Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як аз самтҳои муҳим, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, ин ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат буд. Дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки давлат барои таъмини устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пайваста силсила тадбирҳоро амалӣ менамояд ва масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат ва давлат қарор дорад. Инчунин музди меҳнати кормандони мақомот ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар 6 соли охир афзоиш ёфтааст. Пешвои миллат ба буҳрони иқтисодии ҷаҳон нигоҳ накарда, барои дастгирии кормандони давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷавӣ, беҳтар кардани шароити иқтисодиионҳо чораҳои зарурӣ андешида, пайваста музди меҳнатро зиёд менамоянд. Барои мисол, музди миёнаи меҳнати ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соли 2013-694,89 сомониро ташкил медод ва ин нишондиҳанда сли 2018 бошад ба 1233,82 сосонӣ расонида шуд.Аз ин бармеояд, ки 6 соли охир музди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 1-1,5 баробар зиёд шудааст (ниг. ҷадвали 1).
Ҷадвали 1
Муди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(сомонӣ)
2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2018 нисбат ба 2013, % | |
Ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ | 694,89 | 816,27 | 878,91 | 962,16 | 1144,19 | 1233,82 | 177,55 |
Дар бахши воқеӣ | 547,59 | 668,84 | 781,78 | 918,86 | 1308,53 | 2007,47 | 366,60 |
Бахши хизматрасонӣ | 775,09 | 889,59 | 924,04 | 980,05 | 1096,93 | 1115,76 | 143,95 |
Тоҷикистон дар рақамҳо (Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2018)
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ – иқтисодии кормандон аз сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ – 15 фоиз музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ин ҳама аз ғамхории Пешвои миллат баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватан шаҳодат медиҳад.
Буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ сол ба сол зиёд мегардад. Агар соли 2013 буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда бошад, соли 2020 он дар ҳаҷми 3,2 миллард пешбинӣ гардидааст, ки 2 баробар зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷаи суғуртавӣ иҷтимоиёти мамлакат пеш рафта истодааст. Пардохти нафақаю ёрдампулӣ аз ҳисоби маблағи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (ниг. чадвали 2).
Ҷадвали 2
Маблағгузорӣ аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
(сомонӣ)
2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2019 нисбат ба 2014, % | |
Ҳамаги дар ҷумҳурӣ | 1735,5 | 1786,6 | 1932,4 | 2244,7 | 2366,4 | 2601,0 | 149,87 |
ВМКБ | 93,4 | 90,6 | 102,3 | 112,9 | 118,5 | 134,9 | 144,43 |
Вилояти Суғд | 509,3 | 566,6 | 586,1 | 694,9 | 729,9 | 795,1 | 156,11 |
Вилояти Хатлон | 603,3 | 587,3 | 635,0 | 756,4 | 791,5 | 864,2 | 143,24 |
шаҳри Душанбе | 191,8 | 197,5 | 219,5 | 245,7 | 262,8 | 287,2 | 149,73 |
НТҶ | 337,7 | 344,6 | 389,5 | 434,8 | 463,7 | 519,6 | 153,86 |
Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2019)
Нишондиҳандаҳои ҷадвали 2 нишон медиҳад, ки маблағгузорӣ аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар 6 соли охир афзудааст.
Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2019 маблағгузорӣ аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2014 – 149,87 % афзуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоии нафақахўронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷўӣ менамояд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирон аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз Паёми Пешвои миллат ба мо маълум аст ки , ҳоло 700 ҳазор нафақахўрон, аз ҷумла, 146 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74000 ятимони таҳти сарпарастии давлат қарор доранд.
Соли 2019 барои муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон аз буҷаи давлат 36 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин ба ҳар як нафар 22600 сомонӣ рост омад. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин қабил муассисаҳо дар давоми даҳ соли охир ба миқдори 3, 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2019 ба шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ба маблағи 102 миллион сомонӣ кумак расонида шудааст.
Расонидани кумакҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва ашхоси эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми тоҷик дар ҳама давраҳо ба табақаи ниёзманди ҷомеа дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомўз нишон додааст. Дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат дар сиёсати ҳукумат аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин кори хайр соҳибкорону тоҷирон низ дар баробари сохторҳои давлатӣ саҳми фаъолона мегузоранд.
Ба мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 сола инчунин дигар гурўҳи маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун « Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, нафақаи онҳо аз 1 сентябри соли 2020 50 фоиз зиёд карда мешавад ва андозаи он ба нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар карда шудааст, баробар карда шавад. Дар натиҷаи ин тадбир вазъи иҷтимоии қариб 30000 нафар беҳтар мегардад.
Ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат пайваста дар таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумат буда дар Паёми навбати Пешвои миллат дар ин самт вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карда шудаанд, ки дар оянда ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва некуахволии халқ мусоидат мекунанд.
Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатнок буда, барномаи кори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Офаридаева Тахмина, Мутахассиси пешбари
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон