Робитаҳои дӯстонаи ҷумҳуриҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд.
Сафоратҳои ҳар ду кишвар миёни марказҳои зеҳнии Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажӯҳиширо барқарор намудаанд, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг аст. Қобили тазаккур аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои бонуфузи зеҳнии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст, ки ин аз таҳким ёфтани робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ ва фарҳангии Ҳиндустон ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои болозикр, рӯзи 20 январи соли 2021 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар доираи дастгирии техникии муассисаҳои таҳлилӣ ва илмӣ ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як маҷмӯа таҷҳизоту афзори компютерӣ ҳадя намуд. Таҷҳизоти номбурдаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Синх тақдим намуд.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зимни суханронӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, махсусан ба ҷаноби Сафир, барои дастгирии техникӣ ва эҳдои таҷҳизот изҳори сипос намуд. Директори Марказ Хуршед Зиёӣ махсусан таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди техникӣ ва амалисозии Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон