Аҳли кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати даргузашти собиқадори давлативу ҳизбӣ, донишманди тоҷик, доктори илмҳои кишоварзӣ, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҳтулло Назаров андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода, фарзандон, ёру дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслият менамоянд. Хотираи неки устод Наҳтулло Назаров то дергоҳ дар қалби мо боқӣ хоҳад монд. Рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҷлис мешавад.
***
Назаров Наҳтулло Эмомович 20 январи соли 1957 дар ноҳияи Фархор, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи рақами 19 ноҳияро хатм намуд. Солҳои 1975–1977 дар Донишгоҳи аграрии Кубани шаҳри Краснодари Федератсияи Русия таҳсил карда, солҳои 1977–1979 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст.Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси зооинженер хатм кардааст. Солҳои 1983–1993 ба ҳайси омӯзгор, аспирант, муаллими калони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 1992–1995 раиси Кумитаи иттифоқи ҷавонони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ҳамзамон, муовини раиси Созмони ҷавонони шаҳри Душанбе ва солҳои 1995–1997 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳи мазкур, дотсенти кафедра ифои вазифа намуд. Соли 1997 рисолаи илмиро барои дарёфти номзади илмҳои кишоварзӣ дифоъ кард. Аз соли 1997 то соли 2004 ба ҳайси сардори Идораи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, раиси ташкилоти душанбегии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамзамон, дотсенти кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва солҳои 2004–2005 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Солҳои 2000–2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, солҳои 2000–2005 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дуюм, солҳои 2005–2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд. Моҳи июни соли 2010 рисолаи доктори илмҳои кишоварзиро дар шаҳри Бишкеки Чумҳурии Қирғизистон дифоъ намуд. Аз моҳи июли соли 2010 то соли 2017 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ҳамзамон, профессори кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2017–2018 ба ҳайси муовини ректор оид ба инноватсия ва рушди касбияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ректор оид ба корҳои ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ректор оид ба литсей, директори литсей ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии донишкадаи мазкурро ба уҳда дошт. Аз 19 марти соли 2019 то вафоташ дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Рӯзи 17 оятябри соли 2020 қалби мавсуф аз тапидан боз монд.
Наҳтулло Назаров бо Ифтихорномаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардонида шуда, дорои 50 мақолаи илмӣ ва монография дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Аз соли 1999 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиладор ва соҳиби 7 фарзанд буд.