Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ:
Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2035 сомонию 50 дирам бо иловапулӣ барои унвони илмӣ 2646 сомнию 15 дирам;
-талаботи тахассусӣ: унвони илмии соҳаҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаи корҳои илмию ташкилӣ на камтар аз 5 сола, донистани забонҳои хориҷӣ.
Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ
Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2035 сомонию 50 дирам бо иловапулӣ барои унвони илмӣ 2646 сомонию 15 дирам.
-талаботи тахассусӣ: унвони илмии соҳаи иқтисодӣ, таҷрибаи корҳои илмию ташкилии на камтар аз 5 сола, донистани забонҳои хориҷӣ.
Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ
Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1958 сомонию 45 дирам бо иловапулӣ барои унвони илмӣ 2545 сомонию 99 дирам
-талаботи тахассусӣ: унвони илмии соҳаи иқтисодӣ, таҷрибаи корҳои илмию ташкилии на камтар аз 5 сола, донистани забонҳоихориҷӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод
карда мешаванд:
-ариза ба номи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 3 адад акси 4х6);
-шарҳи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-рӯйхати корҳои илмӣ;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотномаи тиббӣ;
-маълумотнома вобаста ба надоштани доғи судӣ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рӯзи эълони мазкур дар муҳлати 15-рӯз аз тарафи шуъбаи кадрҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ89, телефон 223-13-48.