Санаи 16 марти соли 2024 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи Асросгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати вусъати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикороти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба ободонӣ ва кабудизоркунии пойтахти кишвари азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Онҳо дар маъракаи шанбегӣ ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз хазонрезаҳо ва партовҳо тозаю озода намуданд. Инчунин, бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атрофи бинои муассисаи давлатиии мазкур ҳусни наву тоза зам намуданд. Дар маъракаи шанбегӣ ҳайати кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.
Чунин маъракаҳои ҳашари дастаҷамъӣ дар Марказ ҳар рӯзи шанбе баргузор мегарданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон