Яке аз бахшҳои муҳимми дигари такондиҳандаи рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Кишоварзӣ на танҳо манбаи асосии истеҳсоли озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба шумор меравад, балки барои пешрафти иқтисодиёти кишвар замина гузошта ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати таъмири рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастрас гардонидани замин ба кишоварзон, инчунин, мутобиқ кардани истифодаи он ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ ва як қатор стратегияву барномаҳоро вобаста ба ислоҳоти замин ва бахши аграрӣ таҳия, қабул ва дар амал тадбиқ намуд.
Авалин қадаме, ки дар ин самт гузошта шуд, таҳия ва қабули Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин дар соли 1992 мебошад, ки мақсади аввалиндараҷаи он фароҳам овардани шароит барои ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни моликият ва шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ қадамқои устувор гузошта шаванд.
Дар ин раванд, ҷиҳати гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, татбиқи ислоҳоти замин ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи худӣ солҳои 1995 – 1997 ду фармони Президент доир ба ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ба тасвиб расиданд, ки ин иқдомот аз тарафи аҳолӣ хуш пазируфта шуда, боиси аз байн бурдани хатари камҳосилӣ ва тадриҷан афзоиш пайдо кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ гардиданд.
Ҳукумати кишвар тавассути ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишварзӣ шароит муҳайё намуд.
Барои марҳала ба марҳала гузаронидани ислоҳоти замин мутобиқи фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар маҷмӯъ сохтори 728 хоҷагии кишоварзӣ таҷдид гардида, дар заминаи онҳо қариб 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд.
Дар натиҷа, ҳоло (2020) шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун соҳибкори инфродӣ дар бахши аграрӣ 161372 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар соли 1992 ҳамагӣ ба 31 адад баробар буд.
Татбиқи ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагии кишоварзӣ дар маҷмӯъ, ба рушди соҳаҳҳои кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва коркарди ашёи хом татбиқ гардидани барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли аксари намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.
Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.
Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.
Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 дарсад зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.
Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.
Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.
Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.
Аммо бо вуҷуди дастовардҳои мавҷуда, Пешвои миллат зимни ирои Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорони бахши кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакатро барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карднд.
Иқдоми мазкур, агар аз як тараф, ба баланд гардидани сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши аграрӣ таъсири мусбат расонад, аз ҷониби дигар, ба истифодаи самараноки заминҳои корам ва захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосил мусоидат хоҳад кард.
Одинаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ