумкин аст:
- Таъмини сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ва маҳз дар ҳамин асос гузоштани заминанаи воқӣ ба рушди иқтисодии кишвар;
- Ба муомилот баровардани асъори миллӣ ва ташкили низоми муосири молиявию бонкӣ;
- Шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;
- Ҷорӣ гардидани шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ;
- Ташкили 5 МОИ ва 2142 адад корхонаи саноатӣ (1991-358 2020 2500 адад) ва ва бунёди даҳо корхонаҳои муштарак;
- Ҷалби беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонии сармояи мустақим ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар (2021-2021);
- Тахминан, 97 маротиба афзудани қисмати даромади буҷети давлатӣ;
- Тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ;
- Чор маротиба шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ;
- Танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар ба маблағи умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст;
- Фароҳам гардида заминаи воқеӣ оид ба коҳиш додани вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус, семент ва бисёр намудҳои маводи ғизоӣ бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ;
- Беш аз 40 маротиба зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ;
- Тадбиқи иқдомҳои глобалӣ дар соҳаи об – эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”;
- Сохта, ба истифода додани Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2», ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта, ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад;
- Ба 21 миллиард киловатт – соат расонидани истеҳсоли нерӯи барқ, ки ин нисбат ба соли 1991 беш 4 миллиард киловатт – соат зиёд мебошан;
- Ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз»;
- Тибқи арзёбиҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози дастрасӣ ба қувваи барқ.
- Бунёди зиёда аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар дошта дар доираи. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст;
- Таъмин суботи макроиқтисодӣ ва дар ин замина аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзудани даромади пулии аҳолӣ;
- Коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019;
- То 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон дар кишвар гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар солҳои аввали истиқлолият ба 67,6 сол баробар буд.
Хулоса агар мо дар иртибот ба дастовардҳои рушди иқтисодии кишваро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа соатҳо ҳарф занем кам аст.
Умуман, ҳар касе, чи мутахассис ва чи шаҳрванди оддӣ, вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро натанҳо бо солҳои мудҳиши 90– балки ҳатто бо 10 ё 5 соли пештар боинсофона муқоиса намояд, бидуни шакку шубҳа, эътироф хоҳад кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат марҳалаи барқарориро пурра гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Акнун чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бунёдӣ мебошад.
Одинаев Амин Иброҳимович,
сардори Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон