ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Мошини Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро савораҳо бо аспҳои ба таври хоси миллӣ ороёфта ҳамроҳӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.